logo

фарҳанг

ИМЛО ИСЛОҲИ ҶИДДӢ МЕХОҲАД

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 таҳти № 458 қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба тасвиб расид. Ин қоидаҳо ба ҷойи имлои забони тоҷикӣ, ки аз 3 сентябри соли 1998 тасдиқ шуда буд, рӯи кор омад.

Ҳадафҳои асосии қоидаҳои имло аз он иборат аст, ки инсон маҳорату малакаи худро дар мавриди навишти ҳарфҳо ва аломатҳои китобатӣ ташаккул бидиҳад, меъёрҳои забони адабиро биомӯзад ва маҳорати фасеҳ баён кардани фикри худро рушду нумӯъ бахшад.

ДАР БОБИ БАЪЗЕ НАҚСҲО
Дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ якчанд масъалаҳое вуҷуд доранд, ки аз доираи назари таҳиягарон берун мондаанд. Ба назари банда, дар қоидаҳои имло нуктаҳои зерин ба назари эътибор гирифта нашудаанд:
1. Дар бораи пасванди - она- дар қоидаҳои имло маълумоте вуҷуд надорад, ки ба воситаи он аз исм сифат ё зарф сохта мешавад. Масалан, мустақилона, одилона, ҳарифона, солеҳона, шоирона ва ғайра.
2. Роҷеъ ба бандакҳою пасвандҳои - ият, - ят, - яш, - ҳо, - от, - вон дар қоидаҳои имло маълумоте дарҷ нагардидааст. Масалан, имконият, истиқлолият, вақти корият, вақти корияш, либоси варзишият, занҳо, назарҳо, шабҳо, пандҳо, калимот, маълумот, оҳувон, накӯвон ва ҳоказо.
3. Дар боби имлои шумора оид ба тарзи истифодаи калимаи “фоиз” ягон ишорае нарафтааст, ки калимаи иқтибосии туркиасли “фоиз”-ро истифода намоем ё ифодаи тоҷикии “дар сад”-ро? ҳол он ки ин нукта муҳим буд. Воқеан, қоидаҳои имлои пешина дар ин маврид андаке ҳам бошад, равшанӣ андохта буд, ки “фоиз бо тариқи зайл навишта мешавад: 5 фоиз, 100 фоиз, сад фоиз ва ғайра. Ба ҷойи калимаи фоиз таркиби дар сад низ истифода мешавад: панҷ дар сад, сад дар сад ва ғайра.
4. Зикри тарз ва мавриди истифодаи бандаку пасвандҳои  - е, -тар, -тарин -  дар қоидаҳои имло бояд ҷой медошт, ки мутаассифона, ин ҷиҳат низ сарфи назар шудааст. Масалан, ҳаракат (беҳаракатӣ)-е, шахсе, касе, уштуре, бузургтар, болотар, беҳтарин, мушкилтарин ва ҳоказо.
5. Ҷузъҳои феъли ҳол бо пасванди - ӣ: содиркунӣ, содиршавӣ ва ғайра дар қоидаҳои имло ифода наёфтаанд.
6. Дар замоне, ки воҳиди пул “сӯм” буд, мо мегуфтем, ки пули 20 - сӯма ё 20 - сӯмӣ. Ҳоло ки воҳиди пули миллиамон “сомонӣ” аст, мо бояд ба ҳайси сифати миқдорӣ чӣ тавр баён намоем? Пули 20 - сомония, 20 - сомонигӣ ва ё 20 - сомона. Воқеан, ин шакл ҳоло серистеъмол аст ва маълум нест, ки ҳарфи “ӣ” барои чӣ ҷойи худро ба садоноки “а” додааст? Дар ин бобат низ қоидаҳои имло моҳиятан ягон рӯшанӣ наандохтааст.
7. Ба андешаи мо, хеле хуб мешуд, агар дар қоидаҳои имло роҷеъ ба пасванди -иш маълумоте дарҷ мегашт. Зеро имрӯз аксари мардум, ҳатто забоншиносон дар тарзу усулҳои истифодаи он мушкилӣ кашида, ба дарки маъное намераванд, ки он пасванди исмсоз буда, бо роҳи ҳамроҳ шудан ба феълҳои супоришӣ вазоифи хешро адо менамояд. Масалан, супор - супориш, фармо - фармоиш ва ҳоказо. Вале дар воситаҳои ахбори омма бисёр ба назар мерасад ва садо медиҳад, ки пасванди мазкурро на ба феъл, балки ба исми “иҷро” ҳамроҳ карда, калимаи нодурусти “иҷроиш”- ро месозанд, ки ин аз ноогоҳии баъзеҳо гувоҳӣ медиҳад.

МУШКИЛАИ ҲАРФИ “Ӯ”
Мавзӯи аз ҳама баҳсбарангези  қоидаҳои имло ҳарфи «ӯ» мебошад. Барои ба мақсад наздик шудан  ба қоидаҳои имло назар меафканем, ки қаблан чӣ гуфта мешуд ва ҳоло чӣ тартиб роиҷ аст. Дар қоидаҳои имлои соли 1998 баён гашта буд, ки “ҳарфи ӯ (вов - и маҷҳул) дар аввал, мобайн ва охири калима навишта мешавад: ӯгай, ӯймоқ, зӯр, дӯст, омӯхтан, бӯ(й), мӯ(й) ва ғайра.” Қоидаҳои имлои нав бошад, овардааст: “ҳарфи ӯ (у - и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғ. Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.”
Агар жарфтар таҳлил намоем, аён мегардад, ки дар қоидаҳои имлои нав чандон навоварии ҷиддие доир ба ҳарфи “ӯ” ворид нашудааст. Аввалан, танҳо таъбири “вов”- и маҷҳул сарфи назар гардидааст. Сониян, дар аввали калимаҳо навишта шудани ҳарфи “ӯ” ҳазф гаштааст, ки решаи ҳамаи онҳо туркӣ буд. Магар муаллифони қоидаҳои имлои пешина намедонистанд, ки он калимаҳо решаи туркӣ доранд? Ба онҳо ин нукта рӯшан буд. Он калимаҳои туркиасос ҳамчун вожаҳои иқтибосӣ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ илова шуда буданд. Гузашта аз ин, дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба туркӣ будани ин гуна калимаҳо ишорат ҳам рафтааст. Дар ягон ҷойи қоидаҳои имлои нав зикр наёфтааст, ки “пеш аз ҳарфҳи «ҳ» ва «ъ»  (аломати сакта) ҳарфи «ӯ» навишта намешавад.”
Аслан, банда бар он назарам, ки ба ҳарфи «ӯ» ягон ниёзе вуҷуд надорад. Мо гумон мекунем, ки агар ин ҳарф аз алифбо хориҷ гардад, тамоми мушкилоту баҳсҳои бебунёд рафъ мегарданд. Беҳтар аст, ки мо дар ҳама маврид як ҳарфи «у» нависем. Бигзор намояндаи ҳар маҳал тибқи вижагии овоийи маҳали худ онро талаффуз намояд. Дар забони адабӣ бояд як «у» бошад.

Усмоналӣ ХОЛИҚЗОДА,
прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ,
мониторинги қонунгузорӣ вамаркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2016    №: 80    Мутолиа карданд: 679

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед