logo

фарҳанг

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЙДЕВОРИ РУШДИ ЗАБОН

Таърих гувоҳ аст, ки хосияту сифатҳои тавоноии  забони  мо  аз қарнҳои пеш то имрӯз, новобаста ба  монеа ва шебу фарозҳои зиёд дар  байни  забонҳои дигар мақоми  махсус дорад. Зеро тавоноии ин забон тавоноии миллати ваҳдатсозу бофарҳангест, ки ваҳдати миллиро арзиши аз ҳама болову воло медонад. 

Албатта, ваҳдат ва суботи ҷомеа дар ҳама давру замон пойдевори асосии рушду нумӯи ҷомеа ба шумор меравад. Хусусан барои кишвари мо, ки ҷанги  шаҳрвандиро  аз сар гузаронидааст,  масъалаи ваҳдату  оромии ҷомеа имрӯз хеле  муҳим аст. Ин аст ки  Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ваҳдати  миллиро  такрор ба такрор  таъкиду баррасӣ намуда, бисёр ниҳодҳои давлатиро  барои устувор   намудани пояҳои он   муаззафу ҳушдор менамояд.
Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои  замони истиқлол, махсусан ба зимаи наслҳои  ҷавон  ва устодону таълимдиҳандагон   вазифаҳои наверо  вогузор менамоянд, ки  барои  ифтихори миллӣ ва ҳуввиятсозӣ мақоми хоса доранд. Бахусус, масъалаи   забони давлатӣ ва мавқеи он дар рушду нумӯи ҷомеа  яке аз  масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад, ки он пойдевори  ҳастии миллат аст. Дар баробари ин,  ваҳдат ва оромии ҷомеа  бечунучаро омили асосии пешрафт ва пойдевори устувори   инкишофи забон шуда метавонад. Чуноне ки Президенти мамлакат  қайд намудаанд: ”Дар замони  истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои  таърихӣ ва адабӣ ташаккул меёбад ва тадриҷан вазифаи забони  муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни  сокини  кишварро  ба дӯш  мегирад. Аз ин рӯ,  истиқлоли давлатӣ  ҳамчун  омили  воқеии эҳёи  забони мо дониста мешавад”. 
Дар воқеъ,  ваҳдату оромии кишвар  дар рушду нумӯи  забони давлатӣ  заминаи  бузурге гузошт, ки дигар монеаҳои  сунъӣ ва баҳонаҳои  сиёсӣ  садди роҳи инкишофи он шуда натавонистанд. Дар ин давра бо мақсади тақвияти мавқеъ ва нуфузи забони давлатӣ Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ва “Барномаи  рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012 – 2016” қабул шуданд, ки дар алоҳидагӣ саҳми чашмрас доранд.
Гузашта аз ин, таҳия ва тафсири  “Фарҳанги  тафсирии забони тоҷикӣ”, дигар китобу  фарҳангҳои мукаммали нав гардиши  куллиеро дар  самти  рушду нумӯи  забони давлатӣ ба миён оварданд.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки забон як системаи  тағйирёбандаи доимиест, ки дар ҷомеа  якчанд  вазифа ва аз ҳама муҳим ҷамъоварӣ ва  баррасии ахбор,  инчунин роҳбарии рафтор ва фаъолияти инсонро фаро мегирад.
Ваҳдати  тоҷикон баъди ба даст овардани истиқлолияти том дар натиҷаи гуфтугӯ ва муколамаҳои зиёде  ба даст омад, ки  сиёсатмадорону донишмандон дар раванди ба ҳам омадани тарафҳои даргир хизматҳои шоёне намудаанд. Баъдан, давраи рушди забони тоҷикӣ дар солҳои  муътадил  гардидани вазъи сиёсии кишвар сар шуд, ки таъсири он ба  омӯхтани дигар забонҳо низ кумак расонид. Махсусан муносибати  хайрхоҳонаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ  дар баробари  донистани забони давлатӣ  шоёни  таҳсину офарин аст.
Дар баробари донистани забонҳои дигар  мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардумони дигарро аз  бузургӣ ва шаҳомоти забони модариамон бохабар намоем. Дар ин ҷода  сохтани луғатномаҳои  нави  гуфтугӯӣ ва дигар усулҳои аз худ намудани забони тоҷикиро  дарёфт намуда, пешкаши ҳаводорони забон намоем. Албатта, барои амалӣ гардидани ин андешаҳо  ваҳдати миллӣ - пойдевори асосӣ ва бузургтарин  омили  рушди забон мебошад.

Гулчеҳра ҲОҶИМАТОВА,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 482

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед