logo

сиёсат

ТАРҒИБИ МОҲИЯТИ РАЪЙПУРСӢ

ҶАВОНОН ВОРИДИ АМАЛ МЕШАВАНД
Ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки дар робита ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чорабиниҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсиро тарғиб намоянд.

Ҷавонони фаъол бо шумули раисони иттифоқҳои ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, зимни баҳси мавзӯи «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» дар як мизи мудаввар ба чунин натиҷа расиданд. Онҳо дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, қарор доданд, ки ба зудӣ дар ҳамкорӣ бо ҳавзаҳои раъйпурсии ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва фаҳмондани моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ вориди амал мешаванд. Фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботиро дар ин самт филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг месозад.
Сайфулло Сафаров, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мизи мудаввар оид ба зарурат ва аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия суҳбат мекард, ҳамзамон аз нақши фаъоли ҷавонон дар рушди ҷомеа тавсиф намуд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ҷавонон бо истифода аз фазои мусоиди сиёсии кишвар метавонанд, ҳамчун неруи пешбари ҷомеа, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва идоракунии давлат нақши фаъол дошта бошанд. Сайфулло Сафаров бо нигаронӣ аз гаравидани бархе ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ таъкид намуд, ки бояд ҳадафи аслии ин гурӯҳҳо ва дар пасманзари он бозиҳои геополитикии ҷаҳони имрӯз дуруст дарк шаванд. Мавсуф  дар хитоб ба ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе гуфт, ки шумо бояд ба ҳар гуна ҳаракатҳои носозгор, гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва муборизаҳои идеологӣ муқовимат карда тавонед. 
Абдуманон Додозода, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, оид ба ҷараёни омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳарф зада, аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ ситоиш кард.
- Ман ба бисёр кишварҳои хориҷӣ сафар доштам. Мушоҳида кардам, ки қонунгузории мо дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ аз нигоҳи меъёрҳои демократӣ бартарӣ дорад. Чунончи, мо барои шаҳрвандонамон дар хориҷи кишвар ҳам шароити иштирок дар интихобот ва раъйпурсиро фароҳам меорем, ки дар дигар давлатҳо чунин амр ба назар намерасад. Гузашта аз ин, мо иштироки маъюбону пиронсолонро таъмин намуда, тавассути қуттиҳои сайёр раъйи онҳоро ба даст меорем, - изҳор дошт Абдуманон Додозода.
Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳори бовар карданд, ки ҷавонони фаъол барои фаҳмондани моҳияти раъйпурсӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат намуда, дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд. Дар ин робита, аз аъзои Иттифоқи ҷавонон дар шаҳри Душанбе даъват ба амал омад, ки дар мавриди ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ  ёрии амалии худро расонанд. Зеро бар асоси қонунгузорӣ дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ аз ҳуқуқи тарғибу ташвиқ бархӯрдор аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 510

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед