logo

ҳуқуқ

РӮДАКӢ: 8413 НАФАР БОРИ АВВАЛ ОВОЗ МЕДИҲАНД

- Рушди устувори ҷомеаи муосир ҳамеша ба такмили меъёрҳои конститутсионӣ ниёз дорад. Такмили меъёрҳои конститутсионӣ бошад, дар навбати худ талаб мекунад, ки қонунҳои амалкунанда такмил ёбанд. Дар натиҷа барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити бештару хубтар фароҳам меояд.
Аз ин рӯ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раъйпурсии умум пешниҳод намудани он амри саривақтист ва ҳар фарди боору номуси кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ба ин васила, саҳми худро дар рушду инкишофи кишвари хеш гузорад. Аз ҷониби дигар, иштироки фаъоли мардум дар ин маърака ба он вобастагӣ дорад, ки мо то кадом андоза тавонистем зарурати ин тағйиру иловаҳоро ба онҳо фаҳмонем,- мегӯяд Зайниддин Арбобов, раиси ҳавзаи раъйпурсии Рӯдакӣ № 11.
Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ дар ноҳия шумораи иштироккунандагон дар ин маърака 245237 нафар мебошад. Аз ҷумла, 8413 нафар бори аввал дар ин маърака иштирок хоҳанд кард. Аъзоёни комиссияи ҳавза миёни ҷавононе, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд ва дар ин маърака иштирок менамоянд, мунтазам вохӯриҳо доир намуда, атрофи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешкаш менамоянд. Бандҳо ва нуктаҳои муҳиме, ки дар онҳо тағйирот ворид шудааст, бозкушоӣ мекунанд. Ба иттилои Зайниддин Арбобов аъзои комиссияи ҳавза дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Эсанбой, Роҳатӣ, Чоряккорон низ бо раъйдиҳандгон чунин вохӯриҳо гузарондаанд.
 “Ба хотири бештару хубтар огоҳ намудани мардум аз муҳтаво ва аҳамияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, дар ноҳия корҳои назаррасе иҷро шуда истодааст. Барӯйхатгирии раъйдиҳандагон сари вақт ба охир расида, ба онҳо тақсим намудани хабарномаҳо ва фаҳмондани тарзи дуруст пур кардани бюллетенҳо аз масъалаҳои муҳимест, ки аъзои коммиссияи ноҳия ба он таваҷҷуҳи бештар доранд. Дар ноҳия 144 участкаҳои раъйпурсӣ ташкил шудааст, ки ҳамаи онҳо шомили ҳавзаи интихоботии № 11 мебошанд”- мегӯяд З. Арбобов.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 422

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед