logo

сиёсат

РАЪЙПУРСӢ БА НАФЪИ ҶОМЕА АСТ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари кориаш ба Федератсияи Русия бо намояндагони корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва роҳбарони намояндагиҳои мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия оид ба раъйпурсии умумихалқӣ дидору гуфтугӯ намуд.

Бино ба иттилои Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни мулоқот Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов перомуни омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода - ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, кормандони сафорат бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат, ки аз фаъолон ва роҳбарони диаспораҳои тоҷики минтақаҳои гуногуни Русия иборат мебошанд, мунтазам мулоқот анҷом дода, онҳоро барои ба раъйдиҳандагон фаҳмондани зарурияти тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷалб намудааст.
Ҳамзамон, дар сафорат ҷаласаи махсуси машваратӣ бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва кормандони масъули сафорат, доир гардид. Дар он масъалаҳои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ, пурзӯр намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии ин маъарака дар қаламрави Федератсияи Русия, ташкили ҳавзаи раъйпурсӣ ва ҳайати комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Айни замон дар шаҳри Маскав се гӯшаи иттилоотӣ доир ба раъйпурсӣ дар назди сафорат, хадамоти консулӣ ва меҳмонхонаи «Ҳукумати Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.
Имомуддин Сатторов зикр кард, ки сафорат ҷиҳати огоҳии бештар пайдо намудани ҳамватанони муқими Русия бо истифода аз зарфиятҳои иттилоотии худ тадбирҳои муассир андешидааст. Аз ҷумла, дар сомонаи сафорат бахши алоҳидаи вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки дар он маълумот оид ба мақсад ва моҳияти раъйпурсӣ ҷо дода шудааст, фаъол гашт. Рӯзномаи «Тоҷикони Россия»  бо теъдоди 50 ҳазор нусха нашр ва дастраси ҳамватанон гардид, ки дар он низ маводи зарурӣ ва даъват барои иштирок дар раъйпурсӣ чоп шудааст. Бо ибтикори сафорат мусоҳибаи сафир дар хабаргузории «Россия сегодня», бахши «Россия для всех» пахш гардид. Дар ин робита, сафорат нашри маводи таблиғотӣ ва маълумот дар бораи участкаҳои раъйпурсӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Екатеринбургро дар ВАО - и кишвар ва паҳн кардани онҳоро дар фурудгоҳҳо ва вокзали роҳи оҳани Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, мувофиқи мақсад меҳисобад. Сафорат ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, консулҳои фахрии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт - Петербург ва Краснодар дастур дод, ки бо ҳамватанон вохӯрда, корҳои таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳар ҳафта ба сафорат ҳисобот манзур намоянд.
 Шукурҷон Зуҳуров зимнан иброз дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расондани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши чашмрас бозида, аз нуқтаи назари манфиатҳои давлатию миллӣ танҳо ба нафъи ҷомеа аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 341

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед