logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 23 июни соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба идгоҳи асосии мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст. Мардуми меҳмоннавози ин шаҳр ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ дастархони идона ороста, намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро пазироӣ мекунанд.
Воқеан, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини сарзамини куҳанбунёди мо - тоҷикон буда, таърихи беш аз дуҳазору панҷсадсола дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази илму тиҷорат ва сарзамини ободу осуда тавсиф карда, онро тирози ҷаҳон номидаанд.
Хуҷанди бостонӣ имрӯз низ яке аз марказҳои саноатӣ ва илму фарҳанги кишварамон ба шумор меравад. Рӯди Сайҳун, ки аз байни он убур менамояд ва мо ҳоло дар соҳили он қарор дорем, табиати дилрабои онро боз ҳам зеботар ҷилвагар месозад.
Дар остонаи ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як силсила иншооти аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳим рамзи басо нек буда, аз вусъати тоза ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ шаҳодат медиҳанд.
Ифтитоҳи пули нави мошингард ва пиёдарав аз болои дарёи Сир аз ҷумлаи ҳамин корҳои нек ва рӯйдодҳои хотирмон буда, на танҳо ду қисмати шаҳри бостонии Хуҷандро ба ҳам пайваста, шиддати ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳои дохилӣ ва дигар пулҳои шаҳр коҳиш медиҳад, балки  дорои аҳамияти возеҳи байниминтақавӣ ва байналмилалӣ низ мебошад. 
Аз ин лиҳоз, ифтитоҳи ин сохтмони муосирро, ки идомаи татбиқи барномаи таърихии корҳои созандагиву ободонии кишвари азизамон мебошад, ба тамоми халқи тоҷик ва мардуми заҳматписанду меҳмоннавози Хуҷанд самимона табрик мегӯям.
Тавре ки шумо огоҳӣ доред, бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва нақбу пулҳо яке аз стратегияҳои Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Махсусан, дар шароити инкишофи равобити иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ ва зарурати таҳкими минбаъдаи мавқеи транзитии мамлакатамон ба меъёрҳои нақлиётии байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳу пулҳои қаламрави кишварамон аз ҷумлаи корҳои ниҳоят муҳим ба шумор меравад.
Мо дар доираи татбиқи ин ҳадафи муҳимтарини худ, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибиcтиқлолӣ бунёду азнавсозии як қатор роҳҳои оҳану мошингард ва нақбу пулҳоро анҷом додем.
Айни замон дар мамлакат бо ҷалби сармояи созмонҳои байналмилалии молиявӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо қариб ду миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ низ афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем.
Дар ин замина ҳоло бунёду азнавсозии роҳҳои мошингарди Шоҳон – Зиғар, Шкев – Зиғар, Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон - Чанак, Душанбе – Саритош - Ош, сохтмони нақбҳои «Истиқлол», Шаҳристон ва Шаршар босуръат идома дорад.
Дар ин муддат бо истифода аз маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар маҷмӯъ 1 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақб, 93 пул ва ба андозаи 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуда истодаанд.
Илова бар ин, мо корҳои омодагиро ба анҷом расонида, тасмим гирифтаем, ки вақтҳои наздик таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Қӯрғонтеппа – Панҷ, Душанбе – Турсунзода, Душанбе – Данғара ва сохтмони нақби Чормағзакро шурӯъ намоем.
Мақсади мо аз бунёди роҳҳову пулҳо таъмини  рафтуомади доимӣ дар дохили кишварамон, густариш додани равобити байналмилалӣ, яъне осон кардани мушкилоти рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли озоди молу маҳсулот ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам бо мамолики ҳамсоя ва ҷаҳон мебошад.
Ба ибораи дигар, таҷдиди инфраструктураи нақлиёт ва ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати роҳҳо ба мо имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои транзитии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил диҳем.
Дар ин самт мехоҳам аҳамияти роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд – Бӯстон - Чанакро  махсус таъкид намоям, ки ба ҷуз нақби Шаҳристон то охири соли 2009 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имконияти рафтуомади озодро дар ҳамаи фаслҳои сол фароҳам меорад.
Тибқи лоиҳа масофаи роҳи мошингарди Душанбе - Чанак  қариб 350 километрро ташкил дода, аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Мастчоҳ убур менамояд.
Бояд гуфт, ки дар ин шоҳроҳи аср дар баробари анҷом додани бисёр корҳои мураккаби муҳандисиву сохтмон, инчунин 15 пули хурду бузург сохта шуд, ки пули бузурги имрӯза аз болои дарёи Сир яке аз онҳо мебошад.
Ин иншооти муҳим дар муқоиса бо ду пуле, ки ҳоло соҳилҳои Сирдарёро ба ҳам пайванд месозанд, тӯлонитар буда, дарозияш 427 метр ва паҳнояш 8 метрро ташкил медиҳад.
Бунёди пули мазкур дар асоси шартномаи иловагии  татбиқи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак, ки сохтмони онро Ширкати сохтмони роҳ ва пулҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба зимма дорад, анҷом дода шуд.
Ширкати мазкур дар ҳудуди ин қитъа ба маблағи қариб 450 миллион сомонӣ корҳои таҷдиду сохтмонро мутобиқи меъёрҳои замонавӣ ва бо сифати баланд иҷро кардааст, ки, албатта, боиси қаноатмандист.
Тоҷикистон имрӯз дар роҳи ташкили иқтисоди бозорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ин раванд ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судмандро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсояи наздики худ - Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш медиҳад.
Чунонки шумо огоҳ ҳастед, ҳоло аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ лоиҳаҳои азими энергетикиву коммуникатсионӣ татбиқ шуда истодаанд, ки нишони возеҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои мо мебошанд.
Ҳамчунин бояд илова созам, ки дар навбати худ, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш дорад, ки ҷалби сармоягузории мустақимро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар минбаъд низ тавсеа бахшад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам миннатдории худро ба коргарону роҳсозон, муҳандисону мутахассисон, бахусус ҳамаи дӯстон аз кишвари ҳамсояи Чин, ки бунёди ин иншооти муҳимро бо суръат ва сифати баланд анҷом доданд, баён созам. 
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки маҳз бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар кишвари азизи мо барои оғози корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар марҳалаи кунунӣ, пеш аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муқаддасоти Ватан ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси истиқлолияти давлатӣ  мебошад, ки ин ҳама дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик  ифода мегардад.
Итминон дорам, ки мардуми заҳматписанди кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Суғд бо меҳнати ҳалол, дасту дили гарм ва нияти нек минбаъд низ ба хотири шукуфоиву осоиши Ватани азизамон саъю талош карда, дар татбиқи корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ниҳояти сухан бо итминон изҳор медорам, ки ин иншооти муҳим аз лаҳзаҳои аввалини ифтитоҳаш ба пули мустаҳкаму пойдори дӯстиву ҳамкорӣ табдил ёфта, дар оянда барои ҳалли мушкилоти мардум бевосита мусоидат менамояд. Ва пешниҳод менамоям, ки он пули «Ваҳдати миллӣ» номгузорӣ шавад.
 Бори дигар, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рӯйдоди воқеан хотирмон ва ҷашни хуҷастаи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба тамоми роҳсозону коргарон дасту бозуи қавӣ, тани сиҳат, азму иродаи матин ва дар амалӣ гаштани дигар нақшаҳои азим барори кор мехоҳам.
Ҳамчунин ба мардуми тоҷик ва сокинони вилояти шарафманди Суғд хушбахтиву хушрӯзӣ ва ваҳдати ҷовидона орзумандам.
Пирӯзу саодатманд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 560

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед