logo

ҳуқуқ

МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АККРЕДИТАТСИЯ ШУДАНД

21 апрел таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид. Дар он раванди ҳалли масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ  ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ  оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкоро дар давраи омодагӣ  ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода шуда буд. Бинобар ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ дар давраи гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ  қарор қабул намуд. Мувофиқи он шаш  намоянда бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Гаркун Владимир Гилярович ва 18 намоянда таҳти роҳбарии Котиби генералии Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ Сергеев Алексей Иванович ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ  дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ   бо тартиби пешниҳодгардида аккредитатсия шуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ  супурда мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  барои фароҳам овардани шароити мусоид бо мақсади иштироки ҳарчи бештари шаҳрвандон ба раъйпурсии умумихалқӣ, риояи қонунгузории амалкунанда  ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни семинарҳои омӯзишӣ  ба номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ  ҳуқуқ медиҳанд, ба ғайр аз шиноснома, корти идентификатсионӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ  ва дафтарчаи имтиҳоноти донишҷӯ, ҳамчунин дафтарчаи нафақа, шаҳодатномаҳои иштирокчии Ҷанги Бузургӣ  Ватанӣ  ва собиқадори меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда) ва шаҳодатномаи маъюбиро дохил кард. Ҳамин тавр,  номгӯи  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки ба шаҳрвандон барои гирифтани бюллетени раъйдиҳӣ   ҳуқуқ медиҳанд, аз шаш ба нуҳ адад расонда шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 440

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед