logo

ҳуқуқ

РАЪЙПУРСӢ - ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дорад.

Зариф Сафаров, раиси комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Фирдавсӣ – 1, дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ комиссияи ҳавзавӣ дар ҳудуди ноҳия 40 комиссияи участкавии раъйпурсиро ташкил ва айни замон бо маводи дастурӣ, тарғиботӣ ва коргузорӣ, инчунин қуттиҳои сайёр таъмин шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати омӯзиши зарурати тағйиру иловаҳо, қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин масъулони комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ, раисони маҳаллаҳо ва сокинони касбу кори гуногун дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиш моҳияти раъйпурсӣ бори дигар мавриди шарҳу тафсир қарор гирифта, тартиби иштирок дар раъйпурсӣ, риояи меъёрҳои қонуниву ахлоқӣ, ҳисоби бюллетенҳо, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон матраҳ шуданд.
Ба таъкиди Зариф Сафаров, роҳбарият ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ тасмим гирифтаанд, ки бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, собиқадорони меҳнат, иттифоқҳои касабаву ҷавонон чунин семинарҳои омӯзиширо пайваста доир намуда, корҳои тарғиботию ташвиқотиро тақвият бахшанд.
Айни замон дар ҳамаи комиссияҳои участкавии раъйдиҳии ноҳияи Фирдавсӣ тартибдиҳии рӯйхати раъйдиҳандагон дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад. Бино ба гуфтаи роҳбарияти комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Фирдавсӣ - 1, аз 6 майи соли ҷорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тартиби раъйдиҳӣ ва дастрасии хабарномаҳо ба раъйдиҳандагон шурӯъ мешавад.
Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 422

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед