logo

фарҳанг

БА МАНТИҚ РАҒБАТ МЕАФЗОЯД

Номзади илми фалсафа Фаррух Худойдодов дар мақолаи худ «Чаро ҷомеаи мо ба мантиқ кам рағбат дорад?» («Ҷумҳурият», 27 майи соли 2015, № 109, 22671)  масъалаеро баррасӣ намудааст, ки дар ҷаҳони муосир хеле мубрам аст.

Мубрамияти он барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ хеле равшан ба назар мерасад. Зеро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, ки насли ҷавон соҳибилму соҳибмаърифат ва мусаллаҳ бо фарҳанги техникӣ тарбия карда шавад. Дар кори ба камол расонидани чунин насли нав бошад, албатта, нақши омӯзиш ва таълими фанни мантиқ хеле муҳим мебошад.
Қобили зикр аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрамияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта, дар ин самт аллакай як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 28 ноябри соли 2015, № 30/26 «Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасдиқ расид. Тибқи ин консепсия дар бахши фанҳои гуманитарию иҷтимоӣ таълими мантиқ ба таври ҳатмӣ барои тамоми хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пешбинӣ гардидааст. Умед аст, ки то ибтидои соли нави таҳсили 2016-2017 тамоми маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои ин фан омода мегарданд ва таълими мантиқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Муаллифи мақола ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки таълими мантиқ дар ин ё он шакл дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ низ ба роҳ монда шавад. Боиси ёдоварист, ки дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва зинаи ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то имрӯз ҳам бозиҳои мантиқӣ ба таври васеъ истифода мегардиданд. Вале бо ин қаноат накарда, вазорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои таълими мантиқи шаклӣ ё риёзӣ ё мавзӯъҳои муҳими он дар ин заминаҳои таҳсилот низ чораҳои зарурӣ андешад.

Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 496

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед