logo

иҷтимоиёт

БОВАР

Дар роҳ ба сӯи ҳавлии амакам хонаи пиронсолон ҷойгир аст. Ҳавлии барҳавою сердолу дарахт ва равуои бошандагонаш дар назари аввал тӯйхонаро мемонад. Вале, афсӯс, ки аз ин ҷо овози суруду ханда ками андар кам ба гӯш мерасад. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди масъулонаш, бахусус дили дардманди модарони дар нимароҳмонда гӯйё табобатношуданист. Гиряҳои бамаротиб аз ханда зиёд доранд. Аксари онҳо ба ёди фарзанд хеле талх мегирянд.
Дар рӯ ба рӯи дарвоза кати чӯбине ҳаст, ки модарон ҷуфт - ҷуфт ҷамъ омада рози дил мегӯянд. Яке аз тақдири баду фалаки каҷрафтор шиква дораду дуюмӣ аз бемеҳрии пайвандон менолад. Вале холаи Хайринисо чун ҳамеша чашм ба роҳ аст ва чун ҳамеша такрор ба такрор мегӯяд: «Не, писари ман бемеҳр нест. Вай меояд, албатта, меояд. Ӯ ҳеҷ гоҳ маро намепартояд!»
Аз шунидани ин суханони модари пир дилам ба дард меояду ғайриихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад. «Заҳри одамро одам мегирад», - гуфта омадам, хола, нигоҳи маънидоронаи ӯро ҳис намуда.
- Гиря накунед, холаи Хайринисо, ҳамааш нағз мешавад, - дарди хешро фурӯ нишонда мегӯям ба ӯ. - Як рӯз не, як рӯз фарзандонатон ба худ меоянду шуморо аз ин ҷо мебаранд…
- Вақти бисёр гузашт,- оҳ мекашад модар, - дигар умедам намондааст. Фарзандонам фирефтаи молу сарвати дунё шуда, аз ману шабзиндадориҳоям кайҳо фаромӯш карданд. Ақаллан сарпаноҳамро намегирифтанд, ки набераҳоям дидорбинӣ меомаданд. Бовар надорам, ки онҳо ҳатто дар куҷо будани маро донанд. Бо фиреб хонаамро фурӯхтанд, бахшидам. Хонаи дабдабанок харидаанду кунҷаке бароям ҷудо накарданд, бахшидам, вале аз набераҳоям маро ҷудо карданашонро бахшида наметавонам. Ин дил месӯзад охир, дигар илоҷ надорам. Шукр гуруснаву бесарпаноҳ нестам тамоми бошандагони инҷо бо меҳр модарам мегӯянд, эҳтиромам мекунанд, вале боз ҳам дилам кашолу чашмам ба роҳ аст.
Бале, шароите ки дар ин макон таъмин аст, аз аксар хонаҳо камӣ надорад. Ҳам тозаву озода ва ҳам барҳавову дилрабо, вале на барои модароне ки ҳанӯз умед аз фарзандҳояшон накандаанд…
Тавре ҳамагон медонем, 22 майи соли равон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд, раъйпурсии умумихалқӣ доир мегардад.
Бояд гуфт, ки чунин тағйиру иловаҳо саривақтӣ буда, ҳадафи мушаххас доранд. Аз ҷумла, қисми дуюми моддаи 34 - и Конститутсия дар таҳрири зерин ифода шудааст: “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд”. Ин пешниҳод масъулияти фарзандонро дар нигоҳубин ва таъмини иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад. Яъне, фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани ин уҳдадорӣ нисбат ба фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Бовар дорам, ки баъди татбиқи ин тағйиру иловаҳо масъулияти фарзандон меафзояду теъдоди модарони чашминтизор дар хонаҳои пиронсолон коҳиш меёбад. Ҳамин тавр не?

 Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 401

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед