logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ СОТИМ УЛУҒЗОДА ДАР ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Мо ҳанӯз ҳам одат кардаем, ки  фақат аз бунмояҳои адабиёти миллӣ, ё худ бунмояҳои осори шоир ё нависандае, мисли ахлоқ, расму ойин, хулоса ҳар чизе ки хусусиятҳои хоси миллати моро таҷассум месозад, сухан ба миён оварем ва ифтихор кунем. Тобеияти тафаккури анъанавии таҳқиқи адабиёт гоҳо ба мо иҷоза намедиҳад, ки дар ин мавзӯъ фарохтар биандешем ва сарнавишт ва хидматҳои нависандаи миллиамонро дар матни воқеияти таърихӣ ва фарҳангии дирӯзу имрӯз арзёбӣ  кунем.

Сотим Улуғзода яке аз нависандагони бузурги миллии мост. Дар замоне ӯ эҷод кард, ки бисёре аз қаламкашон ҳувияти миллиашонро ғояҳои интернатсионализми пролетарӣ пинҳон медошт. Ба ифодаи дигар, фикр ва андешаашон ҳадафҳои мушаххаси миллӣ надошт. Завқашонро ба адабиёт ва фарҳанги бегона мутобиқ мекарданд. Дар ин равиш адабиёти мо бештар тобеи тафаккури бадеии ғайр буд. Дар таърихи адабиёти тоҷик ин тобеият натиҷаи фишорҳои сиёсӣ ва фарҳангии бегонагон буд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба тафаккури миллии мо таъсири манфӣ ҳам гузоштааст.
Вале буданд нависандагон ва шоироне, ки ҳувияти миллӣ ва махсусиятҳои тафаккур ва андешаи миллиашонро ҳифз карданд ва ба ин восита ба эҳёи ҳадафҳо ва ормонҳои миллӣ мусоидат намуданд. Яке аз адибоне, ки шахсият ва осораш аз оғози фаъолияти адабиаш саршор аз рӯҳия, ҳадаф ва ғояи миллӣ буд, Сотим Улуғзода мебошад.
Дар шароити имрӯза, ки ба ҷараёни маҳвшавии миллатҳо дар миён аст, мебояд ба шахсият ва осори нависандагони миллатпарастамон бо диди манфиатҳои миллӣ нигарем ва хидматҳои онҳоро барои миллат дар фаросӯи воқеияти имрӯз арзёбӣ кунем. Шахсият ва эҷодиёти  Сотим Улуғзода ҳамин гуна имконро барои мо фароҳам меоварад.
Улуғзода  боре гуфта буд: “Агар дар матбуот рӯзи тавлиди маро қайд кунанд ё накунанд, ман коре надорам. Вале мехоҳам, ки имрӯз ва пас аз сари ман низ асарҳои таърихии маро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд”. Ин, албатта пешниҳоди хоксоронаи нависанда аст. Дар асл сарнавишт ва ҳамаи осори ӯ барои миллати мо метавонад дарси таърих, сабақи худшиносӣ бошад. Дар ин замина корҳое сурат гирифта бошад ҳам, ҳанӯз кифоя нест.
Ҳодисаҳое, ки дар муҳити фарҳангии мо рух дода истодаанд, махсусан тамоюлҳои манфии бегонапарастӣ, ифротгароӣ,  интихоби номҳои ғайр, тағйири ҳувияти миллӣ ва ғайра моро вомедорад, ки бунмояҳои маънавиёти миллиро дар мисоли эҷодиёти ин нависанда аз дидгоҳи нав назар кунем.
Сотим Улуғзода худшиносии миллиро “донистани миллат аст таърихи худро” таъбир карда, афзуда буд, ки “мақсад аз рӯ овардани ман ба таърих ба таври бадеӣ таърихи халқамонро дарк кардан, бузургони гуманист ва тараққихоҳи гузаштаамонро, ки ифтихороти миллии моро ташкил мекунанд, ба халқамон аз тариқи дил ва ҳис, ҳамон тавре ки ман худ шинохтаам, шиносондан аст”.
Сотим Улуғзода, ҳамчунон ки худаш мехост ва худаш шинохта буд, ба эҳёи арзишҳои фарҳангии ҳувиятсози миллӣ, ки дар асри бист миллати мо қисман ё комилан аз даст дод, камар баст. Дар мақолаҳо ва осори бадеиаш ба эҳё кардани унсурҳои аслии ҳувиятсоз забон, адабиёт, таърих, расму ойин, тафаккури китобӣ ва ғайра пардохт.
Таърих дар ин боб, яъне ҳифзи ҳувияти миллӣ дарсҳои ибратангезе дорад. Суоле пайдо мешавад, ки  чаро таваҷҷуҳи Сотим Улуғзодаро маҳз ҳаводиси қарнҳои даҳ ва аввали садаи ёздаҳ ва сарнавишти шахсиятҳои таърихию фарҳангии он рӯзгор ба худ ҷалб кард? Маълум аст ки ин давра, яъне замони Сомониён, замони эҳёи суннатҳои миллӣ буд. Сотим Улуғзода ин давраро барои ифодаи андешаи худ мувофиқ ёфта, дар ин замина қиссаи “Ибни Сино” (1954), намоишномаи “Ҷавонии Сино” (1980), “Пири ҳакимони машриқзамин” (1980) ва ниҳоят романи “Фирдавсӣ” (1986) навишт, ки ҳар кадоме дар худшиносии миллии мо таъсири ҷудогона дорад.
Нависанда ин консепсияи  эҷодиашро идома бахшида, бо таълифи осоре чун «Рӯдакӣ», «Темурмалик» ва «Алломаи Адҳам» ва дигарон” тақдири шахсияти тоҷик, дифои манфиатҳои онро ҳадафи мавзӯъ ва мазмун қарор дод .
Эҳсосоти миллии нависандаи мо дар тамоми осораш ҷанбаи мусбат дошта, ҳадафаш эҳёи ҳувияти тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Чунин консепсияи идроки бадеии ӯро интихоби номҳо дар осораш, тасвири расму ойинҳои суннатӣ ва ғояи ормонҳои худсозии миллӣ таъ-йид мекунад. Дар интихоби номи шахсиятҳои осораш манфиатҳои таърихиву миллӣ назди ӯ эътибор доранд. Зикри номҳои меросии миллӣ дар осораш навъе намоди мазҳари рӯҳи тоҷикӣ аст, ки баҳрабардорӣ аз он худсозӣ ва худшиносӣ аст. Ба ифодаи дигар, Сотим  Улуғзода дар осораш ҳамеша ба худшиносии миллӣ бартарӣ дода, онро василаи эҳё ва ҳифзи нангу номуси миллат медонад.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 574

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед