logo

иқтисод

СУҒД. 80 ДАРСАДИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА ТАЪМИР НИЁЗ ДОРАНД

Баҳори имсола дар қиёс ба солҳои қаблӣ хеле барвақт омад ва ин ҳолат кишоварзонро водор сохт, ки дар ҷараёни кишту кор  ба реҷаи кориашон тағйирот дароранд. Бо назардошти он ки 70 дарсади обёрӣ дар вилояти Суғд тавассути пойгоҳҳои обкашӣ  сурат мегирад, зарурат пеш омад, ки мавсими обёрӣ низ барвақт шурӯъ шавад. Фаъолияти кишоварзони навоҳии Зафарободу Мастчоҳ бошад, пурра ба пойгоҳҳои  обкашӣ вобаста мебошад. Вазъи таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ чӣ гуна аст ва барои зудтар анҷом додани ин амал ба мавсими имсола чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
Зафарҷон Давлатзода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, иброз дошт, ки ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти ёрирасони таъмини об аз ҳисоби буҷети вилоят ба ноҳияи Зафаробод 850 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 4 миллион сомонӣ, Панҷакент  1 миллион сомонӣ, Ашт 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаи шабакаҳои обёрӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ мувофиқи нақша  омодаи кор шуда, нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пештар ба фаъолият шурӯъ карданд.
- Албатта, дар ҷараёни таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳо, муҳаррикҳо ва дигар таҷҳизоти соҳа баъзе нуқсонҳои техникӣ ба мушоҳида мерасанд, зеро муҳлати лоиҳавии истифодабарии ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ кайҳо ба охир расида, имрӯз танҳо ба  шарофати таъмири саривақтӣ онҳо «умри дубора» меёбанду кишоварзон бо об таъмин мешаванд, - мегӯяд Зафарҷон Давлатзода. 
Ба хотири боз ҳам беҳтар таъмин кардани хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Зафаробод, ки ҳамасола аз норасоии об мушкилӣ мекашанд, дар дурдасттарин минтақаи ин ноҳия 20 чоҳи амудӣ ба хизмати  деҳқонон омода ва аз ин ҳисоб наздики 550 гектар замини 36 хоҷагии деҳқонӣ минбаъд бо об таъмин мешаванд.
Имрӯз  80 дарсади пойгоҳҳои обкашӣ дар қаламрави вилояти Суғд ба таъмири асосӣ ё комилан иваз кардани муҳаррику дигар қисмҳои эҳтиётӣ ниёз доранд.
Бино ба иттилои Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини аввали сардори ҳамин раёсат, танҳо барои дастрасии як муҳаррики нави пойгоҳ 10 миллион сомонӣ маблағ зурур аст. Зиёда аз ин, солҳои охир дар ҳамкорӣ бо  идораҳои фурӯши барқ низ бо сабаби аз ҷониби раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи неруи барқ бе огоҳӣ қатъ кардани  неруи барқ ба мушоҳида мерасад, ки кори муътадили  пойгоҳҳои обкаширо халалдор карда, ба сар задани садамаҳои техникӣ оварда мерасонад. Ҳол он ки вазъи молиявии раёсат бинобар сари вақт пардохт нашудани маблағи истифодаи об аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ хуб нест. Агар дар давраи мавсими обёрии соли 2015 аз ҷониби раёсат ба хоҷагиҳои кишоварзии навоҳии вилоят ба арзиши зиёда аз 28 миллион сомонӣ обрасонӣ шуда бошад ҳам, пардохт  ҳамагӣ 18 миллион сомониро ташкил доду бас. Қарзи умумии истифодаи об аз ҳисоби ҳаққи хидмати обрасонӣ дар шакли афзоиши  солҳои охир то имрӯз ба 17,6 миллион сомонӣ расидааст. Қарзи истифодаи об дар ноҳияи Мастчоҳ ба 6,6 миллион, Зафаробод - 6 миллион, Бобоҷон Ғафуров ба - 2,2 миллион сомонӣ баробар аст. Сарфи назар аз он ки имрӯз дар вилоят 240 ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият дорад, дар самти ҷамъоварии маблағи пардохти ҳаққи хизмат беҳбудӣ ба чашм намерасад. Ва бо ҳамин ваҷҳ бисёр мутахассисони кордидаву ҳирфаии раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии навоҳии вилояти Суғд бинобар сари вақт нагирифтани музди маош тарки вазифа мекунанд. Қарзи музди меҳнат бошад, то имрӯз дар раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят  6 миллиону 257 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарфи назар аз камбудиҳои ҷойдошта мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ҷиҳати муътадил бо об таъмин кардани кишоварзони вилоят талош меварзанд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 497

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед