logo

иқтисод

РАШТУ ТОҶИКОБОД: АКНУН МАСЪУЛИЯТ ДУЧАНД АСТ

Мавсими кишту кори баҳорӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод босуръат идома дорад. Сокинони  ин ноҳияҳо имсол бештар ба соҳаҳои  боғдорию картошкапарварӣ машғуланд. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ низ шинондани дарахтони мевадиҳанда ва кишти сабзавот зиёд ба назар мерасад.
Мутахассисон саргармии сокинонро ба соҳаи кишоварзӣ натиҷаи Паёми илҳомбахш арзёбӣ мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ба заҳмати кишоварзони ҷумҳурӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфтанд:  «Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонда истодааст. Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намоям».
Ин баҳо масъулият ва ҳавасмандии кишоварзонро дучанд гардонд. Дар ноҳияҳои водии Рашт баҳор дар қиёс ба солҳои пешин бинобар  сабаби гарм шудани боду ҳаво пештар фаро расид. Кишоварзон софдилона меҳнат намуда истодаанд, то ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз ва таъмини амнияти озуқавории сокинони кишвар саҳми худро гузоранд.
Дар боғоти ноҳияҳои водии Рашт имсол чорабиниҳои нармсозии бехи дарахтон ва мубориза бар зидди зараррасонҳо дар сатҳи баланд гузаронда шуд. Аз боду ҳавои муносиб истифода бурда то имрӯз  хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Рашт 5 гектар  ва Тоҷикобод 3 гектар боғи нав бунёд намуданд. Абдураззоқ Саломов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт, ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки дар ноҳия 4000 гектар боғ бунёд шудааст, ки 3 гектари он боғи интенсивӣ мебошад.  Имсол  тибқи нақша дар масоҳати 69 гектар боғ, аз ҷумла 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 2400 тонна картошкаи тухмӣ захира гардида, зиёда аз 1000 тоннаи дигар ба ноҳия ворид мегардад.
Бино ба иттилои Қурбоналӣ Талбонов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод дар ноҳия 1200 тонна картошкаи тухмӣ захира гардидааст. Дар  заминҳои наздиҳавлигӣ низ мавсими кишту кор  идома дорад. Кишоварзони ноҳия аз боду ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ истифода бурда, дар маҷмӯъ 1076 гектар кишт ва 1382 гектар шудгор гузаронданд. Айни ҳол дар тараддуди барқарорсозии боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои нав қарор доранд. Тибқи нақша дар заминҳои лалмӣ 17 гектар боғи нав, аз ҷумла 3 гектар боғи интенсивӣ бунёд гашта, 8 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 511

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед