logo

сиёсат

МЕҲРНОМА ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Зиёиёни вилояти Суғд баробари тамоми халқи бунёдкори Ватани биҳиштосоямон, муайян гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (16 ноябр) бо шодмонӣ ва рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Мардуми одӣ, олимону зиёиён, адибону омӯзгорон, хуллас аҳли заҳмати вилоят таҳлилу хулосаҳои Шуморо  оид ба рушди ҳазорсолаи сеюм ва мақому манзалати Тоҷикистон дар он бо итминони комил мақбул карда, боварӣ изҳор менамоянд, ки дар марҳалаи нави давлатсозию давлатдории тоҷикон Шумо чун даҳои раҳнамо, Сарвари андешапарвар ва роҳбари барҷастаи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ҷомеаро сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун хоҳед буд. Дилпурона тазаккур медиҳем, ки халқи муҳаббатофарини мо ҳамеша бар зидди амалҳои номатлуб, амсоли тундгароӣ, терроризм, ифротпарастии мазҳабӣ муборизаи беамон мебурд ва минбаъд низ чунин хоҳад кард. Инро мо аз мулоқотҳои самимона, суханрониҳои пурҳарорату бомуҳаббат ва садоқатмандонаи одамони касбу кори гуногун баръало эҳсос мекунем.
Ҳоло давлати мо ба як мамлакати ягонаи пурқудрат табдил ёфтааст ва чунонки таъбири халқ тавсиф мекунад, имрӯз Шумо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷи шавкату шаҳомати миллат, ливои сарафрози тамоми комёбиву зафарҳо, ҷаҳонсолори неруманди афкору андешаи миллӣ ҳастед. Нерумандии давлати мо на дар қудрати силоҳ аст, балки дар тафаккури озодибахшу андешаи сулҳхоҳона, панду андарзи инсонгароёнаю ҷаҳондории дастаҷамъона таҷассум меёбад ва халқи хирадманди мо инро ҳамеша аз гуфтори Шумо тарғиб менамояду чун нури чашм ҳифз мекунад.
Шумо  бо адолатпарвариву инсондӯстӣ, меҳру муҳаббати азаливу гунаҳбахшандагӣ бори дигар собит кардед, ки сиёсати таҳаммулпазирӣ, хирадпешагӣ ва адлгустарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи тарбиявӣ, эҳтироми ҳуқуқи башар ва шинохти асолати садоқатмандию муҳаббат ба Ватанро дорад.
Бо эҳтирому ҷонибдории эътиқод-мандона ба Шумо изҳор менамоем, ки рафтор, гуфтор ва кирдори пандомӯзонаатон на танҳо барои мардуми кишвари мо, балки ба кулли инсонҳои минтақа ва ҷаҳони муосир таъсири амиқ мебахшанд. Барои чунин адолати ҷавонмардонаю бузургворона ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати бепоён, умри бардавом ва сарбаландиҳои қуллаҳои кӯҳистони Тоҷикистонро таманно  менамоем. Ба бахти халқи бунёдкор Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод!

Бо эҳтиром ва сипосмандии аҳли эҷод ва зиёиёни вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2016    №: 81    Мутолиа карданд: 440

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед