logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ МИЛЛӢ

САМАРАИ 9 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастоварди даврони истиқлол буда, меъёрҳои он пайгирона сол то сол ба зиндагии мардум роҳ меёбанд ва пеши роҳи исрофкориву зоҳирпарастӣ, зиёдаравию худнамоиҳоро гирифта,  зиндагии шоистаро фароҳам оварда истодааст.
Бешубҳа, қонуни мазкур, нахустин қонуни миллӣ ва дар таърихи қонунгузории кишвар бемисл буда, қабл аз ҳама шароити мусоиди баргузории маъракаҳои хурсандиро фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арӯсӣ якбора ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд.   Пайваста назорати баргузории маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, гузаштан аз қайди никоҳи давлатиро таъмин намуда ба риоя ва татбиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири мусбат расонд. Яъне, агар то давраи қабули қонун - теъдоди ақди никоҳ тақрибан аз 52 ҳазор то 57 ҳазор ба қайд гирифта шуда бошад, пас баъди қабули қонун ҳамасола наздики то 100 ҳазор ва беш аз он ҳам ҳолати ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда истодааст. 
Дигар аз дастоварди назарраси ин қонуни миллӣ дар он ифода меёбад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои паёпайи молиявии ҷаҳонӣ тавонист манфиати мардуми кишварро то андозае ҳимоя карда, ба нигоҳ доштани пасандоз дар бонкҳо мусоидат намояд. Дар давоми 9 соли амали қонун дар бонкҳо захираҳои пулии мардум беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо қариб, ки аз байн рафт. Аз ин ҳисоб шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, ободу зебо намудани манзилҳои истиқоматӣ ва муҳимтар аз ҳама ба тарбияи фарзандон диққати бештар диҳанд.
 Сеюм дастоварди бузург ва асосии риояи қонун озод намудани шаҳрвандон аз маъракаҳои иловагию хурофотӣ буд. Қисми зиёди маъракаҳои нолозим аз байн рафта, қисмати дигар ба низоми муайян дароварда шуданд. Маросимҳои оши саритахта, себегоҳина ба пуррагӣ аз байн рафта, вале  маросими ҳафт ва ҷумъагӣ ба таври назаррас маҳдуд шуда, ҳанӯз то зинаи ниҳоӣ нарасидааст. Маъракаҳои фотиҳатӯй, сандуқбарон, раисталбон ба пуррагӣ аз байн рафта, маъракаҳои домодталбон, фотиҳатӯй ба низоми муайян даромада истодаанд. Маросимҳои сол, чил ва тӯйҳои домодию арӯсӣ  дар маҷмӯъ ба низом даромада бошанд ҳам, вале ҳанӯз баъзе аз зиёдаравиҳо аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ашхоси мансабдор ва қисме аз рӯҳониён ба назар мерасад.
Дастоварди дигари қонун сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум мебошад. Дар давраи қабули  қонун аз ҳисоби маҳдуд гардидани маъракаи ҷумъагӣ, чил ва сол, маъракаҳои тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасур, ҷашни зодрӯз бо назардошти маҳдуд гардидани маъракаҳои оилавӣ (арӯсбинон, домодталбон ва ғайра) ба манфиати шаҳрвандон беш аз 15 миллиарду 369 миллиону 952 ҳазор сомонӣ сарфа гардидааст.
Панҷум дастоварди қонун дар он ифода меёбад, ки мо имкон пайдо намудем яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа - анъана ва ҷашну маросимҳоро ҳисоби оморӣ намуда, динамикаи афзоиш ва пастшавии онҳоро зери назорат қарор дода, ҷиҳати таъмини дурнамои вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар оянда истифода барем. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ аз 135 то 150 ҳазор маъракаи хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон барпо мегардад.
  Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 ба ин тараф ҷиҳати эҳёи анъанаи неки ниёгон   баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфт. Дар арафаи  таҷлили иди Наврӯз ва дигар идҳои милливу динӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шахсони хайрхоҳу саховатманд ва соҳибкорон ташкили тӯйҳои хайриявии дастаҷамъона ба ҳукми анъана даромад. Амали қонун ба афзоиши баргузории тӯйҳои хайриявӣ мусоидат намуда, ба эҳёи маъракаҳои дастаҷамъонаи аҷдодӣ замина гузошт. Танҳо дар шаш соли охир, хатнасури 77 ҳазору 274 кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии 4606 ҷуфт ҷавон аз оилаҳои ниёзманд ба тариқи дастаҷамъӣ бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ барпо гардид. Таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар маъракаи дастаҷамъонаи хатнатӯйи тифл хароҷот барои як писарча 500 сомониро ташкил диҳад, пас, дар маъракаи мустақилона хароҷот 4 - 5 маротиба зиёдтар мегардид. Ин маънии онро дорад, ки ба ҳамин адад оилаи тоҷикистонӣ аз хароҷоти зиёдатии баргузории маъракаҳо озод шуд.
Бо вуҷуди дастовардҳо то ҳол аз амалишавии пурраи қонун суҳбат кардан барвақт аст, чунки ҳанӯз ҳам, мутаассифона, нақзи он аз ҷониби баъзе шаҳрвандон дар баргузории маъракаҳои ҳам хурсандӣ ва ҳам азодорӣ ба назар мерасад. Баргузории маъракаҳои саритахта, се бо додани таом, ҳафт, ҷуъмагӣ, чойгаштак, истифодаи аз меъёр зиёди автомашинаҳо, риоя нашудани меъёри вақт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, маъракаҳои хурсандии домодталбон, зодрӯз бо иштироки дӯстону ҳамкорон дар вилояти Суғд, маъракаи арӯсталбон (хешӣ), саршӯии арӯс дар ВМКБ ба мушоҳида мерасад. Ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо кумита пеш аз ҳама ба усулҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ такя  карда, дар ташкилоту муассисаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, шаҳру деҳот мизҳои мудаввар, мулоқоту машваратҳоро ба нақша гирифта, пайваста онҳоро амалӣ менамояд. Ҳамчунин ташкили рейдҳо, рейдҳои муштаракро дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор намудани қонуншиканиҳо ба роҳ монда, махсусан рӯзҳои истироҳат аз баргузории маъракаҳо назорат бурда мешавад.

А. МИРЗОЗОДА,                               
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими
анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 380

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед