logo

ҳуқуқ

СИНО - 4 БА РАЪЙПУРСӢ ОМОДА АСТ

Ҳавзаи раъйпурсии Сино - 4 дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ «Дар бораи ташкили комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ва моддаҳои 16 - 17-и қонуни конститутсионӣ «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 феврали соли равон ташкил ёфт.
Дар ин ҳавза 80 участкаи раъйпурсӣ, аз ҷумла 12 участкаи пӯшида тасдиқ ва 130 860 раъйдиҳанда сабти ном шудаанд. Хабарномаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таҳия шуда, на камтар аз даҳ рӯз қабл аз раъйпурсӣ бояд ба раъйдиҳанда    расонда шаванд. Рӯзи раъйдиҳӣ низ раъйдиҳанда ҳуқуқ дорад, бюллетенро бо забони модариаш дастрас намояд. Дастурамал ва китобчаҳои саволу ҷавоб дар бораи раъйпурсӣ, маводи конселярӣ оид ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ва баргузории раъйпурсӣ ба участкаҳои  раъйдиҳӣ дастрас гардидаанд.
Бино ба гуфтаи раиси Комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Сино - 4 Мӯсо Асозода шаҳрвандоне, ки се рӯз пеш аз баргузории раъйпурсӣ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон бармегарданд ва ё муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Сино қарор доранд, метавонанд дар ин ҳавза ба рӯйхати иловагӣ  гирифта шаванд. Ба манзили зисти нафарони барҷомонда қуттиҳои сайёр бурда мешаванд ва дар ҳамаи участкаҳо барои касони бо аробаи маъюбӣ ҳаракаткунанда даромадгоҳҳои махсус таъмин хоҳад шуд.
- 12 апрел бо иштироки зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла раис, муовинони раис, котибон ва аъзои комиссияҳои участкавӣ, ихтиёриён, намояндагони сохторҳое, ки барои гузарондани раъйпурсӣ муваззафанд, инчунин касоне, ки ба мо ёрии амалӣ расонда метавонанд, семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он як қатор масъалаҳои муҳим, назири меъёрҳои ахлоқӣ барои аъзои комиссияҳои раъйпурсӣ, принсипҳои раъйдиҳӣ, тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ҳисоби бюллетенҳо, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон матраҳ шуданд. Ба ҳамкории ҳавзаи раъйпурсӣ бо ВАО таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашт, зеро воситаҳои ахбори омма таъминкунандагони асосии фазои иттилоотӣ, ҳамчунин, аз судмандтарин василаҳои тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардум арзёбӣ мегарданд,  - изҳор дошт Мӯсо Асозода.
Зикр гардид, ки дар ҳамаи участкаҳои раъйпурсӣ аз ҳисоби олимон, собиқадорони ҷангу меҳнат,ҷавонони шаҳри Душанбе ва дигар шахсони муътабар гурӯҳҳои таблиғотӣ созмон ёфта, ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оғоз бахшиданд. Дар маҷмӯъ, ҳавзаи раъйпурсии Сино - 4 ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода аст.
 
Д. МУНАВВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 421

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед