logo

ҳуқуқ

НОМУС ВА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ

Ғозибек САФАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Файзобод

Дар раванди ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ масъулияти ҳар яки мо, ҳамчун ватандори асил, дар ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият боз ҳам бештар мешавад. Яъне, мо - халқи шарифи Тоҷикистон бояд сарҷамъу муттаҳид ва ҳушёру огоҳ бошему барои пойдории сулҳу суботи кишварамон содиқона ва софдилона хизмат намоем.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳушёриву бедории сиёсиро талаб мекунад. Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротгаро мехоҳанд бо ҳар роҳ ҷавонони нодону гумроҳро пойбанди андешаҳои носолиму иғвоангези хеш созанду ба дасташон силоҳ диҳанд, ки оқибати фоҷиабор дорад. Дар ин раванд мо бояд бетараф набошем. Вақти бештари худро барои дуруст дарк кардану огоҳ будани мардум, бахусус насли наврас равона созем. Онҳо бояд таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, оқибатҳои номатлубу даҳшатбори пайвастан ба гурӯҳҳои террористиву  ифротиро ба хубӣ дарк кунанд.
Дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум, амнияти давлату миллат бояд аз овони хурдӣ, шурӯъ аз оила, сипас боғчаву мактаб ба насли наврас омӯзонда шавад. Бо мисолҳои мушаххас дар бораи таъриху тамаддуни тоҷикон, корномаи фарзандони барӯманди миллат нақл намоему дар шуур ва зеҳни онҳо худшиносии миллиро бедор кунем. Ва, албатта, худшиносии миллӣ ва дӯст доштани ин сарзамини муқаддас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри ваҳдати тоҷикон, пеш аз ҳама, бояд аз хонавода, яъне, муҳити солими оила сарчашма гирад. Барои мардуми мо, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронда, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат аст. Мо набояд бори дигар ба хатоӣ роҳ диҳем, нагузорем, ки шахсони хоину манфиатҷӯ халқи моро, бахусус ҷавононро гумроҳ созанд.
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бори дигар эҳтиром ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт, ки ин ҳама бори дигар масъулиятамонро дучанд месозад. Мутаассифона, имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд оромиву сулҳу суботи дигар кишварҳоро халалдор сохта, ҷавононро гумроҳ ва ояндаи дурахшони давлатро тира гардонанд. Вале  халқи сарбаланду хирадманди мо ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки шахсони бадхоҳу нотавонбин ба ниятҳои нопоки худ расанд. Мо бояд ҳамаҷониба талош кунем, то насли ҷавони мо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани Ватани азизамон - Тоҷикистон ба воя расанд ва фардо фарзандони содиқи ин сарзамини биҳиштӣ бошанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 501

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед