logo

иқтисод

«ТИМОГАР», «ТИМОСИН», «ТИМОФЕР» МАҲСУЛИ ЯК ОЛИМИ ТОҶИКАНД

Доктори илмҳои биология ва фармасевтӣ Ғуломқодир Бобизода дар илм кашфиёти зиёде кардааст. Вале исми ӯ бештар ҳамчун дорусоз маъруф аст. Дар натиҷаи синтези пептидҳо ба ӯ муяссар гардид, ки се доруи сатҳи ҷаҳонӣ – «Тимогар», «Тимосин» ва «Тимофер» - ро ихтироъ намояд.

Ҳангоми донишҷӯи факултети кимиёи Донишгоҳи миллӣ буданаш устодон меҳри бепоёни ӯро ба илм пай бурданд. Пас аз хатми донишгоҳ доктори илмҳои кимиё, профессор Ш. Холиқов Бобизодаро барои давом додани кори илмӣ ба кор даъват кард. Мавзӯи асосие, ки Ғуломқодир Бобизода ба он мароқ зоҳир намуд синтези пептидҳо буд.
Бо хоҳиши худаш чанде пас ӯро ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия, ба яке аз марказҳои илмию тадқиқотии ИҶШС барои азхуд намудани усулҳои ҷадиди синтези пептидҳо роҳхат доданд.  Дар ин ҷо таҳти сарпарастии яке аз олимони шинохтаи рус В. И. Дейгин  бисёр нозукиҳои масоили синтези пептидҳоро омӯхта, рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Пептид ин боқимондаи аминокислота мебошад ва дар он сафедаҳо хеле зиёданд.
Дар натиҷаи такмили усулҳои синтези пептидҳо доруи навтарини баэътидоловаранда ва тақвиятдиҳандаи системаи масуният «Тимоген» - ро ихтироъ намуд.  Соли 1992 корхонаи хурде (ҳоло ҶДММ «Занд») ташкил карда, дар он синтези пептидҳои хурдмалекула ва таҳияи маводи дорувориро ба роҳ монд. Доруи  «Тимосин», ки дар ҳамин ҷо ихтироъ шудааст,  хосияти зиддивирусиро низ доро мебошад. «Тимофер» барои барқарор намудани норасоии оҳан дар организм хизмат мекунад. Пасон, соли  2013 аз рӯи се намуди доруҳои навсохташ рисолаи докторӣ ҳам ҳимоя кард.
Ғуломқодир Бобизода дар навиштани китоби дарсии кимиё барои синфи 11 - и мактабҳои таҳсилоти умумӣ саҳм гузошта, 2 дастури таълимӣ роҷеъ ба таҳлилҳои формасевтӣ навиштааст. Ӯ барномаҳои таълимии «Таҳлили пайвастагии органикӣ», «Кимиёи биологӣ», «Методикаи таълими фанни кимиё», «Таърих ва методологияи кимиё», «Усули истифодаи воситаҳои биноӣ ва шунавоӣ ҳангоми омӯзиши кимиё», «Корҳои берун аз синф аз фанни кимиё» ва ғайраро омода намудааст.
Айни замон Ғ. Бобизода сарварии яке аз муассисаҳои калони илмӣ - Академияи таҳсилотро ба уҳда дорад. Ӯ ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони академия илми тоҷикро ба зинаҳои аз ин ҳам баландтар барорад.
Убайдулло РАҲИМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 484

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед