logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНД. ТАРБИЯИ Ӯ МАСЪУЛИЯТЕСТ, КИ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

Аз тарафи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда 742 ҳодисаи қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон сабт гардидааст, ки 86 ҳолати он якҷо бо калонсолон ва 113 ҳолат бо гурӯҳҳои ҷинояткор содир  шудааст.
Бино ба гуфтаи Зебуннисо Холдорбекова, муовини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғон суст ба роҳ мондани тарбия дар муҳити хонаводаву мактаб, ба таҳсилу машғулиятҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои гуногун ҷалб нашудани онҳост. Тибқи маълумот, бе иҷозату маслиҳати волидон сари чанбараки воситаҳои нақлиёт нишастан, берун аз соатҳои дарсӣ машғули корҳои ношоиста будани ноболиғон низ бештар ба мушоҳида мерасад. Соли гузашта 17 садамаи нақлиётӣ маҳз бо иштироки ноболиғон содир шуда, 1527 нафар бинобар дар вақти дарс ба бозиҳои компютерӣ машғул шудан, дастгир шуд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  9368 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тартиб дода шуд, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд. Дар ин маврид ёдовар бояд шуд, ки ба қонуни мазкур уҳдадории дигаре илова гардид.  Мувофиқи он, волидон фаъолияти интернетии фарзандонашонро бо ёрии операторон ва провайдерҳои  хизмати алоқаи барқӣ назорат мекунанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани хонандагон, ҳифзи саломатии онҳо ва самаранок истифода бурдани соатҳои дарсӣ ҳанӯз соли 2008 бо қарори махсус хонандагон ва донишҷӯёнро аз корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта озод намуд. Аммо иддае аз падару модарон бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур карда, онҳоро ба боркашониву бозорнишинӣ, пулчинӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳатто корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб менамоянд. Вақте ки фарзанди аз хату савод дурашон даст ба ҷиноят мезанад, ба ҷои гиребонгири худ шудан, ҳазору як баҳонаву сабабро пеш меоранд. Ҳатто бовар намекунанд, ки фарзанди онҳо кайҳост чун ҷинояткор ташаккул ёфтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли гузашта 517 нафар дар бозорҳо, 444 нафар ҳангоми ҷамъоварии роҳкиро дар воситаҳои нақлиёт, 416 нафар дар вақти шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнагардида дастгир гашта, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Масъалаи ҳалталаби дигар ин рӯ овардани бархе аз наврасону ҷавонон ба кашидани сигор, нос ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аст. Имрӯзҳо нӯшокиҳое, ба монанди “Red Bool” “Energi” пайдо шудаанд, ки гӯё неру меафзоянду маст намекунанд, аммо дар асл ин ҳама чашмбандие беш нест.
- Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда хотира, лаёқат ва неруи наврасонро суст карда, ба фаъолияти ҷамъиятии онҳо латма мезанад. Вақте навраси ноогоҳ як-ду маротиба аз ин маводи зараровар истифода кард, ҷисмаш суст, ҳавсалааш барои азхудкунии фанҳои таълимӣ пир мегардад. Аз назари равонӣ бошад, худро калонсол пиндошта, танбал ва гапнодарову ноқобил мешавад, - мегӯяд равоншинос Гулрӯи Сарфароз.
Тайи чанд соли охир масъалаи даст ба худкушӣ задани наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Масалан, соли гузашта 93 нафар ноболиғ суиқасд ба ҷони худ кард, ки нисбат ба солҳои пеш тамоюли афзуншавӣ дорад. Гулрӯи Сарфароз яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани ноболиғонро ба беэътибории падару модарон рабт медиҳад. Яъне, волидон андешаву афкори шахсии фарзанд ва баъзе вижагиҳои синнусолии ӯро ба инобат намегиранд. Фарзанд чӣ қадаре бузургтар шавад, ҳамон қадар ӯро бо баҳонаи “мустақил шуд” аз худ дур мекунанд. Ҳол он ки духтару писар ба  маслиҳату ёрии волидон асосан дар синни балоғат ниёзи бештар доранд.
Соли сипаришуда аз ҷониби Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон 54 нафар ноболиғи душвортарбия ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ фиристода шуд. Айни замон 489 нафар дар қайди профилактикӣ қарор дорад. Масъулони соҳа ҳар сол бо даҳҳо нафар ноболиғи дастгиршуда корҳои инфиродӣ, тарбиявӣ ва профилактикӣ гузаронда, онҳоро аз нав ба оила ва муассисаҳои таълимӣ бармегардонанд. Аз ин ҳама бармеояд, ки танҳо дастгир кардани ноболиғони қонуншикан ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо роҳи ҳалли масъала нест. Беҳтар он аст, ки падару модарон ҳамеша бояд барои неку бади фарзандони худ ҷавобгариву масъулият ҳис кунанд ва лаҳзае аз тарбияи онҳо фориғ набошанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 381

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед