logo

маориф

ТАҶРИБАОМӮЗӢ. ЧАРО БА ОН МУНОСИБАТ ҶИДДӢ НЕСТ?

Дар донишгоҳҳои таҳсилоти олӣ давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён оғоз гардид. Таҷрибаомӯзӣ ҳамчун қисми асосии ҷараёни таълим барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, ташкилот, корхона, тақвият бахшидан ба малакаи тахассусӣ дар иҷрои корҳои мустақилона мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди мавсимӣ сафарбар намудани донишҷӯён ба истеҳсолот ба корхонаву муассисаҳои кишвар, мутаассифона, дониши назариявӣ ва малакаи касбии онҳо барои фаъол будан дар раванди таҷрибаомӯзӣ ва баъд аз хатми донишгоҳ ба кор шурӯъ кардан, кифоя нест. Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва баҳс миёни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ қарор дорад, донишҷӯён аз бемасъулиятии баъзе аз роҳбарони корхонаҳо ва роҳбарон баръакс аз паст будани сатҳи дониши тахассусии донишҷӯён ва беаҳамиятии онҳо нисбат ба таҷрибаомӯзӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Зоирхон Беков, масъули бахши кредитии Бонки “Эсхатаи” - и Тоҷикистон, аз худ кардани нозукиҳои касб дар рафти таҷрибаомӯзӣ аз малака ва истеъдоди донишҷӯ вобастагии калон дорад. – Агарчи дар вақти таҷрибаомӯзӣ ба корхона танҳо ба хотири пур кардани дафтарчаи таҷрибавӣ меомадем, хатогии маҳз буд. Фикр мекунам, бемасъулиятӣ аз худамон сар задааст. Аммо боз андеша мекунам, ки роҳбари корхона низ ба мо бояд шахси масъулро (роҳбари таҷрибаомӯзӣ дар идора) вобаста мекард, - мегӯяд ӯ.                                   
– Таҷрибаомӯзиро танҳо ба донишҷӯ ҳавола кардан дуруст нест. Тартиби гузарондани таҷрибаи истеҳсолӣ, тахассусӣ ва пешаздипломии толибилмонро бояд муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа таҳти назорати қатъӣ гиранд. Сараввал муовинони ректор оид ба таълим бояд кори шуъбаҳои зертобеъи худро ҷиддӣ назорат баранд, мудирони шуъбаҳо бошанд, муносибати худро нисбат ба фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзӣ барои пешниҳод намудани ҳисоботи дақиқу возеҳ тағйир диҳанд, масъулияти бештар ҳис намоянд. Дар ин самт донишгоҳ чораҳои мушаххас андешида истодааст, - иброз дошт Одиназода Ҳайдар Одина, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ. – Алъон донишҷӯёни донишгоҳ дар соҳаҳои геодезӣ, геологӣ ва меъморӣ аз таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузашта истодаанд. Барои иштироки фаъолонаи онҳо дар таҷрибаомӯзӣ, ки ҳамасола дар фасли гармои тобистон мегузашт, минбаъд дар давраи академӣ, яъне дар раванди таълим ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯйе, ки то оғози сессияи имтиҳонӣ таҷрибаомӯзиро намегузарад, барои доштани қарзи таҷрибавӣ аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешавад. Албатта, тадбирҳои андешидашуда барои тайёр намудани мутахассиси баландихтисос кифоя нест. Мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ, ба мисли тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ, метеорология, стандартизатсия ва сертификатсия, технологияи коркард ва амнияти ғизоӣ, индеграфияи иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ ниёз ба тағйироти ҷиддӣ дар муносибат ба таълим ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дорад, то мутахассисони ҷавон тавонанд ҷойҳои кории муносибро сазовор ишғол кунанд.
Феълан дар донишгоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамоми  шароитҳо муҳайё мебошад.  Утоқҳои махсуси таҷрибавӣ аз рӯйи ихтисос бо таҷҳизот, дастгоҳҳо ва ҳуҷҷатгузории техникию иқтисодӣ, алалхусус, озмоишгоҳҳо ва китобу маводи методӣ таъминанд. Танҳо дар таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз имкониятҳои васеи фароҳамшуда бо ҳисси баланди масъулият ва муносибати ҷиддӣ ба кору касб метавон дар пешрафти ҷомеаи навин саҳми бориз гузошт.  Нависанда ва суханвари Рими қадим Марк Фабий Квинтилиан беҳуда нагуфтааст: “Таҷриба бе назария арзишмандтар аст, нисбат ба назария бе таҷриба”

О. ГУЛБЕРДИЕВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 938
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед