logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ҲАМ ПАДИДАИ СИЁСӢ ВА ҲАМ САБАҚИ ТАЪРИХӢ

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор

Маълум аст, ки инсоният дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш туфайли ақл вазъияту падидаҳоеро тарҳрезӣ кардаю рӯи кор овардааст, ки онҳоро метавон ҳамчун омилҳои таъсиррасон ба ҳаёти инсонӣ ва рушди ҷомеа муаррифӣ кард. Чун бо инкишоф ёфтани ҷомеаи инсонӣ фазои он пуртаззод гашт, наметавон ҳамаи ин омилҳоро инкишофдиҳанда ва созанда муаррифӣ кард. Бо мурури замон ин омилҳо характери этникию миллиро пайдо карда, тобиши созанда гирифтани онҳо бо рушди илму фарҳанг дар ҷомеаи мушаххас вобастагӣ пайдо кард. Яке аз падидаҳое, ки онро метавон ҳамчун арзиши умумиинсонӣ баҳо дод, ин ваҳдат аст.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккури инсонӣ ва ақлу хиради солим буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушахассан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Инро мо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар маҷмӯъ, ваҳдат сармояи бузургест, ки бо сиёсат алоқамандии зич дорад. Маҳз ба воситаи ваҳдат дар амал татбиқ намудани манфиатҳои умумӣ таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, ваҳдат шакли махсуси муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, тамоми марҳилаҳои рушди инсониятро дар бар мегирад. Мавҷудияти чунин навъи муносибат имкон медиҳад, ки дар миёни одамон фаъолиятҳои муташаккил ва идорашаванда ба вуҷуд оварда шаванд. Зеро, дар ҷомеа ҳама вақт манфиатҳои фардӣ ва гурӯҳие мавҷуданд, ки танзими онҳо ба хотири барҳам задании шиддати иҷтимоӣ лозиманд. Ваҳдату оромии ҷомеа механизмҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷамъиятӣ танзим мегардад.
Воқеан ҳам, ваҳдат барои мардуми тоҷик асоси сиёсати имрӯза буда, яке аз воситаҳои дар амал татбиқ намудани сиёсати миллӣ ба шумор меравад.
Бояд қайд кард, ки ваҳдат падидаи иҷтимоию сиёсӣ буда, мавҷудияти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Махсусан, равандҳои сиёсии ҷомеа ва пайдоиши онҳо аз ваҳдату оромии ҷомеа вобаста мебошанд. Ваҳдату оромӣ ба тамоми шаклҳои фаъолияти инсонӣ таъсир расонида, дурнамои рушду нумӯи инсонро муайян менамоянд.
Умуман, мафҳуми «ваҳдат» фазои муайянеро фаро мегирад, ки метавонад маҳдуд ва ё васеъ бошад. Масалан, дар оила, раванди назорати инсон аз болои худ, дар коллективи меҳнатӣ, дар гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ ва монанди инҳо фазои маҳдудтарро ташкил медиҳанд. Аммо дар фазои сиёсӣ ваҳдати давлатӣ, ваҳдати динӣ, идеология, ташкилотҳои байналмилалӣ ва монанди инҳо фазои васетарро ташкил медиҳанд.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки ваҳдат дар замони муосир низ хусусияти ҷамъиятии худро нигоҳ медорад. Зеро дар амал татбиқ гардидани он аз ҷониби сохторҳои махсуси давлатӣ бо истифода аз воситаҳои меъёрҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва арзишҳои идеологӣ ба роҳ монда мешавад. Аммо, муайян намудани таносуби ваҳдати давлатӣ ва ҳокимияти сиёсӣ хеле муҳим аст. Ҳокимияти сиёсӣ мувофиқат ва мутобиқати қувваҳои иҷтимоӣ ва синфӣ мебошад. Зеро синфҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ дар ҷомеа таъсири амиқ доранд. Ваҳдати давлатӣ бошад, бевосита маҳсули ҳокимияти сиёсӣ мебошад ва он дорои хусусиятҳои сиёсӣ аст. Зеро давлат дар фаъолиятҳои ҳаррӯзаи худ ҳимояи манфиатҳои тамоми аҳолиро дар мадди аввал мегузорад. Баъзан ҳокимияти сиёсиро ҳокимияти давлатӣ гуфтан номумкин аст. Зеро дар баробари давлат, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, сарварони он, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигарон дар ҷомеа таъсири амиқ доранд. Ҳокимияти давлатӣ низ баъзан фаъолиятҳои ғайрисиёсӣ анҷом медиҳад, ки онҳо бо баъзе сабабҳо хусусияти сиёсӣ пайдо менамоянд.
Имрӯзҳо бисёр коршиносону таҳлилгарон ва муҳаққиқони илмҳои иҷтимоию сиёсӣ суоле пеш меоранд, ки ба даст овардани чунин як ваҳдати солим чӣ гуна ба тоҷикон муйяссар гардид?
Дар ин масъала метавон ду омилеро ёдрас намуд, ки барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд. Ба сифати омили якум вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони тозаистиқлол ва кулли давлатҳои собиқ шӯравиро метавон арзёбӣ кард. Он шабу рӯз миллати тоҷик масъалаи ҳаёту мамоти хешро ҳал мекард. Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам ҷараёнҳое пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва дар ин замина вуҷуд доштани давлатеро бо номи «Тоҷикистон» инкор кардан мехостанд. Яъне хатари бо дахолати аҷнабиён ва душманони таърихии тоҷикон аз байн бурдани давлати миллӣ ва пароканда кардани миллати тоҷик вуҷуд дошд. Маҳз дарки ҳамин вазъият тарафҳои мухолифро сӯи мизи музокирот кашид, ки натиҷаи он ваҳдати миллӣ гардид.
Омили дигари ба ваҳдати миллӣ мусоидаткунанда мавҷудияти фарҳанги ғанию таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон буд. Чун тарафҳои мухолиф хатари аз байн рафтани давлати миллии хешро дарк карданд, бешубҳа, метавон гуфт, ки бе давлати хеш мондани чунин як миллати қадимиро ор донистанд. Ин омиле буд, ки боиси бедор кардани худогоҳии миллӣ гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 529

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед