logo

иқтисод

МОҲИИ БАДАХШОН. ДАР КӮЛҲО ЗИЁДУ ДАР БОЗОР КАМ, ЧАРО?

Ба гуфтаи Адолат Ҳайдарова, сармутахассиси раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, захираи моҳӣ дар кӯлҳои хурду бузург сол то сол афзоиш меёбад.

Ба ғайр аз Яшилкӯл ва Булункӯл, ки дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб воқеъ мебошанд, дар кӯлҳо ва обанборҳо ҳамасола метавон беш аз 100 тонна моҳӣ сайд кард. Дар ҳамин ҳол Шодӣ Солеҳҷонов, сардори мудирияти минтақавии Парки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ, мегӯяд, ки кӯли Сарез низ барои парвариши моҳӣ шароити хуб дорад. Барои таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ ва рушд додани соҳа Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар вилоят ҳоло 14 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии моҳипарварии Булункӯл соли гузашта 22 тонна моҳӣ сайд намудааст. Ин дар ҳолест, ки дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши шаҳри Хоруғ ва деҳоти вилоят бештар гӯшти моҳии аз хориҷи кишвар воридшуда ба мушоҳида мерасад.
Бино ба гуфтаи сардори Ассосиатсияи моҳипарварони вилоят Мунир Шоҳраҳматуллоев, моҳипарварон бо сабаби мавҷуд набудани шароити лозимӣ имконияти истифодаи захираи моҳиро дар кӯлҳои ҳудуди вилоят надоранд. Дар вилоят беш аз 120 кӯл ва ҳавз барои парвариши моҳӣ мавҷуд аст. Ин барои рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалӣ намудани барномаи давлатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имконияти хубест. Мутаассифона, то ҳол пешниҳоди Ассосиатсияи моҳипарварони вилоят оид ба рушди соҳа дар сатҳи вазорат ҳалли худро наёфтааст. Мунир Шоҳраҳматуллоев мегӯяд, ки мо барои дастрас намудани мошини яхдондор муроҷиат кардем, аммо масъулин барои ҳалли мушкилоти моҳипарварон то ҳол чорае наадешидаанд.
 Раҳмони ГУЛЗОР
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 687

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед