logo

иҷтимоиёт

ТАЪМИРИ ПУЛ МУШКИЛ НЕСТ, АММО…

Имсол баҳор хеле сербориш омад. Ин, аз як ҷиҳат, барои деҳқонон ва боғдорон мусоид бошад, аз ҷиҳати дигар барои хоҷагии халқ мушкилоти муайянеро низ ба вуҷуд овард.
Аз ҷумла, рӯзи 25 март дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва омадани сел пули деҳаи Алибойи Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ харобу валангор гардид.
Вайрон шудани пул ба раванди муътадили ҳаёти сокинони деҳа халал ворид намуда, мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Зиёда аз як моҳ мешавад, ки мо бо сабаби аз кор баромадани пул азоб мекашем. Ва ҳам  наметавонем, ки сари вақт ба ҷойи кор ва таҳсили худ бирасем.
Мошинҳои шахсӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба таври мунтазам фаъолият карда наметавонанд. Сокинони деҳа маҷбур ҳастанд, ки роҳи дарозеро пиёда тай намуда, дар нимароҳ аз як мошин ба мошини дигар бинишинанд. Дар натиҷа вақту маблағи зиёде сарф мешавад.
Дар ин муддат сокинони деҳа кӯшиши зиёде ба харҷ доданд, ки пулро таъмир намуда, рафтуомади мусофирон ва нақлиётро таъмин намоянд. Аммо таъмири он кори ниҳоят серхароҷот буда, вақт ва маблағи муайянеро талаб менамояд. Бинобар ин барои ҳалли ин мушкилот кумаку дастгирии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия лозим меояд.
Тавассути талошу заҳматҳои шабонарӯзии  Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон, бахусус ноҳияи Рӯдакӣ, гул барин шукуфта истодааст. Ман муътақидам, ки таъмири як пул барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия кори мушкиле нест. Эътимод ва боварии мардум дар ин самт мушкилкушо хоҳад буд. 

Хулқар ҚУРБОНХОЛОВА, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 430

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед