logo

фарҳанг

МУБАЛЛИҒИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ТОҶИК

Пас аз он ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ниёз ба муаррифии забон ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик барои аҳли башар ба вуҷуд омад.

Ин аст, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ аз ду нафар донишманди тоҷик, академик Акбар Турсон ва профессор Парвона Ҷамшед даъват шуд, то дар донишгоҳ ва марказҳои илмиву фарҳангии иёлоти гуногуни ИМА, аз ҷумла дар Чикаго, Сиетл, Лос - Анҷелос, Хюстон, Вашингтон ва Ню - Йорк, оид ба таъриху тамаддун ва эҳёи миллии тоҷикон суханронӣ кунанд. Ва онҳо ин вазифаи пурмасъулиятро бо муваффақият анҷом доданд ва бад-ин восита доираи васеи зиёиёни хориҷӣ бо расму оин ва тамаддуни тоҷикӣ ошно гаштанд.
Парвона Ҷамшед солҳои 90-уми садаи ХХ бо даъвати дӯстон дар Донишгоҳи Лондон - School of oriental and African Studies чун профессор дарс гуфта, дар донишгоҳи USLA дар Лос - Анҷелос маърӯзаҳо аз таъриху тамаддуни ориёӣ хондааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва маводҳои илмии ҷамъоваришуда, ду китоби боарзиш, «Аз Пешдодиён то Сомониён» ва «Аз Сомониён то замони ҳозира»-ро (2000) навишт. 
Ӯ аз соли 1996 инҷониб профессори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аст.
Фарҳанги англисӣ ба тоҷикӣ ва тоҷикӣ ба англисӣ, ки ӯ дар муддати 10 сол мураттаб намудааст, 60 000 вожаи англисиву тоҷикиро фаро гирифта, аз назари илмиву пажӯҳишӣ дар доираи луғатнигории англисиву тоҷикӣ камназир аст.
Ба ҷуз ин ҳама, бо оқои Масъуди Миршоҳӣ раиси Анҷумани Рӯдакӣ, ки қароргоҳаш дар Париж аст, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар бораи тамаддуни тоҷикон симпозиуму конфронсҳои илмӣ созмон дода, дар муаррифии мардуми  тоҷик кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Парвона Ҷамшед, ки қаблан унвонҳои  корманди шоиста ва аълочии маориф ва илми Тоҷикистонро мушарраф гашта буд, соли 2015 барои хизматҳояш дар роҳи  рушди илм ва муаррифии ориёнажодон дар арсаи ҷаҳон бо Ҷоизаи Фарҳанги Манучеҳрӣ сарфароз гардид.
Метавон хулоса кард, ки профессор Парвона Ҷамшед дар Тоҷикистон мактаби илмии омӯзишу пажӯҳиши қиёсиву сохтории забонҳои русиву тоҷикӣ ва англисиро пойдор намуда, ин ҷанбаи илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ, таълифи барнома ва воситаҳои таълимӣ равнақ медиҳад.
 Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 583

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед