logo

сиёсат

ТАФАККУРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРИ ОН БА ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё ҷаҳонӣ гирифтааст.
Барои дарки дурусти хатарҳои тафаккури ифротгароии динӣ ба идеологияи  миллии мо ва умуман ба Ватани азизамон бо Худобердӣ ХОЛИҚНАЗАР, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем ва суоли нахуст ин буд, ки мушкили аслӣ дар мавриди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Тоҷикистон, ба кадом омилҳо бастагӣ дорад?

- Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон,  бахусус, дар ҷумҳурии мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои  пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ  ба ҳисоб меравад.
Мушкили аслии ҷавонони нооҳгоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус,  аз гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд. Ҳол он ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, пеш аз ҳама, бар зидди  идеологияи миллӣ,  Ватани аҷдодӣ,  Истиқлолияти давлатӣ ва мардуми мо  равона шудааст.

- Муҳтарам  Худобердӣ Холиқназар, ба назари Шумо хатари тафаккури ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатии мо дар чист?
- Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил гарданд ва ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”- и худ маҳв менамоянд.
Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст. Масалан, ҳаракати ифротгарои “Ҳизб - ут - таҳрир” солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ” - ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақа, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд. Умуман, таъсиси “хилофат” ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ин ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад. Созмони ифротгарои “Давлати исломӣ” бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла, давлати мустақили мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд.
Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки ҳамаи давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои вобаста ба тобеияти худаш дарорад.

-Чаро гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии мо душмании оштинопазир доранд ва махсусан осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд?
- Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии динӣ, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ, дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои асоснок кардани ҳуқуқи халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯро, балки, пеш аз ҳама, гӯё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагонашро далел овардааст. Дар айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии “арабу аҷам” буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати амиқ доранд.
Аммо бояд зикр кард, ки нафрат ва бадбинии ин гурӯҳҳо бо фарҳангу тамаддун бо ин хулоса намешавад, балки ин гурӯҳҳо моҳиятан хусусияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамаддун дар ҷанг қарор дошта, чун як неруи торикию барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд. Дар ин масъала метавон ба баъзе мисолҳое рӯ овард, ки солҳои охир дар пеши чашми башарият рух доданд. Аз ҷумла, гурӯҳи ифротгарои “Толибон” - и Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуд. «Толибон» бойгониҳои таърихӣ ва ҳунарӣ, дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо, бойгониву осорхонаҳои таърихии Афғонистон берун кашида, чун “осори куфру бидъат” бераҳмона нобуд сохтанд. Аз байн бурдани маъбади ҳиндуҳо дар Кобул ва бо тири тӯп ва маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён аз машҳуртарин қадамҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии “Толибон” дар даврони ҳокимияташон ба ҳисоб меравад.
 “Давлати исломӣ” бошад, дар Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт. Ин гурӯҳ баробари ишғоли шаҳрҳо вориди осорхона шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикаст ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекард. Ҷанги ваҳшиёна бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт. Зеро онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳамчунон ҳифз шуда буд,  бо тамоми воситаҳо хароб карданд. 
Ин аст, ки ҳар як инсони бофарҳангу ботамаддун ва ҳар як инсони огоҳу озод бояд худаш, шахсан, дар мубориза бо ин офати азим  саҳм гирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл, ба ин муборизаи фарҳанг бо бефарҳангӣ ҳамроҳ шавад.
 
- Пас,  пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ воқеан хиёнат ба Ватану миллат ҳисоб мешавад...
- Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои  ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ хоини Ватан ва миллат мешавад!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26 июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан - модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”

Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2016    №: 77    Мутолиа карданд: 859

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед