logo

сиёсат

ХИРАД РАҲНАМОЮ ХИРАД РАҲКУШОЙ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Дар доираи шуури муқаррарӣ), «Ҷумҳурият», № 67


Дар мақолаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимов мавзӯъҳои ниҳоят муҳим ва саривақтии ҷомеа таҳлилу баррасӣ шудаанд.

Равоншиносии ҷамъиятӣ маҳсули фаъолияти ҳамарӯзаи иҷтимоии одамон аст, ки дар ҷараёни амалияи ҳаррӯзаи онҳо дар асоси суннатҳо, таҷрибаи рӯзгор, дин ва урфу одатҳои  миллӣ ташаккул меёбад. Дар психологияи ҷамъиятӣ таркибҳои маънавӣ ноаён такмил ёфта, ҳолатҳои гуногунро дар бар мегирад. Психологияи ҷамъиятӣ устуворӣ ё ноустувории вазъияти рӯҳии одамон, анъана, малака, урфу одат, ҳолатҳои тақлидкунӣ, ақидаю эътиқодҳоро (динӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ) фарогир аст. Дар психологияи ҷамъиятӣ унсурҳое ҳастанд, ки ба туфайли устувории худ ба низому анъанаҳои расму оину одат ташаккул меёбанд ва дар бисёр мавридҳо хислати консервативӣ мегиранд. Ба ҳамин сабаб, унсурҳои гуногуни психологияи ҷамъиятӣ ба тарзи гуногун инкишофу дигаргун мешаванд. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки психологияи ҷамъиятиро аз унсурҳои манфие, ки монеи пешрафт мегарданд, озод намуд ва аз тарафи дигар сатҳи осебпазирии онро то сатҳи идроку хирад боло бурд. Ҳамин ҷиҳатро донишманди тоҷик Саймумин Ятимов мавриди пажӯҳишу арзёбии илмӣ қарор додааст.
Дар қисмати муқаддима муҳаққиқ психологияи ҷамъиятиро омили асосии шаклгирии шуури муқаррарӣ меҳисобад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки тафсири равоншиносии ҷамъиятиро дар доираи эҳсос ва идрок ба амнияти ҷамъиятӣ вобаста намуда, масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Дар қисмати омилҳои муассир ба психологияи ҷамъиятӣ С. Ятимов равоншиносии ҷамъиятиро аз муҳимтарин ҷузъиёти рӯзмарра ва характери миллӣ маҳсуб медонад ва дар он ду раванди асосӣ дар шаклгирии характери миллиро ногузир меҳисобад. Таъсири созгор ва баръакси онро низ ҷудо намудааст. Психологияи ҷамъиятӣ бо унсурҳои худ дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи аввалия, муқаддимот ва баъдан шакли муносибати маънавӣ хизмат мекунад. Ҳама гуна рафторҳои ҷамъиятӣ ҳатман субъекти тибқи мақсад амалкунандаро ба хотири ҳадафҳои муайян доро мебошанд. Муаллифи мақола таъкид менамояд, ки чунин навъи ҳадафҳоро сари вақт бояд шинохт ва дар ҳолати таҳдидовар ба онҳо таъсиррасонии давлатдорӣ намуд. Бо назардошти ҳамин ҳолатҳои рафторҳои ҷамъиятӣ  пешниҳод менамояд, ки омӯзиш ва ташхиси доимии психологияи ҷамъиятӣ ва таъсири он ба шуури рӯзмарра вобаста ба таъмини субот ва амният аз муҳимтарин самтҳои кор бо ҷомеа маҳсуб меёбад. Муаллиф меафзояд, ки психологияи ҷамъиятӣ ва шуури рӯзмарра, сатҳу сифат, мундариҷа ва майлони он дар муносибат ба манфиатҳои миллӣ мавзӯе мебошад, ки мадди назари мухолифони давлатдории миллӣ ва, махсусан, суистифода намудан аз нуқтаҳои заъфи он ба тарзи доимӣ ба инобат гирифта мешавад. Вобаста ба ин, муаллиф масъалагузорӣ менамояд, ки мундариҷа ва вазифаҳои функсионалии психологияи ҷамъиятии таърихан ташаккулёфтаи миллати тоҷик дар тамоми давраҳо ҳамчун предмет ва объекти илмӣ аз нигоҳи методологияи илмӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шавад. Воқеияти гуфтаҳои муаллиф дар он таҷассум меёбад, ки ҳар фарди ҷомеа бо таъсири психологияи ҷамъиятӣ ва унсуру таркибҳои шуури муқаррарӣ, шуури фардӣ, ақидаҳо, арзишҳо ва муносибатҳои он шакл мегиранд. Аз ин рӯ, агар психологияи ҷамъиятӣ ва шуури муқаррарӣ омилҳои мусбию манфии он ба тарзи илмӣ дақиқ ва дуруст омӯхта нашаванд, шинохти унсурҳои заъф, ки монеи пешрафти ҷомеа ва миллат мегарданд ё ба амнияту суботи иҷтимоӣ таҳдид мекунанд, ғайриимкон аст.
Қисмати дигари мақола «Эҳсос ва шуури муқаррарӣ» ном дорад. Дар ин қисмат муаллиф таъсири эҳсосро ба шуури муқаррарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид менамояд, ки аксари хулосабарориҳои нодуруст ва арзёбии онҳо аз дуруст эҳсос накардани воқеият сурат мегирад. Нафарони гумроҳшуда, ки аз худшиносии миллӣ дуранд, аксаран бо эҳсоси таҳмилгардида, ки дигар барои онҳо мафҳумҳои миллату Ватан арзиш надоранд, ба ҷиноятҳои эсктремистию террористӣ даст мезананд ва муаллиф тазаккур медиҳад, ки бегонагон ҳамчун раванди таҳрикдиҳандаи худсӯзии миллатҳо ба эҳсоси онҳо таъсир мерасонанд. Эҳсос зинаи аввали дониш буда, дар он танҳо ҷузъе аз воқеият ва хусусиятҳои зоҳирии падидаҳо ифода мешаванд. Ҳамин аст, ки қувваҳои геополитикӣ манфиатдор нестанд, ҳиссиёт дар психологияи иҷтимоии гурӯҳҳои муайяни давлатҳои зери манфиат қароргирифта ба дараҷаи идрок ва фаҳм боло  раванд. Ҳаминро ба инобат гирифта, муаллиф ишора мекунад, ки ягона роҳи аз байн бурдани ҳамин ҳолат ташаккули сатҳи дониш ва ба дараҷаи хирад ва рушди созанда боло бурдани дарку фаҳми гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоист.
Қисмати сеюми мақола «Хирад ва шуури муқаррарӣ» ном дорад. Муаллиф дар ин қисмат хирад (фан, фаросат, идрок, зиракӣ, заковат, ҳушёрӣ)-ро асоси пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ меҳисобад. Агар ба воқеияти тамаддуни инсонӣ назар афканем, ҳамвора хирад будааст, ки тамаддун ва осори тамаддуниро ба вуҷуд овардааст ва чун «пардаи ҳифозатӣ» инсонро дар баробари хатару таҳдидҳои табиию кайҳонӣ ҳифз намудааст. Муаллиф дар ин замина зикр мекунад, ки тамоми афроди ҷомеа  наметавонад пурра хирадманд бошад, вале  ҷомеаро метавон аз сатҳи эҳсос ба сатҳи хирад раҳнамун сохт. Гузаштаи таърихиро на бо афсӯс хӯрданҳо ва шеъру сурудҳои шикоятӣ, балки ҳамчун як сабақи таърихӣ ва як таҷриба арзёбӣ бояд кард. Дар ин маврид, шинохти ҳаводиси таърих ва махсусан, эҳсоси хатарҳои мавҷуда ва паёмади онҳо дар зеҳни ҷомеа ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Нодонӣ, зудбоварӣ, бетарафӣ сабабҳоеанд, ки барои рушди тафаккури террористӣ - экстремистӣ замина муҳайё мекунанд.  Аз ин рӯ, муҳаққиқ саводнокӣ ва дониш омӯхтанро роҳи муҳимтарини ҳалли мушкилот меҳисобад ва барои собит намудани ин назар аз мутафаккирони ҷаҳонӣ Г. Гегел ва Л. Фейрбах далелҳои муътамад меорад. Дар охири ин қисмат муаллиф таъкид менамояд, ки қисми пешрав ва пешбари ҷомеа зиёӣ аст. Воқеият ин аст, ки зиёиён ё равшангарон дар таърихи башар ва таърихи ҳар қавму миллат ба монанди нур ва рӯшноӣ мардумро роҳнамоӣ мекунанд ва онҳоро аз хатару паёмади ҳодисот огоҳ менамоянд. Ақл, хирад ва донишу тавонмандиро ба ҷомеа илқо менамоянд. Мардумро аз таассубу хурофот ва ҷаҳлу нодонӣ бозмедоранд.
Дар қисмати хулоса муаллиф дуруст натиҷагирӣ мекунад, ки маънавиёт ва ҳолати рӯҳии ҷомеа омили муҳимтарини таъмини амнияти худи ҷомеа аст. Ҳамоҳангии психологияи ҷамъиятӣ ба манфиатҳои миллӣ муҳимтарин омили амнияти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ба тарзи дигар, психологияи ҷамъиятии созанда ва хирадгаро кафили амнияти ҷамъият аст.

Исомиддин ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 453

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед