logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Айналишо Айналишоев, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Бо баъзе сабабҳо аз қайди никоҳи давлатӣ нагузашта, оила барпо кардам. Фарзанди ягонаи 2,5 - солаамонро оилаам, бе иҷозати ман, ба хонаи модараш бурду тасмим гирифтааст, ки ҳамон ҷо бимонад. Ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба хонаашон омада, фарзандамро бинам. Оё ман ҳуқуқи дидани фарзандамро дорам?
 Э. Раҳматов, сокини шаҳри Қайроққум

- Аз саволатон фаҳмидан душвор аст, ки падарии шумо нисбат ба фарзандатон тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда муқаррар гардидааст ё не (хуб мешуд, ки ба ин нукта равшанӣ меандохтед). Агар падарии шумо муқаррар нагардида бошад, пас зарур аст, ки аввал падариатонро бо тартиби муайянкардаи қонун муқаррар намуда, баъдан барои ҷудо намудани вақти муайян ҷиҳати муошират бо фарзандатон ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли зистатон бо ариза муроҷиат кунед.


- Чӣ тавр иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд фаъолияти худро қатъ намоянд?
С. Фозилов,
 сокини ноҳияи Роштқалъа

- Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ихтиёри худ ё бо тариқи судӣ барҳам дода мешаванд. Дар ин бора ба мақомоти бақайдгиранда бо ариза муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: эълон дар рӯзномаи маҳаллӣ, шаҳодатнома ва оинномаи ташкилоти ҷамъиятӣ, протоколи маҷлиси умумӣ оид ба қатъи фаъолият, маълумотнома аз кумитаи андоз оид ба набудани қарздорӣ дар назди буҷет.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” барои барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он чунин асосҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ мунтазам анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии он мухолифат менамояд, бартараф накардани камбудиҳое, ки барои баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттии мақомоти прокуратура ва бақайдгиранда асос гардидаанд.
Ариза дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти бақайдгиранда ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ба суд пешниҳод карда мешавад. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳалномаи суд маънои онро дорад, ки фаъолияти иттиҳодия, сарфи назар аз мавҷудияти бақайдгирии давлатии он, манъ карда мешавад. Иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.

 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 465

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед