logo

иқтисод

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ БОЛО МЕРАВАД

Аз соли 1954 - ум 22 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Чун анъана ин рӯз садои зангӯла – «Ноқуси сулҳ» мардумро аз афзудани хатарҳои экологӣ огаҳӣ медиҳад. Ин зангӯла дар назди дафтари кории СММ дар шаҳри Ню – Йорки ИМА гузошта шудааст. Дар он шиори «Зинда бод сулҳ дар рӯйи замин» дарҷ гаштааст. Ин иқдомро баъд аз Амрико давлатҳои Ҷопону Олмон, Туркияву Мексика, Муғулистону Канада, Бразилияю Аргентина, Эквадору Тоҷикистон ва дигар давлатҳо пазируфта, дастгирӣ намуданд.  
         
Баланд бардоштани ҳосилнокии замин, зиёд намудани масоҳати заминҳои  корам, нигаҳдории қабати ҳосилхези хок ва ҳифзи он  аз ҳар гуна таъсироти равандҳои мутақобила, ки аз фаъолияти инсон ба вуҷуд меояд, мақсади асосии чорабиниҳои дар ин рӯз амалишавандаро ташкил медиҳад. Аз касе пӯшида нест, ки масъалаҳои глобалии экологӣ ба монанди гарм шудани иқлим, об шудани пиряхҳо, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, эрозияҳои бодию обӣ, бодлес, ихроҷи ғализи дуди корхонаҳои саноатӣ, ифлос шудани муҳити зист бо моддаҳои кимиёвӣ, радиоактивӣ ва партовҳои маишии рӯзгор ин ҳама аз дахолати инсон ба равандҳои табиӣ сар мезанад.
Вобаста ба ин сана дар минтақаи  Кӯлоби вилояти Хатлон ҳам чорабиниҳои гуногуни экологӣ доир ба беҳдошти замин гузаронида мешаванд. Дар соли 2015 ва семоҳаи аввали соли 2016 бо ташаббуси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи бехатарӣ ва беҳдошти замин роҳандозӣ гардид. Бо дастгирии лоиҳа  ба маблағи 75 000 доллари  ИМА  4 адад экскватори тамғаи «Хундай» харидорӣ шуд, ки барои тоза намудани каналҳои магистралӣ ва ҷӯйю заҳкашҳо  истифода мешавад. 3 адади  он аз сабаби баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар ноҳияи Фархор ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳияи мазкур супорида шуда, яктои он ба Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ҷудо гардид.
Аз ҷониби Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ва шуъбаю бахшҳои ноҳиявии он пайваста назорати риояи талаботи экологӣ гузаронида шуда, доир ба ҳифзи захираҳои замин, ҳолати мелиоративӣ,  пешгирии эрозия, ботлоқшавӣ ва шӯршавии заминҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар муҳлати муайяншуда иҷрои онҳо санҷида мешавад.
Дар минтақа майдони умумии заминҳои обёришаванда  85582 гектарро ташкил  медиҳад. Аз ин шумора 6937 гектараш шӯрзамин аст. Аз он  5604 гектар заминҳои шӯрнокиаш паст, 870 гектар шӯрнокиаш миёна ва 463 гектар шӯрнокиаш баланд мебошад.   Ин гуна заминҳо дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бештар ба чашм мерасанд. 
Аз ҷониби бозрасӣ ва шуъбаю бахшҳои ноҳиявии он дар ҳамаи корхона, ҷамоат, омӯзишгоҳ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишкадаҳо шанбегӣ ва аксияҳои тозагии маҳал гузаронида мешавад.  Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ зиёда аз 1500 нафар мактаббачаҳои синфҳои болоӣ барои тоза намудани соҳилҳо  ва заминҳои атрофи шаҳри Кӯлоб  сафарбар карда шуданд. Аз тарафи кормандони бозрасӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар маҳалҳо доир ба тоза кардани партовҳои  маишӣ ва нуқтаҳои нигаҳдории муваққатии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд. Ба андозаи  зиёда аз 100 метри мукааб партов аз дохили шаҳр ба партовгоҳи Шӯркӯл, ки дар масофаи 3 киллометр берун аз шаҳр ҷойгир аст, бароварда шуд.

Амирулло ҚОДИРОВ,
Худойдод ЗУҲУРОВ,
кормандони Бозрасии ҳифзи муҳити зисти
минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 495

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед