logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЧАРО ДУ ГӮШ?
Мо ба он, ки ду гӯш дорем, одат кардаем. Вале бар он наандешидаем, ки чаро ду гӯш.
Гап дар сари он аст, ки ҳар як гӯш вазифаи хоси худро дорад. Як гӯш худи овозро мешунаваду гӯши дигар самти онро муайян менамояд.
Барои гӯшҳо муҳим нест, ки кадомаш чӣ вазифаро иҷро мекунад. Ва худатон низ мустақилона ба муайян намудани гӯши шунаванда ва самтмуайянсозанда напардозед. Инро муайян кардан хеле мушкил аст. Худи гӯшҳо низ ба таври универсалӣ сохта шуда, ҳар кадомашон метавонанд ин ду вазифаро озодона иҷро намоянд.
Вале, агар мабодо, як гӯш кар шавад, гӯши дигар аз иҷрои ҳарду вазифа баромада наметавонад. Чун шунидан аз муайян намудани самт муҳимтар аст, гӯши солим мешунаваду самтро дақиқ карда наметавонад. Бинобар ин, касони як гӯшашон кар ҳамеша ба тарафи овоз кӯшиши гардондани гӯши солимашонро менамоянд. 
Дар мавриди чашмҳо низ чунин аст. Як чашм ашёро муайян месозаду чашми дигар масофаро дақиқ мекунад. Агар як чашм набинад, чашми солим ашёро муайян карда, масофаро сарфи назар месозад. Аз ин ҷост, ки аксари одамони як чашмашон кӯр дар муайян кардани масофа мушкилӣ мекашанд.
Н. АБДУЛЛО

 


Дейл КАРНЕГӢ
КАРНЕГӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД, КИ ИМРӮЗ ЗИНДАГӢ КУНЕД
Чизи нахустине, ки шумо дар бораи ташвишу ҳаяҷон бояд донед, ин аст: агар хоҳед, ки бонги хатарро аз худ дур созед, аз ҷаноби Уилям Ослер ибрат гирифта, гузашта ва ояндаро аз ҳам бо  дарҳои оҳанин ҷудо намуда, дар дохили ҳамин рӯз зиндагӣ кунед. Ин суолҳоро аз худ пурсед ва ба онҳо посух диҳед:
1. Оё ман аз ташвиши фардо кори имрӯзаамро қафо мепартоям ва дар бораи «Боғи афсонавие, ки аз як кунҷи уфуқ нимнамоён аст», орзу менамоям?
2. Оё ҳаётамро аз он чӣ, ки гузашт ва бебозгашт рафт, душвор месозам?
3. Оё ҳар пагоҳӣ хурсандона бо қарори қатъӣ дар тӯли ин 24 соат зиндагӣ кардан аз хоб мехезам?
4. Вақте дар навбати аввал дар бораи имрӯз меандешам, оё аз ҳаёт бештар баҳра мебарам?
5. Барои иҷрои ҳамаи ин тавсияҳо аз кай сар мекунам? Аз ҳафтаи оянда? … Аз пагоҳ?... Аз имрӯз?...
Беҳтарин омили ба фардо тайёрӣ дидан, тамоми қувваро барои ба таври олӣ иҷро намудани вазифаҳои имрӯза равон кардан аст.
Нозир ЁДГОРӢ, тарҷума аз русӣ

 

ТАВСИЯ - 2
Ё КАЛОНЗОД УСТУХОН НАДОРАД
Дӯстони арҷманд, устодон ва профессорони муҳтарам ва ҳамаи ин ҷо нишастагон! Ман, ҳамчун апонент, кори номзадии Сӯҳроб Калонзодро пурра мутолиа намудам. Бояд иқрор шавам, ки солҳост Сӯҳробҷонро чун донишҷӯву  аспиранти боистеъдод мешиносам ва имрӯз, баъди мутолиаи рисолаи номзадияш бори дигар ба ҷаҳонбинӣ ва дониши пухта доштани ӯ бовар ҳосил кардам. Калонзод дар ҳаллу фасли мавзӯъ бениҳоят заҳмати зиёд ба харҷ дода, онро то майдатарин ҷузъиёташ эҷодкорона сайқал додааст.
Бинобар ин, бори дигар хоҳиш мекунам, ҳангоми  муҳокима ин кашфиёти олими ҷавон низ ба инобат гирифта шавад. Акнун сухане чанд дар хусуси имло ва тарзи навишти калимаҳо дар рисола. Ҳарчанд рисоларо аз нигоҳи танқид гаштаву баргашта варақгардон намудам, ягон ҷо калимаи ғалат ё аломати ноҷое наёфтам. Масалан, надидам, ки Сӯҳробҷон а ё о - и заданок гузошта бошад. Ӯ нағз медонад, ки и ва у заданок мешавад. Ё худ дар ягон калима и – и заданокро дар аввал ё дар мобайн нагузоштааст. И – и заданок ҳамеша дар охири калимаҳо омадааст.
Дар донистани мавқеи вергул ҳам Калонзод устухон надорад. Пайвандаки таркибӣ будани «вақте ки» - ро дониста ҳеҷ гоҳ байни ин ду калима вергул намондааст.
Ҷавони закӣ будани Сӯҳробҷонро аз тарзи навишти поварақ ҳам пай бурдан мумкин аст. Ҳар як адабиёти истифодашуда дар поварақ аниқ нишон дода шудааст. Тартиби поварақ чунин аст: ситорача, номи муаллиф, номи асар, ҷои нашр, соли нашр ва саҳифа. Мехоҳам ин ҷо як нуқтаи басо муҳимро хотиррасон намоям. Калонзод ҳама ҷо ба ҷои калимаи саҳифа ҳарфи "с" мондааст. Албатта, то ин дам шакли кӯтоҳшудаи саҳ – ро дида будем. Лекин бо як ҳарф ишора шудани онро шахсан худи ман бори аввал мебинам. Ин ҳам як навҷӯиву навоварии рафиқ Калонзод аст. Бале, навоварӣ. Зеро бо як ҳарф ишора кардан калимаи дурмадарози шашҳарфа ин аввалан аз сарфаи коғаз башорат медиҳад. Масъалаи коғаз бошад, ба ҳама маълум. Сониян, ҳарфи "с" ду хел хонда мешавад: ҳам саҳифа ва ҳам страница, яъне тоҷикӣ хоҳӣ, тоҷикӣ хону русӣ хоҳӣ, русӣ.
Хулосаи ман, рафиқон, чунин аст, ки рисолаи номзадии олими ҷавони умедбахш Сӯҳроб Калонзодро ҳамчун яке аз беҳтарин рисолаҳои даҳсолаҳои охир пиндошта, онро ба муҳокимаи шумо ҳавола мекунам ва боварӣ дорам, ки  шумо ба фикрҳои ман розӣ мешавед.
Ҳа, воқеан, рӯйхати адабиёти истифодашуда ҳам батартиб, аз рӯи алифбо сохта шудааст.
Гурез САФАР

 

МАҲР: АЗ САРИ АСП ТО МОҲИИ ШӮР
Маҳри занон дар гузаштаи на чандон дур аҷибу ғариб буд, ки баъзе то ҳол чун одат боқӣ монда.
Яҳудиён дар ибтидо чунин одат доштанд:
Агар ҷавоне мехост ки духтареро ба занӣ бигирад, чандин сол ба падари ӯ хидмат мекард. Ҳангоме ки хидматаш ба поён мерасид, бо иҷозати падари духтар онҳо оиладор мешуданд.
Маҳри арӯси ҳиндувони сурхпӯст дар Амрикои Шимолӣ сари асп аст.
Падари арӯси баъзе қабилаҳои Африқо аз ҷавон гӯсфанд ва чанд пӯсти бабр талаб мекунад.
Баъзе нодорони чинӣ ба сифати маҳри арӯс таоме медиҳанд.
Дар вилояти Контуни Чин қабл аз хонадоршавӣ ду хурӯс, ду кашк, чаҳор хук, даҳ моҳии шӯр ва як халта намак медиҳанд.
Дар қабилаи зулуи Африқо барои маҳри арӯс ду ё се барзагов мепурсанд.
Зангиёни соҳили ғарбии Африқо ба маҳри арӯс ду шиша шароб диҳанд.
Маҳри арӯс дар қабилаҳои Олмони қадим тилло ва нуқра буд.
Таҳияи Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

 


“МУЪҶИЗА”  ДАР ҶАЗИРАИ ЧИНДО
Дар бораи ҷазираи Чиндои Корея басо қиссаю афсона мавҷуд аст. Аммо дар он ҷо аҷоиботе низ ҳастанд, ки бо чашми сар метавон дид. Аз ҷумла “муъҷизаи Мӯсо”-ро.
Ҳар сол моҳҳои март - июн чанд маротиба ба муддати кӯтоҳ метавон шоҳиди бевоситаи ин муъҷиза шуд. Ҳангоми ҷазр байни Чиндо ва дигар ҷазираи на он қадар калони Модо оби баҳр ба ду тараф ҷудо мешавад ва дар қаъри аёнгаштаи баҳр “роҳ” пайдо мегардад, ки бо он пойро тар накарда гаштан мумкин аст. Масофаи як ҷазира аз дигараш тахминан 2,7 км, паҳнои “роҳ” 30 – 40 метр мебошад. Бо мадди об роҳ боз дар қаъри баҳр нопадид мешавад.
Таҳияи Х. ҶОВИД, «Ҷумҳурият»

 

АСРОРИ ГИННЕС
Сокини шаҳри Дублин Артур Гиннесс  соли 1759 дар назди дарвозаи Сент – Ҷеймс корхонаи хурди пивопазӣ кушод, ки ин корхона дар соли 1833 калонтарин корхонаи Ирландия гардид. Пасон, ширкати Гиннес соҳиби ду заводи калони пивопазии дигар гардида, ширкати калонтаринро ташкил дод.
 Соли 1951 ширкати «Вексфорд» зиёфате орост, ки дар он роҳбари ҳамонвақтаи ширкати Гиннес Хю Бивер иштирок дошт. Дар рафти суҳбат байни ҷамъомадагон баҳс дар бораи кадом як парандаи тездав мерафт. Он гоҳ фикре ба сари Хю Бивер омаду қарор дод, ки мебояд китоби махсусе ташкил кард, то ҳамагон тавассути он ба саволҳои худ ҷавоб гиранд. Крис Чэтуэй, собиқ варзишгари рекордсмен ва яке аз саҳмдорони ширкати «Гиннес Парк Ройал», ба Хю Бивер маслиҳат дод, ки барои ташкили чунин як китоби бузург бародарон Норрис ва Росса Макуиртерҳоро вобаста намояд, ки матбаае барои чопи ин китоб омода созанд.  Ҷамъоварии матлабҳои ғайриодӣ ва махсус 4 сол давом кард. Ниҳоят, 27 августи соли 1955 нахустин китоби «Рекордҳои Гиннес» дар ҳаҷми 198 саҳифа дастраси хонандагон гардид. Соли 1984 - ум 50 миллион ва соли 1994 - 75 миллион нусхаи китоб ба фурӯш баромад. Дар оғози ин садсола бошад, 100 миллион нусхаи  китоб дастраси хонандагон гардидааст. Китоби «Рекордҳои Гиннес» дар зиёда аз 40 давлати дунё бо забони англисӣ нашр гардида, ба 37 забони дунё тарҷума шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»

 

МУҲАНДИСОНИ РОМАНТИК
Билл Ҳюлитт ва Дейв Паккард, ду муҳандис, хатмкардаи донишгоҳи Стэнфорд, дар айни ҳол таъсисдиҳандаи ширкати дар ҷаҳон машҳур ба ҳисоб мераванд. Маҳз онҳо бо кушодани ширкат дар гаражҳо пояи суннатҳои аслии водии маъруфи силиконро гузоштанд. Билл ва Дейв ба фаҳмиши классикии калима бизнесмен набуданд, ҳарду пеш аз ҳама худро ба одамон тавре муаррифӣ мекарданд, ки барояшон аз тиҷорат дида робита ба мардум ҳамеша муҳимтар буд.
Паккард ва Ҳюлитт - ду муҳандиси бениҳоят боистеъдод тасмим гирифтанд, ки ҳаёти худро бо пешрафти техника пайванданд. Ҳамин тавр 1 январи соли 1939 ширкати «Hewlett - Packard» (НР) таъсис дода шуд. Дар солҳои сангини ҷанг ширкат худро ҳеҷ нишон дода натавонист.
Ҳама чиз баъди ба охир расидани ҷанги ҷаҳонӣ дигаргун шуд. Бисёр ширкатҳо он замон ғайр аз ширкати НР, ки он вақт ба кор гирифтани беҳтарин муҳандисонро оғоз намуда буд, ба ихтисори ҷойҳои корӣ шурӯъ карданд. Дар ширкат чунин тасмим гирифтанд: бояд беҳтарини беҳтаринҳоро гирифта, онҳоро бо коре, ки ҳақиқатан онро дӯст медоранд, таъмин созанд. Дар он сурат метавонанд ба комёбӣ даст ёбанд. Ҳамаи кормандони ширкат дар чунин шароит кор мекарданд - корҳоеро анҷом медоданд, ки дарвоқеъ ба онҳо писанд буд. Бар замми он, фикри онҳо ҳамеша, ҳатто ҳангоми ороиши биноҳои муассиса ба инобат гирифта мешуд. Чунин фазои осудаву озод ва хайрхоҳона дар ширкат ба кормандон имконият медод, ки ҳамаи қобилияти худро беандоза нишон диҳанд.
Тадриҷан тарзи нави роҳбарӣ дар натиҷаҳои фаъолият низ таъсир расонид, ширкат ба корпоратсияи бузург мубаддал шуд. Беҳтарин муҳандисони ИМА мехостанд дар корпоратсияи НР, ки маҳсулоти беназир истеҳсол мекард, фаъолият кунанд. Чунончӣ, аввалин калкуляторҳои илмиро, баъдтар аввалин маротиба дар ҷаҳон калкуляторҳои барномадорро низ маҳз ҳамин ширкат истеҳсол кардааст. Ширкат аз ҳама бештар дар бахши истеҳсоли принтерҳо машҳур аст.
Комёбии НР бевосита ба асосгузорони он алоқаманд аст. Онҳо дар дохили ширкат дуруст ташкил кардани сохтори онро тавониста, дар он романтикаи муҳандисиро амалӣ гардонданд. Онҳо саъю кӯшиш мекарданд, ки дар сурати тасмими нодуруст ва хато кардани коркунонашон онҳоро мазаммату сарзаниш накунанд. Ҳар корманд медонист, ки дар ҳаёти ширкат нақши намоёнро иҷро мекунад. Ҳатто ёвари аз ҳама хурди муҳандис аз ҳурмату эҳтиром бархӯрдор буд. Билл ва Дейв ҳамеша муносибати инсониро дар миёни кормандон аз ҳама чиз боло медонистанд ва дар ҳаққи кормандони худ ғамхорӣ мекарданд.
Ин чиз хеле ҳайратангез аст, ки ҳарду асосгузорони НР бо вуҷуди миллиардер будан зиндагии хоксорона доштанд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 

МӮЙИ КӢ ДАРОЗТАР?
Миёни бонувон аз ҳама мӯйи дарозро Кси Квининг дорад, ки зодаи Чин аст.
Дарозии мӯйи ӯ 5 метру 63 сантиметр мебошад. Вай онҳоро аз синни 13 – солагӣ нигоҳубин кардааст. Дар баъзе ҳолатҳо вазни гарони мӯй ӯро нороҳат месозад ва Квининг онҳоро бо асбоби махсус ҷамъ меоварад.
Шаҳрванди 44 – солаи Русия – Татяна бошад, кокулони 2, 70 метра дорад. Ӯ мӯяшро аз синни 9 – солагӣ набуридааст. Албатта, нигоҳубини онҳо  хеле душвор аст. Барои ҳамин ҳам Татяна мӯяшро се ҳафтае як маротиба мешӯяд. Мӯисаршӯи 4 соат давом карда, барои хушкондани мӯй ба ӯ 12 соат лозим меояд.
Дар қатори бонувон Наташаи 12 – сола низ мақоми баландро касб кардааст. Зеро бо қади 1,60 - метра кокули дарозиаш 1, 50 - метра дорад. Наташа Морайес де Андраде барои нигоҳубини кокулаш соле 600 доллар  харҷ мекунад. Оилаи Наташа дар аввал камбизоат буд, барои бо хонаи нав таъмин кардани аъзои оилааш ӯ мӯяшро тавассути шабакаи иҷтимоӣ ба фурӯш баровард, ки 5 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошт. Бо ин маблағ ӯ хонаи нав харид. Вале аз даст додани чунин мӯйҳои зебо барояш душвор буд, дар кошонаи ҳусн вай ҳангоми буридани мӯяш ашк мерехт. Новобаста аз ин, Наташа худро хушбахт меҳисобад, зеро тавонист ба хонаводааш ёрӣ расонад.
Ба парвариши мӯй на танҳо бонувон, балки мардон низ машғуланд. Тран Ван Хэй мӯйи дарози 6, 8 метра дорад, ки  давоми панҷоҳ соли умраш онҳоро набуридааст. Барои халал нарасонидан ӯ мӯйҳояшро дар бадан мепечонад. Тран  Вани 79 сола ба тиҷорат машғул аст. Ба гуфтаи ҳамсараш Тран бештар ба  истеъмоли    хӯроки серғизо ва гиёҳҳои шифобахш  машғул аст, ки боиси чунин мӯйҳои зебо гаштааст.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

 


ҶОСУСОНИ БОНАПАРТ
Император Наполеон на танҳо дар майдонҳои набард ғолиб мебаромад, балки дар ҷангҳои махфӣ низ дастболо мешуд, зеро ба разведка ҳамеша аҳамият медод.  Вақте ки ӯро аъзои Директория (ҳукумати Франсияи инқилобӣ) соли 1796 фармондеҳи амалиёти ҷангии Италия таъйин намуданд, афсари ҷавону ҳанӯз шуҳратнадоштаро генералҳо бо рӯи хуш хайрамақдам нагуфтанд. Ҳатто генерали нисбатан моҳир Массен ба генерал Стенжелу гуфт: «Фармондеҳи мо аблаҳест». Аз ин рӯ, барои Бонапарт разведка на фақат бар зидди душман ҷангидан, балки барои поидани генералҳояш низ зарур буд. 
Наполеон ҳамеша асиронро худаш мепурсид ва бисёр афсарони болаёқатро ба тарафи франсузҳо ҷалб мекард, ба онҳо пули калон ва мансабҳои баланд ваъда медод.
Бонкдор Халлери швейтсарӣ, ки бо вай ҳанӯз аз соли 1794 шинос буд, ба ӯ хизмати махсус мерасонд. Наполеон дар ёддоштҳояш оид ба шикастани қалъаи Караско чизе нагуфтааст, аммо маълум аст, ки Халлер бо пул қалъабонро харид ва ӯ дарвозаҳоро бе ҷанг ба рӯи аскарони Бонапарт кушод.
Ҷосуси дигари Наполеон шахси дар боргоҳи шоҳони Аврупо машҳуру баобрӯ Франческо Толӣ буд. Вай ба сарфармондеҳи артиши Австрия Мелас дар хусуси мавқеи франсузҳо ва шумораи онҳо маълумоти бардурӯғ дод. Дар натиҷа ӯ Бонапарт шикаст хӯрд. Аз рӯи маълумоти ҷамънамудаи Толӣ Бонапарт армияи нави австриягиҳоро бо сарварии генерал Вурмсер торумор кард. Рассом Биожӣ, ки Бонапартро дар юриши зидди Италия ҳамроҳӣ менамуд, дар ёддоштҳояш навиштааст, ки сарфармондеҳи франсузҳо ҳар рӯз ашхоси зиёди ношиносро ба ҳузур мепазируфт, ки дар байнашон хонумҳои зебо, рӯҳониён, афсарон, тоҷирон ва сарватмандон кам набуданд. Вай ба онҳо маблағи зиёд медод, аз ин рӯ, аз ҳамаи нақшаи душман сари вақт бохабар мешуд. Сафирони франсуз, роҳбарони ҷосусҳо, низ ба Наполеон дар хусуси кишварҳои Аврупо маълумоти пурқимат мерасонданд. Ба ситоди вай муттасил маълумоти муҳиму зарурӣ «мерехт».
Моҳи майи соли 1796, баъди муҳорибаи назди Лоди ва ғасби Милан Наполеон ба ҷойи идораҳои ҷосусии назди ситодҳои генералҳои алоҳида «бюрои махфӣ» таъсис дод ва Жан Ландре, фармондеҳи полки савораро сардор таъйин кард. Бюро ду шуъба дошт: умумӣ ва сиёсӣ. Шуъбаи сиёсӣ қаламрави ғасбшударо зери назорат мегирифт, ошӯбҳоро бераҳмона пахш мекард. Ба ин шуъба Галдӣ роҳбар буд. Вай аз ҳазор нафар зиёд ҷосус дошт, дар байнашон одамкушон, дуздон, роҳзанҳо, роҳибон, муҳандисон, хонумҳо, аз қабили графбонувон Албанӣ ва Уҷерӣ буданд. Ландре ҷосусонашро ба Неапол, Рим, Флоренсия, Турин, Венетсия, ба артиши Австрия, ҳатто ба Вена мефиристод. Ба ҷосусон маблағи зиёд медоданд. Гоҳо ба маълумоти онҳо худи Бонапарт бовар намекард, аммо баъди чанд вақт рост буданашон ошкор мегашт. Наполеон ҳам баъзан вақт дар назди ҷосусони дигар давлатҳо, ки онҳо аз фош шуданашон бехабар буданд, «маълумотҳои муҳими махфӣ» - ро гуфта мемонд, махсусан, дар назди графбону Палестрина, ки ҷосуси Австрия буд.
Ба ҳар кишваре, ки минбаъд Бонапарт лашкар мекашид, аввал ҷосусонаш мерафтанд ва барои ғалабаи осони Наполеон замина муҳайё мекарданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  «Ҷумҳурият».
Тарҷума аз русӣ

 


МУШКИЛИ КӢ?
Муш дар хона домеро (мушқапакеро) диду аз раҳмдилӣ ба мурғ ва гӯсфанду гов ҳам хабар дод.
Вале онҳо: «Қапқон мушкили туст, ба мо рабте надорад», - гуфта ба ҳолати муш аҳамият ҳам надоданд. Иттифоқо море дар қапқон афтод ва зани соҳибхонаро газид. Аз мурғ барои зан, ки чанд муддат бистарӣ буд, шӯрбо дуруст карданд, гӯсфандро барои аёдаткунандагон сар буриданд, говро бошад, дар маросими дафн куштанд.
Дар ин муддат муш аз сӯрохи девор ба ин ҳама бетарафона нигоҳ мекард. Вай дар бораи мушкиле, ки ба дигарон рабт надошт, ба андеша рафта буд.
Таҳияи Фаршеди МАРДОН,
«Ҷумҳурият»

 


САБАБИ ПИРШАВИИ БАРМАҲАЛИ ЗАНОН МУАЙЯН ШУД
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷи муайян карданд, ки занон бинобар рӯҳафтодагӣ аз норасоии маблағ тезтар пир мешаванд. Таҳқиқот дар ин мавзӯъ дар Sciencealert ба табъ расидааст. Мутахассисон нишондиҳандаҳои 100 афроамерикобонуҳои синни миёнаро бо усули омӯзиши ДНК – маркерҳои онҳо таҳлил карданд. Дар натиҷа, ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии пиршавии бемаҳал мушкилоти молиявӣ мебошад, ки занҳо бо он дар тӯли ҳаёташон бармехӯранд.
Занҳое, ки на бештар аз 4 ҳазор доллар маблағ ба даст меоранд, дар 68 дарсади ҳолатҳо ба пиршавӣ мувоҷеҳанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 70 дарсади занони даромадҳояшон аз 15 ҳазор доллар зиёд буда, дертар пир мешаванд. Зимнан, он намояндагони ҷинси латиф зуд пир мешаванд, ки на танҳо музди кам мегиранд, балки даромади бесубот (ивазшаванда) доранд. Онҳо нисбат ба ҳамсолони худ 5 - 6 сол калонсол менамоянд.
Бо назардошти ин, сирри ҷавонӣ хеле осон аст – даромади зиёд ва устувор.
Чанде пеш олимони канадагӣ муайян карданд, ки сирри дарозии ҷавонӣ дар варзиш аст. Тибқи маълумоти онҳо, пиршавии мушакҳои одамони миёнсол, ки аз ҷавонӣ ба варзиш машғул шудаанд, суст ҷараён мегирад. Агар ба он истеъмоли равғани моҳӣ низ илова шавад, пас таъсир назаррас хоҳад буд, итминон доранд олимон.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 


НАХУСТИН ФУТБОЛ ДАР ЗЕРИ РӮШНОИИ МАСНӮӢ
Сароғоз бисёриҳо футболро чун воситаи даромад меҳисобиданд ва  ба ин хотир, тааҷҷубовар нест, ки варзишгоҳҳо барои ҷалби мухлисон ҳанӯз аз қарни ХIХ мубориза мебурданд. Мушкили асосии варзишгоҳҳо дар ин самт тақвими ҳафтаи корӣ, ки аз панҷуним рӯз иборат буд, маҳсуб мешуд. Мардум рӯзҳои якшанбе ба ибодатгоҳҳо мерафтанд, бинобар ин, барои баргузории бозии футбол танҳо бегоҳиҳои ҷумъа ва шанбе вақт мемонду халос.
Вобаста ба ин, дар варзишгоҳи «Брэмолл – Лейн» дар Шеффилд бори нахуст соли 1878 рӯшноии сунъиро истифода бурданд. Он замон электрификатсияи ҳамагонӣ вуҷуд надошт, аз ин рӯ рӯшноиро дар варзишгоҳҳо лампаҳои поядор, ки динамо – мошинҳо ба воситаи двигателҳои буғдор ё батареяҳо ба кор медароварданд, таъмин мекарданд. 
Аввалин бозии расмӣ миёни дастаҳои «Арсенал» (Англия) ва «Хапоэл» (Исроил) соли 1951 дар варзишгоҳи «Хайбари»  зери рӯшноии сунъӣ сурат гирифтааст.


БОЗИИ «ЧАТУРАНГА» ШОҲМОТ НОМ ГИРИФТ
Бозии шоҳмот аз бозии бостонии ҳиндии «Чатуранга», ки дар қарни VI хеле маъруф буд, пайдо шудааст. Дар тарҷума аз санскрит он «чор воҳиди низомӣ» (пиёдагардон, аспсаворон, филҳо ва аробаҳо, ки дар шоҳмот нақши пиёдаҳо, аспҳо, филҳо ва рухро мебозанд) тарҷума шудааст. Дар асри VII, вақте ки ин бозӣ ба кишвари Форс расид, тағйири ном кард ва унвони шатранҷро гирифт. Баъдтар бо номи шоҳмот низ маъруф  гардид ва то имрӯз дар дунё  он шоҳмот – шахмат ном бурда мешавад.
Дар аввал муҳраҳои шоҳ ва фарзин дар ҳаракат мавқеи якхелаву доимӣ надоштанд ва дар тӯли таърихи бозӣ бештар аз дигар муҳраҳо тағйири амал кардаанд. Фарзин, сараввал мушовири шоҳ, сарвазир маҳсуб мешуд, вале баъдтар муҳраи қавитарини шоҳмот гардид. Дар оғоз он ба тарзи зовия аз рӯи як хонача ҳаракат мекард ва баъдтар дар ду хонача ҳаракат мекардагӣ шуд, сипас мисли асп ба бозӣ медаромад. Алҳол фарзин метавонад ба таври уфуқӣ, амудӣ ва зовиявӣ ҳаракат намояд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2016    №: 84    Мутолиа карданд: 755

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед