иҷтимоиёт
«ИТТИҲОДРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД»
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи Асрор Раҳмонов бо ин ном («Ҷумҳурият», 6 майи соли 2015) дар вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мақола оид ба ваколатҳои вазорат ё масъалагузориҳое, ки ҳалли онҳо аз мақомоти дахлдори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста бошанд, сухан намеравад. Бо вуҷуди ин, мутахассисони масъули вазорат аз ҷараёни баргузории Анҷумани 1-уми Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доранд. Дар соли сипаришуда борҳо бо раиси иттиҳод Шавкат Мирзоев мулоқоту вохӯрӣ гузаронда, мушкилоти ҷойдоштаро матраҳ намуда будем. Ҳамкории вазорат бо иттиҳоди мазкур хуб ба роҳ монда шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ бо тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ намояд.
Н. САЛИМЗОДА,
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2016 №: 80 Мутолиа карданд: 349