logo

иҷтимоиёт

САРАТОНИ АТФОЛ ДАР ДАРАҶАИ АВВАЛ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ

Дар сохтори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ шуъбаи саратоншиносии кӯдакона фаъолият мебарад. Соли 2015 дар ҷумҳурӣ 2, 4 дарсад кӯдак, ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ, дар он ба қайд гирифта шудааст.

- Саратони атфол, асосан, ирсӣ мебошад, - мегӯяд Моҳира Умарова, мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдакона. - Сабабҳои дигари ба ин беморӣ дучор гаштани кӯдакон ин никоҳи хешутаборӣ, вайроншавии инкишофи эмбригионез дар батни модар ва вируси этимиологӣ (лимфомаи африқоӣ) аст. Агар волидайн дар марҳалаи аввали инкишофи беморӣ дар ҷисми кӯдак ба мо муроҷиат кунанд, муолиҷаи клиникии он натиҷаи хуб меорад. Таҷҳизоти замонавии ташхисӣ низ бемориҳои онкологиро дар дараҷаи аввали инкишоф хуб муайян мекунанд. Дар ин марҳила ба мо мутахассисони шуъба муолиҷаи бемор то 80 дарсад имконпазир мегардад. Мутаассифона, он кӯдаконе, ки дар шуъбаи мо муолиҷа мегиранд, ба дараҷаи чоруму панҷуми беморӣ гирифторанд, яъне волидайн хеле дер муроҷиат намудаанд. Дар ин ҳолат, албатта, табобат хеле мушкилӣ дорад. Ҳарчанд ки дар шуъбаи мо 90 дарсад ройгон аст, - меафзояд М. Умарова.
Дилафрӯз Орифова, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, ки фарзанди нахустинаш ба саратони чашм гирифтор аст, чунин арзи ҳол кард: «Вақти думоҳагӣ дар даруни чашмҳои духтарчаам ҳубобчаҳои шишагинро мушоҳида кардам. Бо маслиҳати табиби ноҳиявӣ ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона омадам. Онҳо пас аз ташхис ҷарроҳӣ намудани кӯдакро зарур шумурданд, вале ман аз он даст кашидам. Акнун дуюнимсола шудаасту ба ретинобластомаи ҳар ду чашм (дараҷаи 5 – ум) бистарӣ мебошад. Афсӯс мехӯрам, ки сари вақт ӯро ба муолиҷаи мутахассисони шуъба вогузор накардаам».
- Мо – масъулони бахши саратоншиносӣ аз сари вақт ба мо муроҷиат накардани волидайни кӯдакон ва аз табобати кимиёвӣ даст кашидани онҳо таассуф мехӯрем, - меафзояд М. Умарова.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 444

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед