logo

иқтисод

БАРАКАТИ РӮЗГОР АЗ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ АСТ

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат айёми гулгулшукуфӣ – эъмори иншооти муҳими замонавӣ, масрурият ва тараққӣ дар фазои амну осуда ва  замони таъмини зиндагии шоиста баҳри ҳар як истиқоматкунандаи он маҳсуб меёбад. Хосият Неъматова, муовини раиси ноҳия, перомуни дастовардҳои мубрами аҳли меҳнат дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият”, Зокир Ҳасан чунин гуфт:

- Ҳоло таваҷҷуҳ ба арсаҳое, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар аз авлавияти вижа бархӯрдоранд, назири маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш дар ноҳия дар мадди аввал қарор дорад. Ин аст, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ соли ҷорӣ сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 барои 320 ҷойи нишаст, бунёди 6 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ва як бинои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 240 ҷойи нишаст, дар деҳаи Максим Горкий бо фароҳамсозии 480 ҷойи нишаст бунёди як муассисаи таълимӣ, дар ҳудуди 7 муассисаи таълимии дигар сохтмони 24 синфхонаи иловагӣ дар сатҳи зарурӣ  бомаром ҷараён дорад. Мавриди зикр аст, ки дар ин амри хайр ба ҷуз аз манбаъҳои расмии маблағгузорӣ, яъне буҷетҳои ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия, саҳми падару модарон ва соҳибкорони маҳаллии алоҳида низ чашмрас аст.
Баҳри расондани хидмати хубу сарҳангоми тиббӣ ба аҳолӣ дар деҳаи Каҷкамар як бунгоҳи тиббӣ таъмиру бозсозӣ гардида, тамоми тадбирҳо андешида шуд, то маркази саломатии ноҳия барои қабули 500 ниёзманд дар як баст мусоид бошад.
Муассисаҳои фарҳангии ноҳия баҳри ғановати маънавӣ бардоштан ва рӯҳу илҳоми тоза гирифтани сокинон нақши хеле муҳим доранд. Бо шумули осорхона, боғи фарҳанг, ансамбли “Шабчароғ”,  радиою рӯзномаи маҳаллӣ, кохи фарҳанг, хонаҳои фарҳанг, ҳафт клуби деҳотӣ, як клуби сайёр, 14 китобхонаи марказию  шаҳраку деҳот ва як мактаби санъат дар ҳамдастӣ ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ доир менамоянд. Ба истиқболи ҷашн дар боғи фарҳанги ноҳия, ки беҳтарин ҷойи тамошою фароғат аст, шанбегиҳои умуминоҳиявӣ гузаронида мешаванд.
Дар бахшҳои дастгирии иҷтимоии занон, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари ғамхори давлат қарор доранд ва рушд додани соҳибкории хурду миёна низ корҳои зиёд ба сомон расонда шуданд. Мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳандозии ҳамкории судманд бо бонкҳо боис гардид, ки  сафи бонувони соҳибкор то  2 ҳазору 753 нафар афзояд. Ҳамзамон, дар ин давра 460 зан бо ҷойи кор таъмин гардида, 98 зан ба омӯзиши нозукиҳои ҳунарҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, хайётӣ ва кор бо компютер фаро гирифта шуданд. Ин имкон медиҳад, то бонувони хонашин низ дар ғановати буҷети оилавии хеш саҳм бигиранд.
Дар маҷмӯъ талоши якҷояи аҳли заҳмати ноҳия буд, ки нақшаи  қисми  даромади  буҷети  маҳаллӣ  102,4 дарсад иҷро шуд. Саноатчиёни ноҳия ба  арзиши  16 миллиону 370 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1241,4 ҳазор сомонӣ  бештар  аст. Кишоварзон истеҳсоли маҷмӯи маҳсулотро ба 11 миллиону 175 ҳазор сомонӣ (назар ба соли гузашта 532 ҳазор сомонӣ зиёд) расонданд. 
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 21-уми январи соли ҷорӣ зимни ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати кишвар ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти пахта таъкид намуданд, мазрааҳои кишти ин маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ барои мамлакати мо хеле муҳим нисбат ба соли 2015 278 гектар фарох карда шуд. Ба ин масъала кулли хоҷагидорон ҷиддӣ муносибат дошта, кишти пунбадонаро дар муҳлати муқарраргардида  ба субут мерасонанд.
Кишоварзони бошарафи ноҳия 38 гектар боғу токзори нав бунёд (113 дарсади дурнамо) намуданд. Ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии ватанӣ бо сабзавоти барвақтии тару тоза аз 4 гектар гармхонаҳои ҳамешагӣ 14 тонна маҳсулоти хушсифат истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда низ дар қиёс ба солҳои пешӣ зиёд аст.
Кор, хусусан дар ин рӯзҳои баҳорӣ, дар авҷ аст. Мардуми ноҳия хуб медонанд, ки меҳнати созанда на танҳо зиндагии онҳоро беҳтар мекунад, балки ба нафъи ободии Ватани азиз аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 502

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед