logo

сиёсат

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО. ҲАДАФҲОИ БУНЁДИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТРО ПАЙГИРӢ ДОРАНД

22 майи соли ҷорӣ дар кишвар маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва имрӯзҳо дар саросари мамлакат чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ  идома доранд. 

Тибқи қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Суди конститутсионӣ масъалаи муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мансуб мебошад. Бо назардошти ин салоҳият то эълон гардидани раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бо қарори Суди конститутсионӣ, аз 4 феврали соли ҷорӣ, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия   мутобиқ дониста шуданд. 
Зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инкишофи давлату ҷомеа, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим вобаста мебошанд, ки онҳо мутобиқ гардондани меъёрҳои Қонуни асосиро ба шароити тағйирёбанда, хусусан рушдёбандаи ҷомеа асоснок мекунанд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститут¬сия падидаи нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин амал дар ҳамаи  кишварҳо анҷом дода мешавад ва қонунҳои асосии давлатҳо бо мурури замон ва талаботи ҷомеа такмил меёбанд. Бинобар ин, вобаста ба зарурати таърихӣ, пешрафти ҳаёти инсонӣ, дарку эҳсоси набзи зиндагӣ дар ҷомеа, дар радифи идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар, ду маротиба, яъне солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид  шуда буданд. Онҳо барои ба талаботи замон мутобиқ гардондани меъёрҳои Конститутся, такмили он ва ба вуҷуд омадани падидаҳои нави демократӣ  мусоидат карданд.
Тағйиру иловаҳои нави ба Конститутсия пешниҳодшуда низ ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, бо тақозои замон ва талаботи ҷомеа ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ  равона гардидаанд. Ҳамзамон, тағйиру иловаҳо арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, барои такмили низоми сиёсӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд ва идомаи мантиқии меъёрҳои амалкунандаи ин санади олии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, тибқи онҳо истилоҳ ва ибораву калимаҳо мукаммал гардида, вожаҳои меъёрҳои он бо назардошти имлои забони давлатӣ дақиқ навишта мешаванд.
Тибқи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба моддаи 8  пешбинӣ шудааст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.  Имрӯз таҷрибаи вазъи мураккаби бархе аз давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки бинобар бе назорат мондани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки манбаи маблағгузории онҳо аз давлатҳою созмонҳои хориҷӣ ё худ аз ҷониби шахсони ҳуқуқию шаҳрван¬дони хориҷӣ сарчашма мегирад, боиси ноором гардидани суботи давлату ҷомеа гардида, сабаби сар задани муноқишаҳои дохилӣ ва ба миён омадани вазъи мураккаби сиёсӣ гардидааст.
Фаъолияти ҳизби сиёсӣ ҳамчун ниҳоди ҷомаеи шаҳрвандӣ ба иштирок дар ҳаёти сиёсии давлату ҷомеа тавассути баамалбарории принсипи демократии гуногунандешии сиёсӣ равона гардидааст ва он набояд динро ба сиёсат омехта намояд, ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё ҳамчун созмони динӣ фаъолияташро пеш барад. Вазифаи асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин, ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Истифодаи дин чун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ  амали нодурст ва хато буда, ин амал ба принсип ва арзишҳои демократӣ мувофиқат намекунад. Конститутсия мушаххас дар моддаи 8 пешбинӣ намудааст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Дар фазои ҳуқуқии кишвар имрӯз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардидаанд, амал мекунанд ва ин ниҳодҳо бояд танҳо дар доираи қонунгузории мавҷуда фаъолият карда, ба амалҳои ғайриоинномавии худ роҳ надиҳанд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳо дар ин самт ба мақсади пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагӣ, амнияти давлат, ҳифзи арзишҳои истиқлол, бехатарии ҷомеа, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии тафриқаандозӣ миёни мардум равона гардидааст.
Ба ин маънӣ тағйиру иловаҳо дар маҷмӯъ ба мукаммал намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ равона гардида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд ва ба таҳкими амнияти давлату миллат ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 490

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед