logo

иҷтимоиёт

НАҚБЗАН ЗАД НАҚБУ ДАР МАХЗАН РАСИД

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

(Очерк)
Моҳи декабри соли 1983. Бо омад - омади иди соли нави милодӣ ҳама дар такопӯ шуданд. Маъмулан, чун дигар донишҷӯён бо фаро расидани таътил ва истиқболи соли нав бору банд баста, худро ба канори шоҳроҳи ҷанубии пойтахт задам. Бо падид омадани таксии нахустин ба он нишастаму  даҳсӯмаи охирини лениниро бе истиҳола нисор кардам. Дил мехост ҳарчи зудтар, то намози шом, худро дар ҳавлии падарӣ - деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара гирам.
Ҳафтаи истироҳатӣ дар русто бо давутози пушти ҳотаву чашмаҳо, дидорбинии пайвандон, аҳлу байти хешовандон, ҳамсинфону ошноҳо гӯё дар як мижа задан поён ёфт. Бо дили нохоҳам боз рахти сафар бастам. Ҳини хайрбод қиблагоҳ гуфт:
- Умаралӣ, писарам, ҳаво сард аст, роҳи дур, бо худ ғизо гир, марди раҳ бе тӯша ба роҳ намебарояд.
- Хуб шудааст, - гӯён эшонро таскин бахшидам ва чашми падарро дуздонда, оҳиста бастаи нонро дар тоқчаи роҳрави хона гузоштам.
Қиблагоҳ дасти дуо бардошта, роҳи сафед талабид.
Дар саргаҳи кӯчаи «Шарқ» - и шаҳраки Данғара, шафати шоҳроҳ ду соатро гузарондам.  Мошинҳои гуногунтамға аз ҷониби Кӯлоб пури одам аз барам барқосо мегузаштанду касе парвои мани мусофирро намекард. Аз шамоли сарди дашт пойҳо ва баданам ба сӯзиш даромад. Палтои куҳна дигар ёрои гарм кардани баданро надошт. Ҷузвдон дар даст болои роҳ чун наваскарон ба ҷастухез даромадам.
Ниҳоят мошини «ЗИЛ» - и боркаши нави наве фашшосзанон наздам қарор гирифт. Ба Яздони пок шукри беҳад гуфтам. Ронанда маро дар паҳлуяш нишонд. Кабина гарм буд. Лаҳзае пас аз ларза мондам. Дар шафатам марди 40 - 45 - солаи олуфтасимое бовиқор менишаст. Риши кӯтоҳи қайчизадаи мошубиринҷ, ҷомаи беқасаби оҳарӣ ва маҳсии ҷилодору калӯши наваш ба ӯ мезебид. Фаши дастори хурдаш бари гарданаш ҳамоил буд. Пеши пояш корзинкаи хромӣ меистод. Аксар мардони роҳ он замон дар чунин ҷузвдон савғо, кулчаву ширинӣ, умуман ғизое ҷо дода, ба меҳмонӣ мерафтанд...
Дар дил ин ҳамсафари бехабару беандешаро маломат мекардам: «Одами калонсолу ақлаш тира, наход чунин ҷузвдони неъматро пеши по монӣ. Ҳайфи ҳамин фашу сика, ваболро надонад...».
Бо ҳам ошно шудем. Ронанда Хайриддин ном доштаасту ҳамсафарам мулло Тамкин.
Роҳ ба фароз бо душворӣ тай мешуд. Барфи яхча ба дама зада, фаъолияти дастгоҳи шишатозагари мошинро суст мекард. Ҳамин минвол,  деҳаи Себистон ва мавзеи фароғатии Сайёдро паси сар намудем.
То ба фарқи ағбаи Шар - Шар чор - панҷ гардиши дигар монда буд, ки моро нозирони роҳ боздоштанд. Маълум гашт, ки садама рух додаву ронандае бо ду ҳамроҳаш ба умқи дара паридаанд. Дар кунҷи дилам лаҳзае ғам хона кард.
Охир қариб ҳар ҳафта аҳвол ҳамин. Бахусус фасли сармо дар ин ағба садамаҳое, ки мешаванд, ҳисоб надоранд. Офарини модарони чашминтизор.
Роҳ батамом ях баставу мошинҳое, ки чархҳояшон занҷирпеч набуд, ҳамагӣ беҳаракат канортар қарор доштанд. Шамоли сарди тундрав барфи яхчаи болои роҳро чун кӯчарӯби бефикр башаст бод медод. Мошинҳои даррасида низ чун мӯрчаякон, пайи ҳам саф меоростанд. Иддае аз ронандаҳои бе  сабру тоқат ҳатто самти муқобилро ғав баставу ҳамаро саргаранг карда буданд. Садои ғолмағоли онҳо аранг - аранг ба гӯш мерасид.
Ронанда муҳаррикро хомӯш кард. Кабинаи мошин оҳиста - оҳиста сард мегашт. Вақт ба назарам тӯл кашид ва гӯиё чун марди таппос маро чап гирифта бошад. Ва парвои ҳоли зору низори ман надошт. Аз дигар сӯ ишкамам ба нағоразанӣ сар карда, гуруснагӣ сахт чу саги тозӣ думболгирам шуд. Бо тамоми неру фикрамро аз гушнагӣ мегурезондам. Аммо ба қавле «моргазидаро хоб мебараду гушнаро не».
- Эҳ кош, синаи ин кӯҳи назарбаландро мешикофтанду ин қадар азоб намекашидем, - оҳи бадарде кашида гуфтам, бефикру берабт.
- Банда ба умед, шайтон ноумед, гуфтаанд додар, - тақвият бахшид гуфтаамро ронанда. -  Дар  мамолики ғарб кайҳо боз нақбзанҳои чинӣ синаи садҳо чунин ағбаҳоро шикофта, роҳҳои чун кафи даст эъмор намудаанд.
- Ин гапҳоро рафта ба об гӯед, осон нест нақбканӣ, - нобоварона ва гилаомез гуфт марди олуфта.
- Чунин рӯз фаро хоҳад расид, агар мо набинем, ана ин додараки студентамон мебинад, - боварибахш ва қотеона таъкид кард ронанда.
- Дар хоби шабаш мебинад, нақбканӣ ин обчакорӣ нест. Барои иҷрои чунин нияту омол маблағи ҳангуфт зарур меояд. Ин кор имконнопазир аст, - по аз рикоб намеканд рафиқи муллосуратамон.
- Дери дер понздаҳ - бист сол пас синаи ин ағбаи гарданфарозро мешикофанд ва мебинем дар зарфи панҷ - даҳ дақиқа шуввӣ карда, аз он мегузаред, - илҳом гирифта, боз луқма партофтам.
- Ҳеъ, аз забонат асал резад, - хушнудона каф совид ронанда. Ва як силии рустамона сари китфам фаровард...
Ман ҳамоно бо ҳазору як умед ба он корзинкаи хромӣ дида медӯхтам. Ҳамзамон худро накӯҳиш медодам: «Сазои сарат, гапи одами калонро ба назари эътибор мегирифтӣ, ба ин ҳоли зор намеафтодӣ». Пеши рӯям он ду нони гарму зебои ҷилодори фахаки гандумранги пухтаи янгаи Парчамоҳ, ки дар рафи болои роҳрави хонаамон буд, ҷилвагар мегашт. Нонбардориро заҳмат пиндоштӣ, сазои одами беақл ҳамин аст. Бузургвор Шайх Саъдӣ барҳақ фармуда:
Вабол аст додан ба ранҷур қанд,
Ки доруи талхаш бувад судманд.
Аз миён тахмин ним соати дигар гузашт. Хомӯш интизори садои чураки нозири роҳ ноҷунбон менишастем. Бо чашмони нимкоф ба пуштмонаки нишастгоҳ сар монда, ба қавле пинак мерафтам. Ба дунёи хаёлот ғӯтавар. Ба гуфтор омадани ҳампаҳлуям маро ба худ овард...
- Бо иҷозаи шумо як ҳаво гирем, - гуфта, олуфта хам шуд ва эҳтиёткорона корзинкаашро болои пойҳояш гузошта, даст ба зиреҳ зад.
Дилам таҳ кашид, оби даҳонамро ба азобе фурӯ бурдам. Ана, андешидам ба худ, олуфта кулчаи ширмолеро мебарораду мегӯяд: «Маҳ студент, инро нӯши ҷон намову...».
Ҳамсафарам аз он макони умеди ман ду - се дона кулӯхи хушки мураббаи нӯгтезро гирифта, дари мошинро боз намуд. Лол мондам. Ронанда марди тақрибан сӣ - сивупанҷсолаи тануманди сабзина садои марғуладорашро сар дода, ба ҳоли зори ман қоҳ - қоҳ зада механдиду механдид. Аз ғояти ханда ашк аз дидагонаш ғел хӯрданд. Ниҳоят ӯ калидро тоб дода, муҳаррикро ба кор дароварду гуфт:
- Умаралӣ, бардачокро кушо, янгаат пагоҳӣ фатирхамири кори калон печонда буд.
Ва бо ангушти ишоратӣ сӯи бордонаки мошин ишора кард. Ва худ ҳамоно базавқ ва аз таҳти дил механдид.
- Раҳмат акаи Хайриддин, умри обро бинед...
- Ба умеди сумкаи хроми амаки олуфтаат нашав. Дар шаҳр ба қавли онҳо чунин кулӯхи мулоими сафедакро гӯё намеёфта бошанд.
-  Ака, хаёл кардам, ки дар корзинкааш кулча, нон ё ғизое дорад...
- Кайҳо боз эҳсос намудам,  ки «индикатор» - ат сурх шудааст, аммо сир бой надодам...
- Қабл аз роҳ баромадан, қиблагоҳ ду нон ва каме туту санҷиду чормағз печонда буданд, аммо онро бори гарон дониста, ҳамроҳ нагирифтам. Бачагӣ кардам, ҳоло бошад  аз карда пушаймонам.
- Ғам махӯр, ин сафар бароят дарс  хоҳад шуд...
- Ман - ку беақлӣ кардам, охир ин марди солорро чӣ бало дарёб намудааст, ки ҳамроҳ ақаллан як нон гирад...
- Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол, додар. Мо марди раҳем, доим дар сафар мегардем, - афзуд мусоҳибам.
 Ва аз халтачаи бари пуштмонак термоси сафеди оҳаниеро бароварда, дар даҳанаки он чойи гарм рехта, бо як пора наботи алмосранг муроот кард.
- Савоб...
- Нӯши ҷон шавад...
Ӯ ҳамоно механдиду механдид.
Олуфта аз қазои ҳоҷат баргашта, маро машғули ғизохӯрӣ дида гуфт:
- Ба бандаи ғариб ҳам ягон назар шавад.
Аз рӯймоли гулдӯзии пурнақшу нигор пораи нонеро ба ҳамсафар дароз кардам...
Роҳ боз шуд, мошинҳо бо оҳистагӣ пайи ҳам ба ҳаракат даромаданд. Акаи Хайриддин муҳаррикро ба кор дароварда, фармонро тоб дод…
Аз он воқеа  26 сол сипарӣ шуд. Мани донишҷӯ дар ин роҳи дуру дарози душворгузар тӯли ёздаҳ сол мокувор равуо доштам. Ва борҳо мошин наёфтаву шабро дар хонаи хешовандону ошноҳо рӯз кардам. Ҳамчунин, соатҳо дар подоману ағбаҳои Шар - Шару Чормағзак, дар сармову яхбандиҳо дармонда, аз хунукиву гуруснагӣ бедареғ ларзидаам. Ба ростӣ раҳпоӣ дар ин шоҳроҳ маро сахт дилгир карда буд…
5 октябри соли 2009. Аз булукоти Кангурт маро ба суре хонданд. Рахти сафар бастам. Аввал  ба ҷузвдон ду кулчаи фахакро ҷо намуда, ба истгоҳи мошинҳои кироя, сӯи бозори «Ганҷина» шитофтам. Расидан замон, ронандаи хушсимои тахмин 50 – 55 – солае сӯям садо кард:
- Биё додар, ту ҳамроҳи ман мешавӣ, курсии пешро бо боварӣ ва бароҳат ишғол кун. Аз афташ тарафҳои мо равонӣ.
- Ба чашм амак, - гуфта бе таҳпурсӣ ба мошин нишастам. Ӯ боз як нафари дигарро дар мошин нишонду халос.
- Роҳат карда равем, то ба Кангурт хеле роҳ аст.
Ронанда дуои сафарро хонду ба роҳ баромадем. Эшон худро муаррифӣ намуд:
- Номи ман бачаҳо Хайриддин, насабам Раҳим. Қариб чил сол ронандаам. Панҷ сол шуд, ки мошини боркашамро ба писари хурдиам пудус кардам. Шукрона мекунам, ду шербачаи дигар дорам. Онҳо дар неругоҳи «Сангтӯда - 1» кафшергар буданд. Корҳояшон ба сомон расид. Инак ҳашт - даҳ моҳ аст, ки ҳардуҳакашон дар неругоҳи «Роғун» заҳмат мекашанд. Аз пасандозҳои худ ва кумаки ҷигарбандонам ин мошини «Тойота» - ро гирифтем.
- Номи ман Умаралӣ, ноширам...
- Ман Мухтор ном дорам, донишҷӯи соли панҷуми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Бисёр хуб, акнун ошно шудем, - қаноатманд гашт ронанда.
- Худо ба ҳар як ҷавонмард фарзанди нек насиб гардонад, - афзудам ман.
- Додари ҷон, бачаҳои ман зӯранд. Мошини кори калон харида доданд. Хонаву дари обод дорам. Зиндагиам хубу шоиста аст. Онҳо дар хона зиқ нашавӣ гуфта, чунин рафторро лоиқ  донистанд. Худам ҳам одами омӯхта, дар як ҷо нишаста наметавонам...
 Ним соат пас, аз ҳудуди шаҳр берун шудем. Мошин ба низом ба пеш метохт. Дар қарибиҳои деҳаи Тезгар, шафати роҳ мӯйсафеде даст боло кард.
- Акаи Хайриддин, ҳамин мӯйсафедро ҳамроҳ гирем, савоб мешавад, - хоҳиш намудам ман.
- Ба ҷон бародар, ихтиёр дар дасти бахтиёр...
Мошин дар канори роҳ қарор гирифт. Мӯйсафед қасди ба рустои Кулон рафтан доштааст. Ӯро дар бари Мухтор нишондем.
-  Амакҷон саргардон метобед? - ҳамсафари навро ба гап гирифт ронанда.
- Ба Кулон равонаам, як сол пеш духтари кенҷагиамро ба як ҷавони кангуртӣ хонадор кардам. Дина шаб ҳамон духтаракам дар хобам  даромадааст...
- Духтар ширин - да, - гуфт ронанда. Исми шарифатон амак, - идома дод ӯ суханашро.
- Номам Тамкин, ватани бобоиям Мулоконии Сари Хосор. Ошноҳо маро Мулло ҳам ном мебаранд.
- Ҳамшаҳрӣ будаем...
Мулло ҷузвдони хроми рангкостае бо худ дошт ва онро пеши по монда, ба андеша рафт.
- Ҳмм, - нимғурма садо кард ронанда ва дам фурӯ баст.
Дар баромадгоҳи шаҳри Ваҳдат аз ронанда хоҳиш кардам, ки лаҳзае мошинро қарор диҳад. Аз нонвойхонаи шафати роҳ чор нони гарми нав аз танӯр кандаро харидам.
- Ҳа додар, дар роҳи дусоата нон гирифтӣ, - шӯхиомез пурсид ронанда.
- Дар роҳи сафар нон ҳамроҳи хуб аст, - пешдастӣ кард мӯйсафед...
- Дуруст. Ман аз даврони донишҷӯӣ, ҳар  гоҳи ба роҳ баромадан, бо худ нон мегирам.
- Одати хуб, - мамнунона садо кард ронанда. - Аз солҳои аввали корӣ ин пандро аз ронандаҳои собиқадор андӯхтам. Ту хаёл дорӣ, ки мо дар ин роҳ навсафарем, гиру бордонакро боз кун, - ишора кард сӯям ӯ.
Ман даст ба зулфаки бордонак бурдам. Дарвоқеъ, он ҷо дар рӯймоли гулдӯзие чор кулчаи гарм мехобид.
-  Кам нашавед.
- Ман додар 30 сол аст, ки бе нону кулчаҳои ширмоли янгаатон ба роҳ намебароям. Солҳои тӯлонӣ, тирамоҳу зимистон ва баҳорон ин амалро ҷоиз медонам. Ҳол он ки бо ин бодпои нозанин дар як зум ба чойхона ё ошхонае мерасӣ.
- Он даврон роҳ душворгузар буд, ҳоло роҳҳо тармим, нақбҳо канда истодаанд, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд Мухтор.
- Ҷони гапро гуфтӣ, студент, - бо аломати ризо сар ҷунбонд ронанда.
- Давлати Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани ҷумҳуриро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст. Аз ин рӯ, Ҳукумат бунёди нақбу пулҳо ва сохтмону азнавсозии роҳҳои мошингардро анҷом дода истодааст, - изҳори назар кардам ман.
- Барҳақ додар, ана дар арафаи ҷашни 18 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 30 августи соли 2009, нақби Шаршар кушода шуд. Хушбахтона, бандаи камтарин дар ин тантана ҳузур доштам. Дар ин маърака Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон суханҳои таъсирбахшу нишотангез гуфтанд. Аз хизмати шабонарӯзии Президент қоилам, на шаб қарор дораду на рӯз,  - изҳор дошт ронанда.
- Ағбаи Шаршар дар масири шоҳроҳи Душанбе - Кулма, дар оянда яке аз нақшҳои муҳиму асосиро мебозад. Бо ин роҳ робитаи нақлиётӣ миёни гӯшаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ дар тамоми фасли сол таъмин мешавад. Ҳамчунин, Тоҷикистонро бо мамлакатҳои дуру наздик мепайвандад, - гуфт Мухтор қаноатмандона.
- Дигар нақби Шаршар нагӯед, - эрод гирифт Мухтор. - Ба умеди пояндагии озодиву истиқлолияти ҷумҳуриамон бо пешниҳоди Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақби Шаршар аз 30 августи соли 2009 нақби «Озодӣ» ном гирифт.
- Қандата зан, студент, - аҳсан хонд мулло Тамкин...
Ағбаи Чормағзак. Аз посгоҳ поёнтар, дар сераҳа ба мо ишора намуданд, ки ба роҳи куҳна равед.  Ронанда фармонро тоб дод. Деҳаи Чормағзак ҳам паси сар шуд. Роҳ торафт вазнин мегашт. Бо ин роҳ беш аз бист сол боз нарафта будам. Роҳи мазкур кайҳо боз таъмирталаб гаштааст...
- Кош синаи ағбаи Чормағзакро ҳам мешикофтанд, - оҳи сарде кашида дил кафонд мулло Тамкин.
- Бе шаку шубҳа, ин нақша амалишаванда аст. Баъди таъмиру сохтмони роҳи Душанбе – Ваҳдат - Данғара, насиб бошад, навбати нақби Чормағзак ҳам мерасад, - боварибахш гуфт ронанда.
- Акаи Хайриддин дуруст мегӯянд. Таҷдиди шоҳроҳи Душанбе то ба сарҳади Чин, бо иштироки мутахассисону сохтмончиёни чинӣ ва оғоз гардидани азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдат - Данғара далели рӯшани густариши ҳамкориҳои ду давлати бо ҳам дӯст мебошад. Ба ин мақсад қариб 230 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд, - тасдиқ кардам сухани дӯстро.
Роҳи морпечи ағбаи Чормағзак ба поён омад. Дарёи Вахшро убур карда, бо пешниҳоди акаи Хайриддин болои кати сари шоҳроҳ осудем. Чою моҳӣ фармудем. Суҳбати ҳамсафарон аз нав қабои тоза ба бар кард.
- Шукронааш, чанде пеш азнавсозии роҳҳои Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ ва Дӯстӣ - Панҷи Поён сар шуд, - пиёла сари даст ҷуръае нӯшида, сухан оғоз кард ронанда.
- Ин қадар маблағро Эмомалӣ Раҳмон аз куҷо меёбад? Ин ҳамаро кай пас мегардонем? - ҳайрон иброз дошт мӯйсафед.
- Шумо, домулло, бепарво  бошед, ин маблағ қарзи бебозгашт аст. Холисанлиллоҳ, он аз ҳисоби ҳукумати Ҷопон пардохт мешавад, - тавзеҳ дод Мухтор.
- Қандаша занад Эмомалӣ Раҳмон, - каф совида ба гап ҳамроҳ шуд ронанда. - Аз соли 2000 - ум то ба имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ ба миқдори беш аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои гуногун таъмиру таҷдид гардида, роҳҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд. Ин маълумотро ман дирӯз аз рӯзномае мутолиа намудам.
- Хушбахтона, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе - Чанак, Душанбе - Кулма, Душанбе – Саритош - Ош, ки Тоҷикистонро бо давлатҳои ҳамсоя мепайвандад, суръати тоза касб  кардаанд. Дар саргаҳи Тоҷикистону Афғонистон якчанд пулҳои мошингард, аз ҷумла пули бузурги Панҷи Поён, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, - далел овардам ман.
- Шоҳроҳи Душанбе - Чанакро фаромӯш накунед, - таъкид кард ронанда. - Дар ин самт корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизондани нақбҳои «Истиқлол» - у «Шаҳристон» ва долонҳои зидди тарма бо суръати баланд идома доранд.
- Имрӯз аз ҳар як фарди ватандӯст тақозо мешавад, ки, пеш аз ҳама, манфиатҳои халқу давлатро афзал дониста, ба хотири ободии диёр, таҳкими иқтидори давлат ва осоиши мардум бурдборона заҳмат бикашад ва дар раванди созандагиву ободонии Тоҷикистони азиз пайгирона ширкат варзад, - маънидор дил кафонд мулло Тамкин.
- Офарин, кам нашавед, як омин гӯед, роҳро идома бахшем, - дархост намуд ронанда.
Панҷ - ҳафт дақиқа пас ба роҳи нави мумфарш, ки он моро сӯи нақб мебурд, расидем. Дар роҳи навсохт ҳам ҷон роҳат мекарду ҳам мошин азоб намекашид.
Ба нақби Шаршар ворид шудем. Фурӯзонакҳо, дастгоҳҳои ҳаводиҳӣ фурӯзон буданд. Дар назар гӯё мошин шино мекард. Убури нақб  ҳамагӣ 3 дақиқаро фаро гирифт.
- Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин нақб масофаи роҳи Душанбе - Кӯлоб 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он 40 дақиқа кӯтоҳ гардид, - гуфт мамнунона акаи Хайриддин.
- Ин ҳама заҳмат ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар зарфи се сол бо сарфи беш аз 130 миллион сомонӣ нақби 2223 - метра, 5 километр роҳи даромаду баромади он ва пули дарозиаш 180 - метра мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, - тавзеҳ додам ман...
- Ин қадар маълумотро чӣ хел дар майна ҷо медиҳед, ман ҳайрон, - изҳор кард мӯйсафед.
- Вазифадорем...
Аз нақб ба роҳат ва кайфияти хуб гузаштем. Акаи Хайриддин мошинро дар майдончае ғайринақшавӣ манъ кард ва худ ба берун баромад. Мо низ аз паяш рафтем.
Ӯ нахуст ба қуллаи кӯҳ, сипас сӯи обанбори неругоҳ дида дӯхт ва, сипас, бо фараҳ иброз дошт:
- Дар бадали се ҳафта роҳсозон қариб нисфи ду пораи теппаро аз фарқ то ба поён кандаанд, роҳаташон афзун бод.
-  Барҳақ, софдилона заҳмат мекашанд, - тасдиқ кард ӯро Мухтор.
- Тӯли фаъолият дар ин роҳҳо, бахусус дар подомани ағбаҳо, борҳо дармондаам. Аммо як воқеаи беш аз бист сол дар ин мавзеъ рухдодаро то ҳол пеши назар дорам.
- Канӣ шунавем - чӣ, - нидо кард Мухтор.
Акаи Хайриддин риштаи суҳбатро ба даст гирифт:
- Моҳи январ, аз Кӯлоб ҷониби Душанбе равон будам. Дар чорроҳаи    Данғара ҷавони 22 – 25 - солаеро бо палтои нимдошт ларзон дидам. Дилам сӯхт ба ҳолаш ва ӯро ба мошин савор кардам. Барф меборид, роҳҳо ях баста буданд. Дар ҳамин мавзеъ садама рух дода буду моро нозирон манъ карданд. Аз як тараф ҳавои сард, аз дигар сӯ гуруснагӣ ба студент ғолиб омада буд. Ҳамсафаре доштем солортар аз ӯ. Вай бо худ корзинаи рахтии наве дошт. Донишҷӯ гумон бурда, ки ҳамсафар дар ҷузвдонаш кулчаи ширмол ва ё фатирхамире дорад. Чанде баъд эшон қазои ҳоҷат баромад. Он вақт маълум гашт, ки ӯ дар ҷузвдонаш кулӯх доштааст...
Сабр аз даст додам, аз ханда қариб буд дилкаф шавам. Сари по нишаста механдидам.
- Чӣ, ту ҳамон донишҷӯӣ? - ҳайрон монд ронанда.
- Ҳа, ёфтед, ҳамон донишҷӯи гуруснамонда...
Мо каш гирифтем, чун бародарони солҳо дурафтода.
Диққати моро садои тап - тап задани сари зонувону ду лаби пур зи хандаи мӯйсафед ба худ овард. Ӯ низ, ба қавле, аз ғояти ханда пуштағелак мерафт. Китфони ришсафед маҳин - маҳин меларзиданд. Ниҳоят ӯ ба гуфтор омад:
- Эй ёрон, он ҳамсафари кулӯхдоратон манам...
Аз чунин вохӯрии ёдмон механдидему механдидем. Мухтор на ҳоли нишастанро медонисту на хандиданашро ва лолу ҳайрон ба ҳарсеи мо менигарист...Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2016, 9.05.2016    №: 84, 89    Мутолиа карданд: 754

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед