logo

сиёсат

ЗАРУРАТИ ТАЪРИХӢ

22 майи соли ҷорӣ дар кишвари мо муҳимтарин маъракаи сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Хабирнигори рӯзнома андешаҳои чанд нафарро вобаста ба ин масъалаи муҳим пурсон шуд, ки муҳтавои суҳбат пешниҳод мегардад.

Шамсиддин Орумбекзода,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Бо боварии том метавон иброз намуд, ки дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи кишвар воридшаванда ба муътадилсозии вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар пешорӯи ин маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки мақсад ва моҳияти ин тағйиру иловаҳоро ба аҳли ҷомеа, бахусус кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наздикони худ фаҳмонем.
Бо итминон метавон иброз намуд, ки аҳли фарҳангу ҳунари кишвар ин зарурати таърихиро дуруст дарк намуда, бо иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, содиқ будани худро ба сиёсати фарҳангпарваронаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва якдилона ҷонибдорӣ намудани онро нишон медиҳанд.
  
Сайдулло Хайруллоев,
раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон
бо кишварҳои хориҷӣ
- Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳкими мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани сиёсати сулҳҷӯёна, афзун шудани эътибору обрӯи давлату миллати мо дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон заминаи муносиб гузоштааст.  
Тасмими ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити имрӯза ва талаби замон буда, барои таҳкими пояҳои низоми демократии кишвар, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандони кишвари мо кумак хоҳад кард.
Миллати тоҷик ва дигар қавму миллатҳои дар кишвари мо зиндагидошта хуб дарк кардаанд, ки ҳар иқдоми марбут ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия заминаи мусоидро барои боз ҳам тақвият бахшидани равандҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими суботу амният, пешрафт ва рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва баланд гардидани эътибор ва обрӯву нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.

Ҳ. САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 444

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед