logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. БЕТАРТИБӢ ДАР ТЕРМИНАЛҲОИ МУСОФИРКАШОНӢ

Гузаштан аз роҳи нақлиётгарди назди маҳаллаи ба номи Худоёр Назаров, возеҳтараш назди собиқ маркази савдои «Равшан», барои ронандагону пиёдагардон душвор шудааст. Гилаю шикояти сокинон дар бобати монеаҳои ин роҳ то рафт зиёд мегардад.

Сафаралӣ Латифов, сокини шаҳр шиква дорад, ки «Ин роҳро убур кардан дар назарам баробари фатҳи кӯҳ аст. Мусофирбарон ҳар ду қисмати роҳро пурра банд карда, ҳатто байни роҳ мебароянд. Касе нест, ки низому танзими нақлиётиро дар ин нуқта ҷорӣ намояду аз чунин қоидавайронкунӣ ҷилав бигирад».
Ҳамарӯза аз субҳ то шом ду канори роҳи мошингарди ин қисмати роҳро мусофиркашон ба таваққуфгоҳу «терминал» табдил дода, ба ҳаракати мунтазами нақлиёту пиёдагардон халал мерасонанд. Дар аксар ҳолат, аз сабаби роҳи гузаштан намондан, ронандагон маҷбур мешаванд, ба самти муқобил ҳаракат кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар саргаҳи роҳ аломати «таваққуф манъ аст» насб шудааст. Мутаассифона, мусофирбарон ба ин аломат таваҷҷуҳ зоҳир накарда, дидаю дониста даст ба қоидавайронкунӣ мезананд. Дар маҳаллаи мазкур мушоҳида намудем, ки нафаре аз ҳар як мусофиркаш пул меситонад. Зимни мусоҳиба ин шахс худро Саъдӣ Муслимов, корманди ҶДММ «Сабзавот», муаррифӣ намуд.
- Ба танзимдарории ин таваққуфгоҳро ширкати мо ба уҳда дорад. Рафтуомади мусофирон ба хатсайрҳои Ангурбоғ, Осмонбика, Нонҷемас, Пушёни Болою Пушёни Поён, дигар деҳаҳои ноҳияи Восею шаҳри Кӯлоб маҳз аз ҳамин маҳал сурат мегирад. Сари сабукраве дар як рӯз ду сомонӣ мегирем ва аз он андоз месупорем, - тазаккур дод ӯ. Ҳайратвор аст, вақте мешунавӣ, ки нафаре роҳи давлатиро ба «терминал» табдил дода, аз барои манфиати худ,  дар як гӯшаи шаҳр ҳарҷу марҷро ҳукмфармо мегардонад. Пурсуҷӯ собит кард, ки воқеан ширкат дар ихтиёри худ таваққуфгоҳ дорад, аммо на дар ҷойи феълӣ. Он дар маҳаллаи Чармгарон, яъне поинтар аз маҳаллаи Худоёр Назаров мустақар мебошад. Дар ҳоле ки терминали «Сабзавот» дар ҷойи дигар бошад, пас кӣ ба кормандонаш чунин ҳуқуқу салоҳиятро додааст, ки аз кӯча муфт пул ғундоранд?
- Ҳақиқатан истодану ба мусофиркашонӣ машғул шудан дар шафати роҳи маҳаллаи зикргардида аз рӯи қонун нест. Аз чӣ бошад, ки мусофиркашон ба терминали асосии «Сабзавот» намераванд. Қариб ҳар рӯз яке аз онҳоро мо ҷарима мебандем, аммо эътибор надода, фаъолияташонро идома медиҳанд. Бовар кунед, дили худамро низ гирифтааст. Саъй мекунам, ки бо ин роҳ сӯи хонаам наравам, - изҳор кард Қодирзода Абдуғаффор Қодир, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб. – Алҳол кормандони терминали «Сабзавот» аз мусофирбарон ҳуқуқи пули чек пурсиданро надоранд. Танҳо дар ҳолате метавонанд, талаб кунанд, ки мусофиркашон дар замини терминал бошанд. Барои рафъи ин камбудиҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор назоратро пурзӯр намуд. Дар шуъбаи шаҳрии хадамоти танзими нақлиёт ҳамагӣ 4  нафар хизмат мекунад. Албатта, хадамот танҳо наметавонад, ки ин ҳама проблемаро бартараф намояд. Бисёр вақт маъмурони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳрро даъват мекунем, то барои тоза кардани роҳи маҳаллаи Х. Назаров ба мо кумак кунанд. Бо садҳо машаққат мусофирбаронро ба терминали «Сабзавот» мебарем, вале онҳо пас аз рафтани мо боз бармегарданд».
Назди терминали мусофиркашонии Кӯлоб низ аҳволи ноҷӯр дорад. Мусофиркашони хатсайрҳои  Душанбе, Қӯрғонтеппа, Данғара мудом як тарафи роҳи калони асосии мошингузарро комилан банд карда, музоҳими ронандагон мегарданд. Гоҳо танбашавиро ба вуҷуд меоранд. Ба иттилои Қодирзода Абдуғаффор, терминал хусусӣ шудааст. Вале танзимгарон (албатта, бо супориши соҳибмулкони терминал) аз сарҳади терминал берун баромада, пули бедарди миён ҷустуҷӯ намуда, аз мусофиркашоне, ки дар лаби роҳанд (на дар дохили терминал) маблағи чек мерӯёнанд. Масъулони назораткунанда бошанд, ҳанӯз ҳам баҳонаҷӯию кӯшиши аз уҳдадории хеш гурехтанро доранд. Пас, кӣ бояд ба ин ҳама бесомонӣ нуқта гузорад? 

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 614

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед