logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНДОНРО БА КӮЧАИ САРБАСТА НАБАРЕМ

Имрӯзҳо айбу ҷурми ҷавононро «рӯи об баровардан», рафтору гуфтору кирдори онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифтан, танҳо ҷиҳатҳои манфии фаъолияти онҳоро нишон додан, гӯиё одат шудааст.

Баъзе вақтҳо аз тамошои телевизиону хондани рӯзномаҳо ҳайрон мешавам, ки барои як зумра журналистону нависандагон дигар мавзӯе ёфт намешавад, ки гӯянду нависанд. Сари ин масъала агар жарфтар андеша намоем, маълум мешавад, ки насли ҷавоне, ки танқидаш мекунем, фарзандон ва хешу пайвандони мову шумоянд.
Аз ин маълум мешавад, ки бартарафсозии масъалаҳои марбут ба ахлоқу одоб ва донишу ҷаҳонбинии онҳо танҳо аз камбудӣ ҷустану «бонги хатар» задан иборат нест, баръакс агарчи мушкил аст, гаштаву баргашта ба тарбияи фарзандон камари ҳиммат бастан, дар ташаккули шахсияти онҳо аз роҳу усулҳои муосир кор гирифтан вазифаи инсониву виҷдонии мост на каси дигар.
Ин ҷо сухан на фақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сару либос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқоду эътимодҳои маънавист, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бузургро молик аст.
Дар ин маврид ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар замони мо масъалаи дину эътиқод ва мазҳаб аз масъалаҳои бисёр нозук аст. Тариқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда хурсанд шудам, ки фанни диншиносӣ ҳамчун фанни иловагӣ ба барномаҳои дарсӣ ворид шудааст. Зеро насле, ки аз хурофоту таассуб раҳоӣ меёбад, худ аз худ дину пайғамбар ва бузургони миллаташро мешиносад. Шинохти худӣ бошад, бешубҳа ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.
Хушбахтона, мо аз он миллатҳое нестем, ки барои тарбияи насли худ ба адабиёту фарҳанги ғайр муроҷиат намоем. Беҳтарин сарчашмаи адабу ахлоқ осори гаронбаҳои шоирону мутафаккирони мост, ки бо кӯшишу талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба теъдоди зиёд нашр шудаанд. Дар робита ба ин Пешвои миллат нуктаи муҳимеро арзёбӣ кардаанд, ки боиси такрор аст: «Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, хулоса аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд онҳоро дуруст истифода барем».
Яке аз бартариҳои фарҳангу адаби мо аз он иборат аст, ки ҷанбаи ватандӯстиву гумманизми он бениҳоят баланд аст ва инсонро новобаста аз гирифториҳою сардаргумиҳояш дар ҷодаҳои рӯзгор ҳатман ба оянда хушбин мекунад. Имрӯз сад дар сад ғалат аст, ки мо фарзандони худро бо баҳонаҳои муҳоҷир шудан, ҷойи кор наёфтан ва маблағи таҳсил надоштан ба оянда дилсард карда, аз овони наврасиаш зеҳни ӯро ба ҳавову ҳаваси молу пул ва хонаву мошин пур кунем. Ба гуфтаи бобоёнамон ин кори мо доман ба чормағзи пуч пур кардан асту халос.
Ҷиҳати асосии кори мо, ки назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аст, водор мекунад, то дар давоми фаъолият бо чандин нафар ҷавононе дар ҳолатҳои гуногун қонуншиканӣ кардаанд, рӯ ба рӯ шавем, суҳбатҳо гузаронем. Дар ин байн аз қиссаҳои рӯзгори онҳо шунавему барои худ ҳамчун сабақи зиндагӣ қабул кунем.
Сабаби навиштани ин матлаб низ ҳаёти талхи ҳамин ҷавонон аст. Бисёрии онҳоро мепурсем, ки сабаби даст ба ҷиноят заданат чист, ҷавоб медиҳанд, ки ба даст овардани молу давлати муфт ва соҳиби хонаву мошинҳои замонавӣ шудан, онҳоро ба ин кӯчаи сарбаста овардааст. Саволе ба миён меояд, ки ҳавою ҳаваси «таъҷилан» бою соҳибмулк шуданро дар тафаккури онҳо кӣ парвариш додааст? Посух аллакай муайян аст ва намехоҳем ин ё он гурӯҳи муайяни ҷомеаро махсус гунаҳкор хонем.
Агар тифли мову шумо дар кӯдакиаш панду насиҳат шунавад, эҳтироми калонсолонро омӯзад, қиссаҳои ибратбахши гузаштагонро хонад, модару падарашро чун чеҳраҳои идеалӣ пазирад, ҳаргиз чизпарасту дунёпараст намешавад ва асло ба ин ё он гурӯҳи иртиҷоӣ пайванд намегардад.
Дар поёни сухан боз ҳам гуфтаҳои Пешвои миллат ҳақиқати худро нишон медиҳанд: «Сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад».

 Азиззода Рустам ҚУРБОН,
ёрдамчии калони прокурори назорати
иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ
ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 483

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед