logo

иқтисод

ТЕМУРМАЛИК. СИМОИ НОҲИЯ ЗЕБО ВА ЗИНДАГИИ МАРДУМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Моҳи апрели соли 2015 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва рафти корҳои ободонӣ ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар, Роҳбари давлат барои вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва беҳтар гаштани сатҳи зиндагии сокинон ба масъулон дастуру супоришҳо дод.

Дар зарфи як соли охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия як қатор корҳои назаррас ба анҷом расида, ба симои ноҳия ҳусн зам намудааст. Азнавсозии майдонҳои марказӣ бо тарҳи нави меъморӣ, майдонҳои Парчам ва қаҳрамонони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ аз ҷумлаи корҳои навбунёд маҳсуб меёбанд. Илова бар ин, бо иқдоми соҳибкорон 18 иншооти муҳими истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар остонаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Қасри фарҳанг барои 400 ҷойи нишаст, маҷмааи варзишӣ,  хобгоҳ барои 150 нафар, толори варзишӣ, мумфаршкунии роҳи шаҳраки Совет, сехи истеҳсоли пойафзол, коргоҳҳои қаннодӣ ва истеҳсоли мебел, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ аз ҷумлаи ин иншооти ҷашнианд.
Биноҳои маъмурии «Тоҷиксодиротбонк», нозироти андоз, мактаб барои 240 хонанда, ҳаммом барои кӯдакони ятими хонаи бачагони Танобчӣ аллакай мавриди истифода қарор доранд.
Дар натиҷаи амалисозии қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи барномаҳои қабулшудаи соҳавию минтақавӣ меҳнаткашони ноҳия сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои 2012 - 2016  зиёда аз 160 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Тадбирҳое, ки дар ин ҷода амалӣ мешаванд, ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунанд.
Бино ба иттилои раиси ноҳия, Мирзохон Гулмаҳмадзода аксари корҳои созандагие, ки ба рушди маҳал вобаста аст, тариқи ҳашар сурат мегиранд. Ҳамин аст ки симои ноҳия зеботар ва сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мешавад.
Холназар КАССИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 507

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед