logo

иқтисод

«САОДАТ» - ТОЗАГӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ЭЪТИМОДИ МАРДУМ

Ҳангоми ворид шудан ба майдони хоҷагии зотпарварии «Саодат», ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон воқеъ аст, аввалин дидании ҷолибу хотирмон, ки касро болидарӯҳ менамояд, покизагии роҳу раста ва умуман ҳудуди он мебошад. Ҳайати 120 - нафараи хоҷагӣ бо эҳсоси баланди масъулият дарк мекунанд, ки дар ин ҷо ғизои аз ҳама фоидабахш - шир, ки хурду калон ба он ниёз доранд, истеҳсол мешавад ва тозагӣ омили муҳими ба даст овардани эътимоди  мардум аст. Ҳадафи асосии тан ба заҳмат додану маблағу неруи зиёд сарф кардани ҳайати кормандон пеш аз ҳама ба хотири таъмин намудани истеъмолкунандагон бо ғизои хушсифат мебошад. Онҳо барои истеҳсоли шири табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳеҷ чизро дареғ намедоранд ва намехоҳанд, ки барои доротар шудан аз шири хушки сунъии арзон маҳсулот истеҳсол карда, ҳам худро фиреб диҳанду ҳам зомини қисмати мардум гарданд.

Хоҷагӣ се сол пеш бо мақсади парвариши беҳтарин зоти чорво, ки ҷубронкунандаи ҳама хароҷот ва таъмингари даромад бошад, таъсис ёфта буд ва дар муддати андак ба комёбии назаррас ноил гардид.  Дастовардҳои хоҷагӣ аз соҳибтаҷриба будан ва аз дастгоҳҳои муосири чехӣ хуб истифода бурдани чорводорон гувоҳӣ медиҳанд. Дар хоҷагӣ говҳои навъи беҳтарини ҷаҳон «Сементал»-и олмонӣ ва «Голштен»-и амрикоӣ парвариш карда мешаванд. Гови «Сементал» барои истеҳсоли гӯшту шир буда, равғанокии  шираш зиёд, гови «Голштен» баръакс, ширию гӯштӣ ва дар таркиби шираш сафедаи бисёр аст. Вале миқдори хӯроке, ки ҳар ду зот истеъмол мекунад, қариб як хел аст ва ҳар кадоме дар се навбати ҷӯшиш аз 40 то 60 литр шир медиҳад. Ҳар рӯз дар коргоҳ аз 225 сар гови ҷӯшо ҳашт тонна шир истеҳсол карда, мешавад ва аз ин миқдор як тоннаашро дар коргоҳ кор карда, сокинони вилояти Хатлонро бо маҳсулоти гуногуни ширӣ таъмин менамоянд ва боқимондаашро ба заводи шири шаҳри Душанбе месупоранд.
Дар ин заҳматобод, ки аксари корҳо ба тарзи автоматӣ иҷро карда мешаванду барои таъмини рушди соҳа боз 315 сар буққаву ғуноҷин ва гӯсолаҳои навзоду семоҳа парвариш меёбанд. Дар се моҳ вазни гӯсолаҳо ба 110-120 кг мерасад. Барои бордоркунии сунъӣ  аз кишвари Олмон зиёда аз 1000 нутфа овардаанд, ки то лаҳзаи даркорӣ дар ҷои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Зотпарварон метавонанд, ки бо чунин усули кор дигар хоҷагиҳои  мамлакатро низ бо чорвои хушзоти ширию гӯштӣ таъмин намоянд. Пеш аз ҳама ба ғанӣ гардондани таркиби хӯрок, ки асоси маҳсулнокист, эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ғизое, ки омода мекунанд, дар таркибаш ҷав, ҷуворӣ, офтобпараст, силос, сенаж, юнучқаи хушк дорад, ки ин ҳама аз зироатҳои парвардаи худи онҳост. Аз дигар коргоҳҳои ватанӣ сабӯс, кунҷора, намак ва оҳак мехаранд.
Хоҷагӣ дар ихтиёр 322 гектар майдони обӣ дорад, ки дар он зироати хӯроки чорво парвариш мешавад. Ҳамчунин хоҷагидорон тавассути шартномаи тарафайн аз майдонҳои иҷоравӣ баҳра бурда, дар маҷмӯъ аз чорсад гектар  2700 тонна силос ва 1200 тонна тарбеда ва юнучқаву коҳ захира менамоянд, ки барои таъмини чорво барзиёд аст.
Дар соли аввали ташкили хоҷагӣ барои пешбурди корҳо ва расидан ба натиҷаҳои хуб аз хориҷи кишвар мутахассисон даъват мешуданд. Дар рафти кор хоҷагидорон ҳис карданд, ки дар ин  ҷо кадом асрори ногуфтаву тадбири наандешида ниҳон аст. Пайдост, ки ягон соҳибкор ва манфиатҷӯ ба решаи дарахти сармояи худ теша намезанад ва намехоҳад, ки бозори гарми худро сард кунад. Ин андеша  зотпарваронро водор кард, ки барои ҳалли масъалаи дерошкор  роҳи дигари пеш бурдани корро дарёбанд. Рӯи ниёз ба олимон ва кордонҳои ватанӣ оварданд. Онҳо тавассути такя ба илми муосир ва ҳамкорӣ бо донишмандони соҳавии кишвар дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои истеҳсолиашонро афзунтар карда, ҳамкорони хориҷии худро дар ҳайрат гузоштанд.    
Баъд аз ошно шудан ба бахшҳои мухталифи хоҷагӣ ва эҳсос кардани болидарӯҳии чорводорон  танҳо ба як хулоса омадан мумкин аст. Ҳар коре, ки аз таҳти дил ва бо умеди ояндаи нек аст, файзу баракати дигар дорад. Онҳое, ки ба хотири рушди ин ё он соҳа тан ба заҳмат дода, дар пешрафти Ватан ва осудагии мардум  саҳм мегиранд, худро неруманд пиндошта, хастагиро эҳсос намекунанд. Агар чунин   низоми кор, ки дар хоҷагии зотпарварии «Саодат» ба ҳукми анъана даромадааст, дар дигар хоҷагию коргоҳҳои мамлакат бошад, диёри афсонавии мо ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Соҳибназари МУҲАММАДҒОИБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 617

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед