logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ СУБОТ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОНРО ҲИФЗ ХОҲАД КАРД

Тавре иттилоъ дода будем, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ин форум, ки 120 намояда аз 20 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард, нимаи аввали рӯзи 28 апрел ба кори дурӯзаи худ оғоз кард.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд нахуст Шарифӣ Азамшо Латифзод, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон ироа кард. Дар паёми худ Сарвари давлат меҳмононро ба сарзамини куҳанбунёд ва  биҳиштосои тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба кори форум барору комёбӣ таманно намуд. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба нақши СҲШ дар ҷаҳон ва нуфузи афзояндаи он таъкид карда, ҳамагонро ба иттиҳоду ҳамбастагии бештар ва татбиқи ҳадафҳои бунёдии созмон даъват намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми хеш, ҳамчунин, хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ дар доираи созмон шуда, изҳори бовар намудааст, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки сол ба сол обрӯи бештар касб менамояд, метавонад ҷиҳати таъмини субот дар ҳавзаи кишварҳои аъзо, минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, дар мубориза бо хатарҳои асри ХХI нақши муассир гузорад.
Зимнан, Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва ҷойгоҳи СҲШ - ро дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, бавижа терроризм ва ифротгароии динӣ мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкории самараноки ин ниҳодро бо созмонҳои дигари минтақавӣ мавриди назар қарор дод. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб ёфта, феълан аз ҷумлаи  аъзои фаъоли он шинохта шудааст. Баргузории нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе дар соли 2014 ва баргузории ҷаласаи ёздаҳуми форуми ин созмон дар пойтахти кишварамон нишони обрӯю эътибори афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо дар доираи созмон, балки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Евгений Пастухов, раиси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Қазоқистон, котиби илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати назди Хазинаи Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон - Пешвои миллат, ки мавзӯи таҳдиди терроризм ва ифротгароии диниро дар Осиёи Марказӣ матраҳ мекард, иброз дошт, ки Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти минтақа ва рушди устувори кишварҳои узв  нақши муҳим мебозад. Ин ниҳод бо созмонҳои байналмилалии гуногун, назири Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории доимӣ дорад. Дар давоми мавҷудияти худ собит намуд, ки аз уҳдаи дарёфти механизми ҳалли як қатор мушкилиҳои муҳими ҷаҳони муосир баромада метавонад. Гузашта аз ин, вақтҳои охир барои тавсеаи фаъолияти ин ниҳод заминаи воқеӣ фароҳам омадааст. Яъне, густариши ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва ҷойгоҳи нав касб кардани Созмони ҳамкории Шанхай дар раванди ҷараёнҳои геополитикӣ қобили тавсиф аст.
Ба андешаи Евгений Пастухов, буҳронҳои гуногуни ҳам характери иқтисодӣ ва ҳам хислати ҳарбӣ - сиёсидошта, ки дар ду соли охир ба мушоҳида мерасанд, метавонанд ба иқтисодиёти кишварҳои узви СҲШ, вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо таъсири ҷиддӣ расонанд. Раванди ташаннуҷи авзои сиёсӣ дар Шарқи Наздик тақозо менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ҷомеаи мо ба таҳкими амният ва сулҳу субот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
Дар ҳамоиш Ван Кайвен, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, Александр Лукин, директори Маркази тадқиқотии Осиёи Шарқӣ ва СҲШ - и МГИМО (У) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Дэн Сяосин, узви раёсати Маркази чинии омӯзиши Созмони ҳамкории Шанхай, Артур Голованов, намояндаи Кумитаи иҷроияи Маркази зиддитеррористии минтақавии СҲШ ва дигарон омилҳои асосии тавсеи ифротгароӣ ва терроризм, роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, нақши Маркази зиддитеррористии минтақавии СҲШ дар ин самтро таҳлил ва баррасӣ намуда, дар мавриди нақши ин ниҳод дар ҳалли буҳрони Афғонистон, таҳдиди терроризм ва ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Дар идомаи ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай коршиносон масъалаҳои асосии вобаста ба сиёсат, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ, ки дар фазои созмон ва муҳити байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, баррасӣ карда, барои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо хулоса, натиҷагирӣ ва пешниҳодҳои дорои аҳамияти вижаро таҳия намуданд. Дар анҷоми форум Қатънома ё Протоколи ниҳоӣ қабул гардид, ки дар он нуктаҳои муҳим ва хулосаҳои асосии кори форум дарҷ гардидаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2016    №: 84    Мутолиа карданд: 476

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед