logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД, КОРКАРД ЧӢ?

Бо рушди саноат имрӯзҳо бисёри кишварҳо аз як навъи маҳсулот чанд маводи дигар тавлид менамоянд. Махсусан аз  меваю сабзавот ва  зироатҳо, ки  дар Ватани мо фаровонанд, номгӯйи зиёди    маҳсулоти хӯрданӣ  истеҳсол мегардад.
Ин  фаъолияти босамар  дар иқтисоди бозоргонӣ як кори муқаррарист. Раванди   коркард дар ҳар як марҳилаи истеҳсолот  барои соҳибкорон фоидаовар аст. Як халтачаи картошкаи бирён (чипси), ки ҳамагӣ 50 грамм вазн дорад, дар мағозаҳои пойтахт 4 сомонӣ ва  як кило картошка 1,80 дирам мебошад. Бубинед, ки коркарди маҳсулот чӣ қадар фоидаи онро афзун месозад.
Албатта,  барои тавлиди ҳамон як чипси мавод ва меҳнат лозим аст. Вале, асоси истеҳсолашро картошка ташкил медиҳад. Дар баробари картошка барои коркарди зироатҳои кишоварзӣ дар тавлиди маводи гуногун имкониятҳо хеле зиёданд. Соли  гузашта маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ  дар ҷумҳурӣ 3,3 дарсад  афзуд.
Аҳолӣ  бо картошкаи ватанӣ, сабзавот ва полезиҳо пурра ва мевагиҳо дар ҳаҷми 80 дарсад таъминанд. Афзоиши маҳсулот тақозо менамояд, ки коркарди он ҷоннок карда шавад. Ба ин васила,  воридоти хӯроквории аз меваю сабзавот ва ғалла истеҳсолшаванда коҳиш меёбад ва ба моли баландсифату арзон аҳолӣ дастрас мегардад. Ба ғайр аз ин, меваю   сабзавотро на танҳо ҳамчун хӯрокворӣ, балки дар истеҳсоли маводи шустушӯйӣ, дору ва ғайра васеъ истифода намудан имкон дорад.
Ба гуфтаи Зоҳиршоҳ Неъматуллоев, мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, бо вуҷуди зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳанӯз маҳсулоти кишоварзии кишвар ба ҳадди даркорӣ коркард намешавад. Тайи солҳои охир бо амалишавии барномаҳои бахши боғутокпарварӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзуд. Вале ҳамагӣ 20 дарсади  ҳосил дар истеҳсоли маводи гуногун ба кор бурда мешавад. Дар самти мазкур,  пеш аз ҳама фарсудагии технологияи коркард садди роҳ гардидааст. Агар технологияи истеҳсолот нав карда шавад, харҷи коркарди маҳсулоти зироатҳо ва чорво кам ва сифати маводи истеҳсолшаванда беҳтар хоҳад шуд. Барои он ки маҳсулоти ватанӣ рақобатпазир ва бо харҷи кам тавлид шавад, технологияи нави онро бояд фароҳам кунем. Техникаи истеҳсолии баъзе корхонаҳои маҳаллӣ аз солҳои 80 – и асри гузашта боқӣ мондаанд.  Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ воридоти техника ва таҷҳизоти барои истеҳсол нигарондашударо аз пардохтҳои гумрукӣ озод намуд. Бо коркарди  маҳсулоти кишоварзӣ самаранокии он дучанд ва ҷойҳои кор  бисёр мегардад. Истифодаи  саноатии бархе меваҷот, аз ҷумла меваҳои донакдор  талафёбии ҳосили онҳоро коҳиш медиҳад.
Мутахассисон ҳамкории сусти хоҷагиҳои деҳқониро бо соҳибкорон  омили кам истифода гардидани маҳсулоти кишоварзии мамлакат  дар истеҳсолот медонанд. Дар афзоиши молу маҳсулоти худӣ робитаи онҳо нақши муҳим дорад. Кишоварз ба харидори воқеӣ умед мебандаду корхонаи истеҳсолӣ ба мавҷуд будани манбаи ашёи хом. Дар натиҷа,  маҳсулоти кишоварзӣ самаранок коркард шуда, тавлидоти ватанӣ устувор мегардад. Ҳамчунин, кишоварзону соҳибкорони истеҳсолиро ба воситаи ҳамоишҳо ва вохӯриҳои судманд бояд ба ҳам муаррифӣ намуд, то ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ватанӣ ҳавасманд  гарданд.
Пас чӣ бояд кард? Ин саволест, ки аз масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав посухи амиқ мехоҳад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 600

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед