logo

фарҳанг

ХЕЛЕ ТААССУФОВАР БУД

Нахуст ҷойҳое, ки дар шаҳри Метуэн (ИМА) мехостам бубинам, осорхона ва китобхона буд. Ҳарчанд мизбонони мо Карл ва Ева ба таъриху ба китоб таваҷҷуҳ доштанду хонаашон осорхонаро мемонд. Аз маснуоти сафолини Ҳисор, осори ақвоми Мая, най ва тутукҳои қабилаҳои африқоӣ то арусакҳо ва дастгоҳи телефон муқаррар аз ибтидои асри XX, китобҳои чопи сангин (аз с. 1842), тамғаи  тайёраҳо, чанд хона моломол меомад.
Ба гузашта ва хониш дар ИМА таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳарчанд бо тамоми намунаҳои тозаи техникӣ таъминанд, китобхона аз асри XIX бунёд дорад ва тармиму ороиши тоза ёфтааст. Толор барои бачаҳо, ҷавонон ва дигар тоифаҳо буда, вижагиҳо дорад. Дар бораи ҳамаи кишварҳо маълумот ҳаст.
Кӯдакон бо мизу курсии мувофиқ, бозиҳо ва филмҳои дӯстдоштаашон таъмин мешаванд ва бозиҳои шавқовар бо рақсу суруд аз машғулияти онҳост.
Аз ҷумла дар бораи кишвари мо низ китобе бо унвони «Сultures of tne world Tajikistan» дарёфтам, ки шод шудам. Вале ин эҳсоси нахустин буд. Китоби ошноӣ соли 2006 нашр шуда, гӯё аз таъриху шароити табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва маросиму анъанаи миллӣ маълумот дорад. Шигифтовар буд, ки маълумот воқеӣ набуду беғаразона ва осемасар гирдоварӣ шуда. Нохуш буд, ки ҳама  куҳнаанд ва тасвирҳое ҷо ёфтаанд, ки дархӯри даврони истиқлол нестанд. Аз пешравиҳои воқеӣ, дастовардҳо ва чеҳраи воқеии миллат нишон нест. Аз юрта (хаймаҳои қирғизӣ), нишони досу болға, ҳайкали В. Ленин, аксҳои Л. Брежнев, М. Горбачев тасвири бо низомиён дар масҷид, суробу сурати ғайритоҷикӣ ва ғайра фаровон дорад китоб, вале аз рамзҳои Тоҷикистон: Нишон, Парчам ва пайкараҳои бузургони миллат нишоне  нест.
Дар саҳифаи таърих аз Бохтари қадим ва ҳамлаи муғул чанд ҷумла дарёфт мешаваду халос. Дар миён  холигии фаровон аст. Ва ишорае аз асосгузори давлати  Сомониён – Исмоил вуҷуд надорад. Ба адабиёти оламшумул ва нобиғаҳои давронҳо муроҷиат нашудаст. Дар  бораи  сабку салиқаи ҳунармандӣ андеша ва ҳарфи сазоворе нест.
Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ  коршиносон   баҳо   медиҳанд, ки  масъалаи  дигар  аст. Тоҷикон   25 - солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн  мегиранд. Чаро  ба қадру манзалати таърих, фарҳанг ва ойину анъанаи мардумӣ беэътиноӣ, балки беэҳтиромӣ сурат бигирад? Ҳарчанд ин низ сиёсат аст.
Дар ин замина пешниҳоди қаблии журналистонро дар мавриди таъсиси «Хазинаи дифои манфиатҳои миллӣ» ба хотири масъулон меоварам. Ба василаи маблағи зарурӣ бо ширкати олимон, бо салоҳдиди масъулони ҳукумат филмҳои ҳуҷҷатӣ, буклетҳо ва китобҳои ошноӣ барои хориҷиён пешниҳод кунанд, ки аз мероси куҳан, зеҳнияти мардум, дараҷаи ҳунарварӣ ва дастовардҳои истиқлолият маълумот бидиҳанд. Чеҳраи воқеӣ ва мондагорро ба хориҷиён бирасонанд.
Китоб камбудиҳои зиёде  дорад, балки як тамасхурест ба таъриху анъанаҳои миллати қадим. Аз сангнавиштаҳои Бадахшон, мақбараи Алии Ҳамадонӣ ва Аҷинатеппа дар феҳристи осори таърихӣ ишорае шудаву боқӣ фаромӯш.
Ба ҷойи тифлакони сарупо луч, духтарони ҳезуму халта ба пушт, иморатҳои нимвайронаи даврони шӯравӣ, чеҳраҳои ғайритоҷикона агар мардуми хушлиқои кишвар, гулдӯзиҳо, намунаи чакан, ободкориҳо, боғистонҳои навбунёд ва ғайра ҷой мегирифт, андеша дар бораи Тоҷикистон тағйир меёфт. Тартибдиҳанда Рафиз Абазов аксу тасвирҳои куҳнаи солҳои 80-90-уми асри XX - ро истифода карда, дар муаррифии кишвари азизамон хизмати хирсона ба ҷо овардааст.
Ташвишовар аст, ки ин гуна маводи муаррификунанда бо супоришу машварати кадом муассиса ва маблағи кадом ташкилот боиси беобрӯии мамлакати мо мегардад.
                                                                 
Ҷонибеки АСРОРИЁН, муаррих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 422

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед