logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИҚДОМИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ИБРАТБАХШ АСТ»

Дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.

Барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» 150 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад. Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд.
Сипас дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.
Корхона дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад. Сохтмони корхонаи мазкур бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2014 оғоз гардида буд.
Зимни шиносоӣ бо корхонаи нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми ибратбахш — бунёди корхонаи истеҳсолию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд. Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ҷониби ин соҳибкори ҷавону ботаҷриба дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аллакай корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз як миллион тонна семент ва бо садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шуда, сохтмони якчанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар ноҳияҳои дигар таҳти роҳбарии ӯ идома дорад. Сементи корхонаи «Ғаюр Суғд семент» ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва маҳсулоти корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешаванд.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ба корхона ворид ва корҳои сохтмонию насби таҷҳизоти технологӣ пурра иҷро шудаанд.
Аз 130 миллион сомонии маблағи бунёди корхона 35 фоизаш саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба хотири мукаммал кардани хати истеҳсолӣ дигар қисмҳои зарурӣ бароварда мешаванд, аз ҷумла, як сехи махсус бо ҳафт дастгоҳ профилҳои гуногунро истеҳсол менамояд, ки дар вақти истифода дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи варақаҳои гаҷӣ мебошанд. Қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд.
Инчунин дар ҳудуди корхона як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил карда шудааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро низ таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати мавод хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сол ба сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкории босамари Ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.
Баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи саноатӣ ва фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ифтитоҳи корхонаро ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ёвон муборакбод гуфта, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ибратбахш арзёбӣ кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 389

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед