logo

сиёсат

ТАКМИЛИ КОНСТИТУТСИЯ - КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул намуд, ки он дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз  мавқеи махсусро касб намуд. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ маҳз аз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом омилҳои асосӣ вобастаанд? Бо ин ва дигар саволҳо ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муроҷиат кардем:

- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия як ҷузъи ҷараёни такмили ин ҳуҷҷати сиёсӣ дар сиёсати ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад.  Қариб дар тамоми давлатҳо, бо мурури замон, Конститутсия такмил дода мешавад. Масалан, тавре ки аз таҳлилҳои олими ҳуқуқшинос  Р. Сотиволдиев маълум мегардад, ба Конститутсияи ИМА тӯли зиёда аз 200 соли амали он 27 маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудаанд,  ки як тағйирот ба 8 - 9 сол рост меояд. Ба Конститутсияи Олмон, ки соли 1949 қабул гардидааст,  50 тағйирот ворид шудааст. Дар Фаронса бошад, ба Конститутсия (1958) шаш маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудааст.
Дар таърихи навини тоҷикон  мо шоҳиди ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гаштем. Имрӯз зарурият пеш омадааст, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ боз такмил ёфта, ба рушди устувори ҷомеа мувофиқ гардонда шавад.

- Муҳтарам Маҳмадалӣ Ватанзода, бигӯед, ки тартиби пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чӣ тафовут дорад?
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махсуси ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба он муқаррар намудааст. Мутобиқи моддаи 99 - и он  ҳуқуқи пешниҳод намудани тағйиру иловаҳоро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  доранд. Дигар ягон шахс ё мақомот аз ин   ҳуқуқ бархӯрдор шуда наметавонад. Ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи талаботи моддаи 58 Конститутсия субъектони алоҳидаи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  низ ҳуқуқи пешниҳод намудани тағйиру иловаҳоро доранд.
Бо назардошти ин ҳолат аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳоди худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуданд. Мақсади асосии пешниҳоди лоиҳа мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсия, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат мебошад.

- Пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои якум ва ҳаштуми Конститутсияро  чӣ сон шарҳ медиҳед?
-  Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи якуми Конститутсия  ворид мегардад, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муайян карда мешавад. Ҳарчанд президентӣ будани шакли идоракунии Тоҷикистонро ҳама медонанд, вале дар Конститутсияи амалкунанда чунин меъёр ҷой надорад. Гузашта аз ин, дар моддаи 100 тағйирнопазирии шакли идораи ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст, аммо  кадом шакл будани он мушаххас нишон дода нашудааст.
Аз ин рӯ, ин тағйирот Конститутсияро мукаммал гардонда, шакли идоракуниро мушаххас менамояд.
Моддаи 8 - и Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни  сиёсӣ ва мафкуравӣ нишон додааст. Рушди ҷомеа нишон медиҳад, ки дар ин маврид бояд низоми муайяне бошад. Зеро таъсири унсурҳои бегона метавонад ба суботи ҷомеа халал ворид намояд. Аз ин рӯ, ба ин модда тағйирот пешниҳод гардидааст, ки  мутобиқи онҳо фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда мешавад. Ин тағйирот барои таъмини ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои характери ифротгароиву бегонапарастидошта, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, бо назардошти ҷаҳонишавии ҷомеа  пешниҳод гардидааст.

- Мутобиқи моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ  амалӣ мегардад.  Барои ишғоли вазифаҳои муҳими давлатӣ дар ин шохаи ҳокимият чӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидаанд?
 - Тағйироти  ба  моддаҳои  49,  65 ва 85 - и Конститутсия  пешниҳодшуда, талаботи якхеларо барои ишғоли вазифаҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне қонунгузор, иҷроия ва судӣ  муқаррар менамоянд. Мувофиқи тағйироти ба моддаи 65 воридшаванда, шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ на кам аз 30 ва дорои таҳсилоти олӣ бошад. Чунин талабот нисбат ба аъзои Ҳукумат, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе низ пешбинӣ мегардад.
Ман фикр мекунам, ки зарурияти ин тағйиротро ҳама хуб дарк мекунанд. Шаҳрвандӣ ин робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо давлат буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои мутақобиларо ба миён меорад. Чӣ гуна шахсе, ки  шаҳрвандии дигар давлатро дорад, метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намояд? Вобаста ба ҳолатҳои мазкур дар қисми 20 лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки дар баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ва қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар асоси қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон  мегардад.

- Тағйиру иловаҳо ба ҳолати ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дигаргунӣ ворид менамоянд?
-Ҳамагон шоҳиди он будем, ки соли сипаришуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид ва аз тарафи мардум хуб пазируфта шуд. Ин пазироӣ заминаи боэътимодро доро буд ва мардуми кишвар дар симои Президенти мамлакат дар асл пешвои миллатро медиданд.
Мутобиқи тағйироти дар қисми 24 лоиҳа пешниҳодгардида ба моддаи 65  қисми  панҷум илова карда шудааст, ки  мувофиқи он маҳдудиятҳои дар қисми чоруми  моддаи 65 пешбинигардида, яъне маҳдудияти ду бор пай дар пай интихоб шудан ба мақоми Президент, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ба моддаи 69 Конститутсия, ки салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд, тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он сархати 12, яъне таъсиси Шӯрои адлия, хориҷ карда мешавад. Вобаста ба барҳам дода шудани Шӯрои адлия дар матни Конститутсия тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.
Мутобиқи тартиби пешбиникардаи қисми 26 таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба рушди қонунгузорӣ дар  ҷомеа мусоидат намуда, барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Мунаввари САФАР,   «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2016    №: 78    Мутолиа карданд: 637

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед