logo

иҷтимоиёт

САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ. АЗ МУДҲИШТАРИН ФОҶИАИ ТЕХНОГЕНӢ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

Сӣ сол қабл - 26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи барқи атомии  Чернобил фалокате рух дод, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи инфиҷор дар блоки чоруми истгоҳ моддаҳои радиоактивӣ ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн шуданд. Ин фалокат ба қисмати миллионҳо нафар сокини Украина, Беларус, Русия ва дигар кишварҳо таъсири фоҷиаборе дошт.

Дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил  1900  нафар тоҷикистониҳо низ иштирок доштанд.  Тавре ки  Давлатшо Соҳибов,  раиси созмони ҷамъиятии  «Иттифоқи Чернобил» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, иброз дошт, барои бартараф кардани оқибатҳои садама дар рӯзҳои аввал беш аз чил мошини оташнишонӣ, 300 корманди милитсия, инчунин коршиносони илмӣ, муҳандисон ва кормандони соҳаи тиб сафарбар шуда буданд. Сипас, шумораи зиёди одамон ва техника ҷалб гардид.
Мушкилиҳои вобаста ба оқибатҳои фоҷиаи Чернобил барои наслҳои оянда низ аҳамияти худро гум намекунанд. Зеро чунин фалокатҳо маҳалҳои зарардидаро дар давоми даҳсолаҳо ба минтақаҳои хавфноку буҳронӣ табдил медиҳанд. Мардонагию шуҷоат ва фидокории садҳо ҳазор бартарафсозандаи оқибатҳои садамаи НБА-и Чернобил дар ёдҳо боқӣ хоҳанд монд. Зеро онҳо ҳаёт ва сиҳатии худро зери хатар гузошта, паҳншавии минбаъдаи партовҳои ҳалокатовари радиоактивиро пешгирӣ карданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ оқибатҳои садамаи Чернобил ҳамоно ба ҳаёти сокинони кишварҳои зарардида таъсири манфӣ мерасонанд.
Вазифаи муҳимтарини рафъи оқибатҳои фалокати НБА - и Чернобил барқарорсозии маҷмӯии радиатсионӣ ва иҷтимоию иқтисодии маҳалҳои заҳролудшуда, рушди иқтидори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои зарардида ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, дар ин самт тадбирҳои муҳиму судманд ба роҳ монда шудаанд. Дар робита Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даҳсолаи савуми баъди садамаи Чернобил, яъне солҳои 2006 - 2016 - ро Даҳсолаи барқарорсозӣ ва рушди устувори минтақаҳои зарардида эълон сохт, ки татбиқи он ба ҳалли мушкили ба ҳаёти  мӯътадил баргардондани сокинони аз садама зарардидаро то ҷое ҳал намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар сол аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист ба  иштирокчиёни  садамаи Чернобил низ ёриҳои тиббию иҷтимоӣ ва молиявӣ расонда мешаванд. Гузашта аз ин, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 26 апрел ҳамчун Рӯзи чернобилчиён қайд мешавад ва дар доираи он ба иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи мудҳиш ғамхории махсус зоҳир мегардад.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2016    №: 83    Мутолиа карданд: 541

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед