иҷтимоиёт
ҚАРЗИ МО
Тараққиёти босуръати техникӣ ва имконияти доманадори интернетро ҳама медонанд. Имрӯзҳо боз нақл мекунанд, ки тариқи интернет ҳатто бӯю маззаро низ ирсол кардан мумкин мегардад. Аллакай, ҳатто олимони давлатҳои мутараққӣ дар ин самт фаъолият бурда истодаанд. Коммунизм дар назари ман як утопия метобад, аммо ҳамин утопия тайи 70 - сол тавонист дар меҳвари худ миллионҳо нафарро муттаҳид намояд. Вақте мо бузургтар аз ҳамин утопия ғояи миллӣ дорем, чаро онро барои ваҳдат истифода набарем? Дар баробари бунёд кардани боғчаву мактаб ва донишгоҳҳои пуршукӯҳ ба сифати таълим низ аҳамият диҳем, то ягон таълимоти зараровари беруна ва талқинҳои зиндагисӯз барои рушди худ холигоҳ пайдо карда натавонанд ва дар гаҳвораи худ бимиранд.
Назари шахшуда, ки дар натиҷаи бисёр фикр кардани як масъалаи ночиз ва ҳатто беаҳамият шакл мегирад, фоҷиаҳои хунинро ба бор меорад, барои ҳамин ба масъалаҳои муҳим, ки тақдиру ояндаи, пеш аз ҳама, кӯдакони мову шуморо пойгузорӣ мекунад, аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Фарохтар андешидан, назару фикру амалро нектар кардан, меҳрубонтар будан бар фоидаи ҳар яки мост, зеро андешаҳои нодурусту шахшудаи ба ном динӣ адоватро ташаккул дода, ба ҷанҷол мехезонад. Кӣ аз ҷанги беҳуда бурд кардааст, ки мо бурд намоем? Сарчашмаи зиндагии пурғановат ғояи мустаҳками башардӯстист. Барои ҳамин қарзи ҳар яки мо, қарзи шаҳрвандии мо аст, ки даъватгари муҳаббату некӣ ва садоқат бошем. Ғояи миллиро инкишоф диҳем, ки он тавонад насли наврасу ҷавонро дар худ муттаҳид намуда, роҳи аниқи зиндагиро нишон диҳад. То насли имрӯзаи мо дар ҳамаи муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ худро як нафари муҳими ҷамъият эҳсос карда, худ низ ба тараққиёту пешрафти Ватан саҳмгузор бошад.
Матлуба ЁРМИРЗОЕВА,
нависанда, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2016 №: 80 Мутолиа карданд: 559