logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ФОРУМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Имрӯз дар пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ кард. Ҳамоиши мазкур яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию таҳлилии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ буда, бо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Дар он 120 меҳмони баландпоя аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат дорад.

Сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдуллоҳи Раҳнамо перомуни аҳамият ва масоили дар ин ҳамоиши сатҳи баланд матраҳшаванда назари худро ба «Ҷумҳурият» чунин баён намуд:
- Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ниҳоди таҳлилӣ ва коршиносии ин созмон буда, бори дувум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вазифа ва ҳадафи ҳамоиш таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, таҳия ва пешниҳоди маводи босалоҳияти коршиносӣ, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини таҳлилию иттилоотии фаъолияти он мебошад. Яъне, Форуми СҲШ марказ ва мағзи таҳлилии ин созмон буда, заминаи таҳлили коршиносии ҳар як қарори қабулшаванда дар доираи ин ниҳодро фароҳам меорад. Ба дӯши созмон, ҳамчунин, таҳияи лоиҳаи барномаҳо ва стратегияҳои асосии рушд ва тавсеаи СҲШ гузошта шудааст.
Барои анҷоми чунин вазифаи муҳими байналмилалӣ, Форуми СҲШ марказҳои таҳлилии кишварҳои узв ва шарикони созмонро бо ҳам муттаҳид намуда, ҳамасола ҳамчун як ҳамоиши бузурги таҳлилию коршиносӣ дидгоҳ ва таҷрибаи кишварҳои созмонро баррасӣ ва ҷамъбаст менамояд. Маводи форум дар шакли мулоҳизаю пешниҳодҳо барои шиносоӣ ва тасмимгирӣ ба мақомоти роҳбарии кишварҳои иштироккунанда пешниҳод мешавад. Ҳамоиши Душанбе на танҳо барои кишварҳои узви СҲШ, балки тамоми минтақа як рӯйдоди муҳими сиёсию таҳлилӣ мебошад.
Дар ҳашт ҷаласаи ҳамоиши Душанбе, ки тайи ду рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад, масъалаҳои муҳиме, назири нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар мубориза бо таҳдидҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизми динӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои созмон, масъалаҳои истифодаи оқилонаи обу энергетика дар минтақа, рушди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту коммуникатсия, ояндаи ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ дар доираи Форуми ҷавонони СҲШ, дурнамои тавсеаи СҲШ ва ҳамкориҳои самараноки он бо созмонҳои дигари минтақавӣ мавриди таҳлилу баррасии мутахассисон қарор мегиранд.
Дар назар аст, ки коршиносон аз кишварҳои узви СҲШ омилҳои асосии рушди ифротгароӣ ва терроризм, сатҳ ва миқёси воқеии хатарҳои пешомада дар ин замина, роҳҳои муассири мубориза бо он, нақши Маркази зиддитеррористии СҲШ дар ин самтро омӯхта, дар мавриди нақши ин ниҳод дар ҳалли буҳрони Афғонистон ва зарурати  фаъолсозии гурӯҳи муштараки «СҲШ-Афғонистон» табодули назар намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ба узвияти худ дар ин созмон аҳамияти махсусан муҳим қоил буда, дар тамоми давраи мавҷудияти он ҳамчун яке аз аъзои фаъол шинохта шудааст. Баргузории нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе дар соли 2014 ва инак, баргузории Форуми ёздаҳуми ин созмон дар пойтахти кишварамон нишонгари обрӯи афзояндаи Тоҷикистон на танҳо дар доираи созмон, балки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
СҲШ имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун яке аз муассиртарин созмонҳои байналмилалӣ шинохта шуда, дар он Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узвият доранд. Ҳоло як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Беларус, Туркия, Афғонистон, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Непал ба унвони кишварҳои нозир ва ё шарикони муколама дар кори он ширкат менамоянд. Мувофиқи қарори сарони давлатҳои узви СҲШ, аз соли 2015, дар назар аст, ки ояндаи наздик барои узвияти Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Чунин таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ баёнгари аҳамияти бузург ва обрӯи афзояндаи СҲШ буда, баргузории форуми ин созмон дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо қадами дигаре барои тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қарору пешниҳодҳое, ки дар форуми Душанбе коркард ва қабул мешаванд, барои марҳалаи нави рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти ҷиддии назариявӣ ва амалӣ хоҳанд дошт.

Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 370

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед