logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ин аст ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, - менависад муаллифи китоби «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала» сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо,-  Сарвари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд.

Навиштаҳои таҳқиқотии муаллиф дар ду фасл - «Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ» гирд оварда шудаанд.  Муаллифи рисола сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми шарифи Тоҷикистонро нисбат ба Сарвари муаззами худ шарҳ дода, даҳ дастоварди бунёдии ӯро ба риштаи таҳлил ва таҳқиқ кашидааст.
Агар ин дастовардҳои бунёдиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин ва зерсохторҳои зарурии ваҳдат барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Дар шакли китоби алоҳида ба нашр расидани мақолаҳои сиёсатшиноси тоҷик ва дастраси ҷомеа гардидани он барои дарки дуруст ва амиқтари ин масъала, ҳамзамон, роҳандозии корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ мусоидат менамояд.

Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 537

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед