logo

фарҳанг

АЛОМАТҲОИ КИТОБАТӢ БОЯД ҶОЙГОҲЕ ДОШТА БОШАНД

Ба озмуни «Ҷумҳурият»
Вақте ки қоидаҳои имлои навро қабул карданд, интизории мо бештар аз он буд, ки дар таркиби он бобе ба мавзӯи “Пунктуатсия (гузоштани аломатҳои китобатӣ)” бахшида мешавад. Вале ин тавр нашуд.

Аломатҳои китобатӣ - инҳо, аз рӯи гуфтаи нависандаи рус А. П. Чехов, “нотаҳои хониш” буда, дар масъалаи фаҳмидани матн ба мо ёрӣ мерасонанд, фикрҳои моро ба самти муайяннамудаи муаллиф равона месозанд.
Пунктуатсия ҳамчун василаи ба қисматҳо ҷудо кардани нутқи хаттӣ аз нигоҳи маъно, сохтор ва оҳанг (интонатсия) хизмат мекунад. Чунин бармеояд, ки ба қисматҳо ҷудокунии матн бо ёрии аломатҳои китобатӣ барои ба хонанда расондани маъное, ки нависанда тасаввур мекард, мусоидат менамояд. Ин бошад, дар навбати худ маънои онро дорад, ки нависанда ва хонанда бояд аломатҳоро яксону якгуна бифаҳманд, яъне дар эҷод ва дарки матн аз рамзи ягона истифода баранд.
Дар қоидаҳои имлои нав низ дар хусуси мавқеъ ва манзалати аломатҳои китобатии нуқта, ду нуқта, се нуқта, вергул, нуқтавергул, хитоб, савол, қавс ва қавсайн, нохунак, тире ва дефис, рақамҳои ҳамчун дараҷа навишташаванда, тарзи навишти муколама,  ҳолатҳое, ки аломати нуқта гузошта намешавад, дар кадом вақт бо сархат сар кардани ҷумла,  асосҳои дар назм бо ҳарфи калон навиштани саршавии мисраъҳо меъёру аҳкоме вуҷуд надоранд.
Яке аз аломатҳои китобатӣ хитоб мебошад. Дар мавриди кор фармудани ин аломати китобатӣ имрӯзҳо баъзе андешаҳои нуқсноку нокомил рӯи кор омадаанд. Иддае чунин гумон доранд, ки аломати хитоб гӯё ифодакунандаи дағалию дуруштӣ, тезиву тундӣ аст. Дар асл ин тавр нест. Ҳар як аломати китобатӣ таърихи худро дорад; аломати хитоб низ. Аломати хитоб аз ифодаи «note of admiration» (аломати таҳайюр) пайдо шудааст. Аз рӯи яке аз назарияҳо вай аз хитобаи лотинии «Io», ки ифодагари шодию хурсандӣ буд, пайдо шуда, аввалҳо дар охири ҷумла ҳамчун нидои муқаррарӣ навишта мешуд, вале баъд барои ихчамию муҷазӣ ҳарду ҳарфро болои ҳам гузошта, дар шакли рамз якҷоя карданд (!).
Аломати хитоб на танҳо хусусияти ҳаяҷоноваронаи хабар, балки қатъӣ будани нияту орзуро низ нишон медиҳад, шаклҳои таъсирноку ҳаяҷоновари тобишҳои гуфторро бо ифодаи миннатдорӣ, табрикгӯӣ, хайрухуш, бахшишпурсӣ ва ғайра, инчунин муроҷиатҳое, ки ифодакунандаи кайфияту эҳсосанд (шодию хурсандӣ, тааҷҷуб, таҳайюр, таваққуъ, тафохур, эҳсосоти қавӣ, таънаю маломат, тарсу ҳарос, тезиву тундӣ, оташинӣ, ҳаяҷону изтироб ва ҳоказо), баён менамояд.
Пешниҳоде дорем, ки барои таҳия ва тадвини Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи вижае ташкил шуда, тамоми  нофаҳмиҳои   ҷойдоштаро аз миён бардорад ва ба мушкилоту баҳсҳои бебунёд нуқта гузорад.

Усмоналӣ ХОЛИҚЗОДА,
прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 2375

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед