logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТАВСИЯ
Дӯстони арҷманд, устодон ва профессорони муҳтарам ва ҳамаи ин ҷо нишастагон! Ман, ҳамчун апонент, кори номзадии Сӯҳроб Калонзодаро пурра мутолиа намудам. Бояд иқрор шавам, ки солҳост Сӯҳробҷонро чун донишҷӯву  аспиранти боистеъдод мешиносам ва имрӯз, баъди мутолиаи рисолаи номзадияш бори дигар ба ҷаҳонбинӣ ва дониши пухта доштани ӯ бовар ҳосил кардам. Калонзод дар ҳаллу фасли мавзӯъ бениҳоят заҳмати зиёд ба харҷ дода, онро то майдатарин ҷузъиёташ эҷодкорона сайқал додааст. Агар ҳамин тавр намебуд, ӯ як мавзӯи хело хурдро, ки онро мавзӯъча ҳам номидан мумкин аст, то 470 саҳифаи  дуинтервала бурда намерасонд.
Рисола аз 14 бобу 52 бобча иборат аст. Навоварию навҷӯии олими ҷавон ҳатто дар омӯзгории бобу бобчаҳо равшан ба назар мерасад. Бар хилофи номҳои обшуставу забонзадаи Пешгуфтор, Сарсухан, Муқаддима ӯ боби аввали рисоларо Сароғоз ном ниҳодааст. Монанди  ҳамин ба ҷои Хулоса ё Охирсухан Анҷом гуфтааст, ки ин тарз ном гирифтани бобҳо ҳусни рисоларо даҳчанд меафзояд.
Донишу заковати Сӯҳроб Калонзод алалхусус ҳангоми таҳлили пораҳои шеърӣ баръало намудор аст. Шеърро бо тамоми маънӣ мефаҳмад. Он назокату латофату фасоҳату нафосатеро, ки дар шеър аст, ба хубӣ эҳсос намуда, онро чунон таҳлил мекунад, ки ҳар як хонанда дар шигифт меафтад. Таваҷҷуҳ фармоед, ки ин байтро чӣ гуна таҳлил намудааст.
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд.
Марги чунин хоҷа на корест  хурд.
Аз ин байти устод Рӯдакӣ Калонзод калимаҳои ҳамқофия (мурд ва хурд) – ро дарёфт намудааст, ки чунин кашфиётро на ҳар олим карда метавонад.
Дигар нуқтаи назари ҷолиби диққат, он аст ки Калонзод чандин сарчашмаро чаппаву роста намуда, номи одам будани Муродиро аниқ сохтааст. Ба худатон маълум аст, ки дар ҳуруфоти гузаштаамон ҳарфи калон, ки вуҷуд надошт, номи одам, яъне исми хосро аз ҷинс фарқ кардан кори саҳл набуд. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам, вақти  муҳокима ин хизмати Калонзод ҳатман ба инобат гирифта шавад.
Сӯҳробҷон мантиқи шеърро ҳам хуб мефаҳмад. Ӯ аз рӯи мантиқи байт хулоса баровардааст, ки Муродӣ пеш аз Рӯдакӣ аз олам гузаштааст, ки ин хулоса сад дар сад дуруст аст.
Дар ин хусус чунин менависад: модом, ки Рӯдакӣ дар марги Муродӣ марсия эҷод кардааст, маълум мешавад, ки Муродӣ пеш аз Рӯдакӣ аз олам чашм пӯшидааст. Агар аввал Рӯдакӣ вафот мекард, он гоҳ Муродӣ марсия менавишт. Лекин ҳарчанд сарчашмаҳоро ҷӯстуҷӯ намудам, Муродӣ ягон хел марсия дар фавти устод Рӯдакӣ эҷод накардааст.
Таҳлили ҳамин порчаи шеърӣ ҷӯянда будани Калонзодаро ба хубӣ нишон медиҳад. Ҷӯяндагӣ бошад, барои ҳар як  ходими илм чизи ниҳоят зарурист. Бинобар ин, бори дигар тавсия медиҳам, ки ҳангоми муҳокима ин кашфиёти олими ҷавон низ ба инобат гирифта шавад.

Гурез САФАР

 

Аз хазинаи таърих
БЕРЛӢ ВА РАЗВЕДКАИ АНГЛИС
Ҳанӯз 550 сол пеш разведкаи англис дар Русия шабакаи ҷосусии худро созмон дода буд. Дар асри XVI пешомадони таърихии «Сикрет интеллиндженс сервис» (МИ 6) – и бритонӣ, чи тавре ки имрӯз кормандони хадамоти махсус мегӯянд, фаъолияти доманадори ҷосусӣ – тахрибии худро дар Русия зери ниқоби хизмати дипломатӣ ба роҳ монда буданд.
Мақсади онҳо дарёфти ҷойҳои сусти ин кишвар ва забти қаламрави он буд. Елизавета, маликаи Англия, ба тавсияҳои «шеф» - и разведка лорд Берлӣ бо диққат гӯш меандохт ва ба гуфти вай амал мекард. Берлӣ шахси маккоре буд. Ҷон Дӣ, мунаҷҷими малика, пеш аз он ки андешаҳояшро дар хусуси мавқеи ситораҳо ба малика баён созад, аввал фикри Берлиро мепурсид ва мувофиқи супоришҳои ӯ амал менамуд, яъне ситораҳо ҳам ба Берлӣ хизмат мекарданд.
Берлӣ соли 1568 ба Маскав ба сафир Рендолф мактуб ирсол намуда, дастур дод, ки аз шоҳ Иван Грозний барои тоҷирони англис дар савдояшон бо форсҳо имтиёзҳо ба даст оварад. Корвони тоҷирони бритонӣ бо роҳи Архангелск – Маскав – Форс мунтазам мерафту меомад ва савдогарон барои Берлӣ ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра гирд меоварданд. Разведкаи англис дар Полша, Шведсия ва Туркия резидентураҳои васеъ дошт.
Аммо хадамоти махсуси Маскав дар хоби ғафлат намонд. Иван Грозний дар номаи ба малика Елизавета фиристодааш, аз 24 октябри соли 1570, бе хотирбинии дипломатӣ таъкид намудааст, ки ба давлати Англия на вай, балки дигарон сарваранд.
Вақте ки  дар оғози  асри XVII дар  Русия  Замони пурошӯб фаро расид, фаъолияти ҷосусии англисҳо доман зад. Сафир Ҷон Флетчер ба Лондон чунин нома фиристод: «Дар Русия воқеаҳо бо ошӯби саросарӣ анҷом мепазиранд». Дар соли 1611 Смоленск ва Маскавро Полша забт кард. Новгород ба дасти шведҳо афтод, аз ҷануб қримтатарҳо ҳуҷум меоварданд. Маҳз ҳамон вақт ба Яков, шоҳи Англия, нақшаи дарозмуддати забти шимоли Русия ва Поволже пешниҳод гардид. Вале Яков ба неруи ҳарбии худ эътимод надошт: қарор шуд, ки бо амалиётҳои махфӣ ҳукумати Русияро ба даст дароранд. Шабакаи ҷосусон, махсусан тоҷирон, супориш гирифтанд, ки барои амалӣ намудани нақша роҳбарони зинаҳои гуногун, боярҳоро бо пулу мол ба тарафи худ кашанд, то ки дар Русия протекторати онҳо ҷорӣ гардад. Аммо ин нақшаи англисҳо ҷомаи амал напӯшид.
Разведкаи англис бо роҳбарии Роберт Сесиля, намехост, ки мавқеашро дар Русия аз даст диҳад, аз ин рӯ, кӯшид, ки ба дарбори шоҳи нав Михаил Романов ҷосуси худро ҷой намояд. Ин дафъа ба вазифаи ҷосус табиб Артур Дӣ, писари ситорашинос Ҷон Дӣ, интихоб шуд. Соли 1621 шоҳ Михаил Романов ӯро табиби шахсиаш эълон кард. Артур ба тамоми асрори боргоҳи шоҳ роҳ ёфт ва ба воситаи тоҷирони рус мукотибаи худро бо Лондон ба роҳ монд. Ҳукумати англис тамоми маълумоти муҳимтаринро аз дасти якум мегирифт.
Баъдтар, дар асри XVIII, разведкаи англис ба дарбори императорбону Екатерина низ  роҳ ёфт. Вилямс, сафири Англия, ба ҳайати атрофиёни малика котиби худ – Станислав Понятовскийро ҷой намуд, ки вай баъдтар шоҳи Полша шуд.
Шароитҳои таърихӣ тағйир меёбанд, вале принсипҳои зиддиятҳои хадамоти махсус бетағйир мемонанд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Тарҷума аз русӣ.

 

ШУБҲА
Имом Абуҳанифа дар тиҷорат шарике дошт, ки ӯро Башир ном буд. Вақте Башир дар Миср буд, Имом Абуҳанифа ба ӯ ҳафтод адад аз ҷомаҳои абрешимӣ равон кард ва пайғом фиристод, ки: «Дар миёни ин ҷомаҳо ҷомае бо чунин айб мавҷуд аст, бинобар ин дар вақти фурӯхтани он айбашро барои харидор маълум намо».
Башир ҳамаи ҷомаҳоро бифурӯхт ва баргашт. Имом Абуҳанифа аз ӯ пурсид:
- Оё айби ҷомаҳоро баён кардӣ?
Башир гуфт:
- Ман он пайғомро фаромӯш кардам ва барои харидорон он айбро баён накардам.
Пас Имом Абуҳанифа ҳамаи маблағи он ҷомаҳоро садақа намуд, ки қиматашон 30 ҳазор дирам буд. Пасон гуфт:
- Даромаде, ки дар он шубҳае бувад, маро бар он ҳоҷат нест ва ҳам дар он баракат нест.

Таҳияи Умар АЛӢ

 

ОМКАРИ ПАНВАР- ЗАНЕ, КИ ДАР 70 -  СОЛАГӢ ТАВАЛЛУД КАРД
Сокини  шаҳри Музаффарнагари Ҳиндустон Омкари Панвар калонсолтарин модари дунё ба шумор меравад. Ин зан моҳи июли соли 2008 дар синни 70 солагиаш ду фарзанд як духтару як писарро ба дунё овард. Тавлиди ин тифлакон бо роҳи ҷарроҳӣ сурат гирифта, вазни ҳар кадоми онҳо 900 граммро ташкил медод. Пеш аз тавлиди ин тифлакон оилаи онҳо соҳиби 2 духтару 5 набера буд, аммо писардор шудан орзуи ягонаашон буд.

ОИЛАИ 181 - НАФАРА
Зион Чани ҳиндустонӣ бо 39 зан, 86 фарзанд ва 35 набера ҳамчун сардори калонтарин оилаи дунё ба китоб рекордҳои «Гинес» дохил шудааст.
Аъзои ин оила дар маҷмӯъ 181 нафарро ташкил дода, дар деҳаи Бактванги музофоти Мизорали Ҳиндустон, дар як бинои 4 – ошёна, иборат аз 100 ҳуҷра  иқомат мекунанд. Махсусияти ин бино дар он аст, ки дохили он барои кӯдакони ин оилаи сернуфуз таълимгоҳи алоҳида фаъолият менамояд.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

 

ПАНДҲОИ НЕКӮИ ФЁДОР МИХАЙЛОВИЧ ДОСТОЕВСКИЙ:
- Се чиз мавҷуд аст, ки аксарияти одамон аз он меҳаросанд: боварӣ, ошкорбаёнӣ ва худшиносӣ.
- Хотираи хешро олудаи кина насозед, вагарна он ҷо барои лаҳзаҳои гуворои умр ҷой намемонад.
- Ҳақиқат бе муҳаббат фиреб аст.
- Қатъ намудани китобхонӣ - маънои қатъ намудани андешарониро дорад.
- Ҳаёт бе мақсади муайян нафасгардон хоҳад буд.
- Равони одам дар ҳалқаи фарзандон осоиш меёбад.
- Ҳар ҷӯяндаи ҳақиқат фарди бузургу қудратманд аст.
- Дар ҳаёти ҳар шахс рӯзҳое  фаро мерасад, ки сабру таҳаммулро тақозо менамояд.
- Дӯстам, ба хотир дор, хомӯш будан хуб ва бехатар аст!
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»

 

Дейл КАРНЕГӢ
ЯК МИСОЛУ ДУ АНДЕША
Ҳам дар замони ҷанг ва ҳам дар овони осоишта фарқи байни тарзи дуруст ва нодуруст андеша рондан чунин аст: тарзи дурусти андеша ба таҳлили сабаб ва оқибат асоснок шуда, ҷониби мақсадҳои мантиқӣ мебарад; тарзи нодурусти андеша бошад, ҷониби шиддатёбӣ ва харобшавии асаб.
Тед Багермино ном афсар моҳи апрели соли 1945 чунин навиштааст: «Ба ташвишу изтироб афтодам, агар ҷанг тамом намешуд, яқин мемурдам. Дар қисми гӯркобии дивизияи 94 пиёдагард хизмат мекардам. Вазифаам дар бораи мурдаҳо ҳуҷҷат навистан, шаҳидонро ҳисобу китоб намудан, баҳисобгирии гумшудаҳо ва захмиён буд. Ғайр аз ин ман бояд мурдаҳои худӣ ва бегонаро, ки саросемавор таги хок намуда буданд, канда мебаровардаму ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб меовардам. Хуллас, бо мурдаҳо сарукор доштам ва ин ҳол асабамро хароб кард ва дар сарҳади девонагӣ қарорам дод. Вақте ба оина менигаристам, пӯсти дар рӯи устухонкашидаро мемондам. Оқибат ба беморхона афтодам.
Ин ҷо як духтури ҳарбӣ маро панде дод, ки тамоми ҳаётамро вожгун сохт. Баъди муоина аниқ кард, ки сабабгори маризии ман харобии асаб аст. «Тед, - гуфт ӯ, - ман мехоҳам, ки ту ба ҳаёт чун ба соати регӣ назар созӣ. Бин ҳазорҳо регрезаҳо дар кураи болоӣ дар навбат истодаанд ва ҳамаи онҳо оҳиста – оҳиста ва бо низом аз сӯрохии мобайн мегузаранд. Агар ду регреза баробар, якҷоя гузарад, низоми вақт вайрон мешавад. Ту, ман ва ҳамаи одамони дигар ба ана ҳамин соати регӣ монандем. Ҳар субҳ кори зиёд пайдо мешавад, агар яку якбора ҳамаашро ба сомон расондан хоҳем, миён мешиканад ва асабамон хароб мешавад».
Аз он вақт сар карда, ман ин фалсафаро дар ҳаётам татбиқ намудам: «Як пора рег дар як воҳиди вақт, як кор дар як муддати вақт». Ин маслиҳат маро наҷот бахшид.

Нозир ЁДГОРӢ, тарҷума аз русӣ 

 

ФАРМОНИ РАИС
Дар  яке аз хоҷагиҳо баъди интихоби раиси нав ба кишти чигит шурӯъ карданд. Чигит нағз неш зада баромад. Навбати ғизодиҳӣ расид.
Саркорҳо ҳамакаса назди раис омада, «Бе ғизо ниҳолҳо қад накашида, ҳосили дуруст намедиҳанд», - гуфта масъала гузоштанд.
- Чӣ қадарӣ нурӣ лозим?! - худро ба нодонӣ андохт раис.
- Ба ҳар гектар дар навбати аввал 150 килогӣ селитра ё карбамид.
Аз шунидани «150 кило  ба ҳар гектар» чашмони раис аз косахонаи сараш берун баромад.
- Шумо ақлатонро хӯрдед?! Кӣ пули тайёрро ба замин мерезад? Аз ду сар шумо аз 10-12 сентнер зиёд ҳосил гирифта наметавонед!
Пас аз чанд рӯз гурӯҳи дигари саркорҳо боз ҳам ба ҳамин масъала ба ҳузури раис омаданд.
- Чӣ қадарӣ нурӣ лозим?! - Боз пурсид раис.
- Ба ҳар гектар 100 килогӣ! - ҷавоб доданд саркорҳои хомтамаъ, ки аз муколамаи раис бо саркорҳои қаблӣ хабар доштанд.
- Ҳоло ҳам аҳмақиро напартофтаед гуфта, ғуррид раис ва саркоронро ноумед кард.
Аз байн ҳафтаҳо гузаштанд. Мардум дид, ки ранҷи кашидаашон барабас меравад ва дар охири сол бо ғирболи холӣ мемонанд, ба рӯяшон пӯсти хук кашида, боз ба ҳузури раис омаданд.
- Чӣ қадарӣ нурӣ лозим? - боз пурсид раис.
- Ба ҳар гектар 50 килогӣ, - гуфтанд бо нимовоз саркорҳо.
Зуд фармони раис бо ин мазмун интишор гашт: «Ба ҳар гектар 50 (панҷоҳ) килогӣ доруро дар пахтазор ту-ту-ту карда пошед!»: «Ин ҳам бошад тани се бор гардани каҷ карда омадани саркорҳо. Набошад дар чашматон гул меафтид, як каф доруро ҳайф медонистам. Бояд донед, ки дору пули нақд асту нархи як халтааш дар бозор 35 сомонӣ».
Рӯзи дигараш лаббайгӯёни раис ва хазинадори хоҷагӣ «гапи раис ба замин намонад» гуфта, 100 килогӣ нурии аз ҳар гектар боқимондаро ба бозор бароварда, ба шоликорону сабзавоткорон фурӯхтанд…

М. ФИРӮЗ, "Ҷумҳурият"

 

ЧАПДАСТУ РОСТДАСТ. КӢ БОҲУШТАР?
Чапдастҳо дар ҳама давру замон дар ақаллият қарор доранд ва танҳо ҳудуди 10 дарсади ҷамъияти ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Чапдастӣ ба далели қудрати бештари нимкураи рости мағзи сар аст, дар ҳоле ки дар ростдастҳо қудрати нимкураи чап бештар ба назар мерасад. Шахсоне, ки чапдаст ҳастанд, қисматҳои мушаххаси мағзашон нисбат ба ростдастҳо фаъолтар аст. Миёни ин одамон шахсоне ҳастанд, ки ба роҳатӣ метавонанд ду корро дар як вақт ба анҷом расонанд.
Дар мавриди он, ки чапдастҳо боҳуштаранд ё ростдастҳо, муҳаққиқон назари мутафовутеро баён кардаанд. Он ки чапдастон ба роҳатӣ метавонанд аз иҷрои ду кори фикрӣ бароянд, дар таҳқиқоти густурда собит шуд. Вале то ҳол шакку шубҳаи зиёде дар ин маврид ҷой дорад. Таҳқиқоти гузарондаи олимони Донишгоҳи миллии Австралия нишон дод, ки чапдастҳо маъмулан ҳангоми омӯхтани забон аз ҳар ду нимкураи мағзашон истифода мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ростдастҳо фақат аз нимкураи чапи худ кумак мегиранд.
Чуноне ки маълум аст, ҳар ду нимкураи мағзи сар шабеҳи ҳам ҳастанд. Онҳо дар мавриди дарёфти иттилоот дақиқан яксон амал мекунанд. Аммо маъмулан вазифае ҳамчун аз худ кардани забон дар яке аз онҳо сурат мегирад. Дар  мавриди чапдастҳо ҳар ду нимкура фаъол ҳастанд. Нуқтаи мушаххаси мағзи сар, ки ба дарёфти иттилоот вобаста аст, дар самти рости сар ҷойгир аст. Иттилоот аз самти рост ворид шуда, ба нимкураи чап меравад, то мавриди таҳлил қарор бигирад. Ва  иттилооте, ки аз қисмати чап ворид шудааст, ба нимкураи рост меравад ва дар он ҷо мавриди таҳлил қарор мегирад. Худ аз худ маълум аст, ки шанси чапдастҳо вобаста ба ин ҳолати физиологиашон дар омӯхтани забонҳо бештар мегардад.
Бо ин ва далелҳои дигар мегӯянд, ки чапдастҳо боҳуштаранд, вале ҳанӯз асоси илмии кофӣ барои он вуҷуд надорад!
                                
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»

 

ҚАЛЪАИ ШАМБОР – ШОҲКОРИИ ДАВРАИ ЭҲЁ
Фаронса дар ҷаҳон бо қалъаҳои бошаҳомати худ маъруфу машҳур аст. Қалъаи Шамбор, ки сохтмони он бо фармони шоҳ Франсиски I оғоз меёбад, шоҳкории давраи Эҳё эътироф гашта, диққати миллионҳо сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.
Ҳангоми оғози сохтмон он яке аз бузургтарин иншооти давраи Эҳё ба шумор мерафт. Дарозии қалъа 156 метр, паҳноияш 117 метр буда, дорои 426 ҳуҷра ва 800 сутуни орододашуда мебошад. Номи меъмори Қалъаи Шамбор маълум нест, вале чуноне таҳқиқотҳо собит месозанд, дар таҳияи лоиҳаи он Леонардо да Винчи, ки якчанд моҳ пеш аз шурӯи сохтмон вафот мекунад, ширкат кардааст.
Бунёди кушк дар хамгашти дарёи Коссон соли соли 1519 оғоз мегардад. Бино ба маълумоти муаррихон, барои сохтмони қалъа қариб 1800 коргар ҷалб гашта, 220 ҳазор тонна санг истифода бурда шудааст. Бо сабаби он ки Қалъаи Шамбор дар ботлоқзор бунёд меёфт, бинокорон азоби алим мекашиданд. Ба болои ин, қисми зиёди онҳо аз бемории вараҷаи ботлоқӣ вафот карданд. Танҳо сангтарошон нисбатан осудаҳолона ба сар мебурданд. Бахусус, дар гирифтани маош онҳо аз дигар коргарон бартарӣ доштанд. Ҳақмузди онҳо корбайъ буд. Аз ин рӯ, ҳар сангтарош дар маҳсули меҳнати худ нишони махсус мегузошт. Ин ба хазинадор имкон медод, ки ба заҳмати сангтарош баҳои воқеӣ дода, мувофиқи саҳми гирифтааш маош таъйин намояд. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, сохтмони қалъа соли 1547 ба поён мерасад.
Баъди вафоти Франсиски I дигар шоҳони фаронсавӣ ба кушк мароқ зоҳир намекунанд ва он аз назарҳо дур мемонад. Соли 1639  Людовики XIII онро ба бародараш Гастон Орлеански тақдим мекунад. Соли 1684 -ум бошад, Людовики XIV ба таҷдиду азнавсозии дохили қалъа даст мезанад. Инчунин, тибқи маълумотҳо, миёнаи асри XVIII бо иҷозати шоҳ Людовики XV дар кушк ташхисгоҳи кимиёвии граф Сен-Жермен ҷой дода мешавад. Ва танҳо пас аз сар гузарондани воқеаҳои зиёди  таърихӣ, соли 1947 тасмим гирифта мешавад, ки қалъаро ба иншооти муҳими туристӣ табдил диҳанд. Аз ин рӯ, он мавриди тармиму таҷдиди куллӣ қарор гирифта, ба яке аз зеботарин кушкҳои Фаронса мубаддал мегардад.
Ҳарчанд шоҳони Фаронса ба Қалъаи Шамбор аҳамият надода бошанд ҳам, вале он аз назари зебоипарастон дур намонд ва соли 1981 созмони ЮНЕСКО кушкро чун Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кард.  

Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»

 

НОШУНАВО ҲАМ МЕШУНАВАД
Баъзе аз нависандагон ба воситаи асарҳояшон хостаанд, ки «кашфиёт» бикунанд ва хонандагонашонро дар тааҷҷуб бигузоранд. Аммо чун онҳо табиӣ нестанд, аз ҳақиқат дур мебошанд.
Аз ҷумла, хостаанд, ки кар набудани  ҷосус ва ё нафареро, ки шунаво асту ба хидмати Ватан рафтанро бо баҳонаи  гаронии гӯшҳояш намехоҳад, ошкор созанд.
Ҳамин тавр, қаҳрамонҳои «манфӣ» - и асарҳо дар чандин саҳифа батамом каранд. Ҳеҷ суханро намешунаванд. Доду фарёд нафъ намебахшад. Баъдан масъул, шахси асосӣ ин фиребро ошкор месозад. Тангаеро бар замин ва ё рӯи фарш меандозад. Ва кар ин овозро мешунавад. Бо ин усул «душман» - у «хоини Ватан» ба даст меафтад.  Ҳақиқат он аст, ки  карҳо садоҳоро дар фазо, воқеан, намешунаванд, аммо ба воситаи замин бениҳоят баланд мешунаванд. Ҳатто аз он эҳсоси нороҳатӣ мекунанду асабӣ мешаванд.
Албатта, ин ҳақиқати бас одиро муаллифони ҳангомаҷӯй агар мефаҳмиданд, ба ин хато ҳаргиз роҳ намедоданд.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

 

ШАМОЛ ҲАМ ҚУДРАТИ ГОЛЗАНӢ ДОРАД
Дастаи «Динамо» (Киев) дар яке аз дидорҳои дӯстона клуби «Маккаби» (Исроил) – ро бо натиҷаи калон – 5 : 0 мағлуб кард. Дар зимн  яке аз голҳои ба дарвозаи Хайфа задашуда ин қадар нобоб буд, ки аллакай онро хандаовартарин гол дар таърихи футбол меҳисобанд. Ин лаҳзаи нодири хандаовар дар дақиқаи 32- юми бозӣ рух дод. Дарвозабони  «Маккаби» Хайфа Асаф Мендес хост тӯбро ба майдон бизанад, аммо шамоли шадид  самти парвози тӯбро тағйир дода, онро вориди дарвозаи худи ӯ гардонид. Ҳамаи шоҳидон ин голро нотакрор, нодир ва басо тааҷҷубовар дар таърихи футбол донистанд.
Бозигари бразилии « Динамо» Бетао чунин автоголро шарҳ дода мегӯяд: « Ман ин гуна ҳолатро то ҳанӯз надидаву нашунида будам. Онро дида, аз ханда «заҳракаф» шудан мумкин».
 
ШОҲМОТИ АВТОМОТИИ БЕНАЗИРИ КЕМПЕЛЕН
Соли 1770 ихтироъкори австриягии маҷористонитабор Волфганг фон Кемпелен шоҳмоти автомотии монанд ба одам, дар тан либоси туркӣ ва дар назди миз нишастаро сохт. Автомат – шоҳмотбоз оромона нишаста, бо муштук тамоку кашида, муҳраҳои шоҳмотро бо дасти  механикиаш ҳаракат медод. Вай бо ҳамаи хоҳишмандон бозӣ мекард, ҳатто Напалеон Бонапарт, Бендҷамин Франклин ва дигар шахсиятҳои маъруфро дар бозӣ бурдааст.
Пас аз гузашти чанд сол сирри мошини басо доно фош шуд. Вақте ба ҳозирин механизмҳои мушкили онро нишон медоданд, аз дохилаш одами пинҳоншударо пайдо намуданд, ки ба ҷои суроб бозӣ мекард.

ДАЛОИЛИ ҶОЛИБ ОИД БА ПАРАШЮТ
Идеяи бунёди парашют ба Леонардо да Винчи марбут аст. Ӯ ҳанӯз соли 1483 нусхаи пирамидашакли парашютро тарҳрезӣ намуда, чунин гуфта буд: « Агар одам чодаре аз матои канабии крахмалзада ба андозаи арзу баландии 12 оринҷ дошта бошад, метавонад аз баландии масофааш гуногун, бе ягон хатар худро ҳаво диҳад».
Андозаи парашюти Леонардо 60 метри мураббаъ – ин қариб монанд ба нусхаи парашюти ҳозиразамон мебошад. Он замон, бинобар набудани зарурат ин парашютро то ба охир такмил надоданд. Баъдтар А. Николаси англис исбот намуд, ки тарҳи парашюти сохтаи да Винчи бо қиёс аз парашютҳои муосир дар моҳият камтар нест. Бо ин манзур тибқи нақшаи ихтироъкори бузург парашюте омода кард ва бо он парвози муваффақро анҷом дод.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2016    №: 79    Мутолиа карданд: 444

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед